Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар семинари омӯзишӣ барои мутахассисони омор

30 январ 2026, Ҷумъа
7


Дар пойтахти Туркия – шаҳри Анкара, дар мавзуи “Омори кишоварзӣ” бо иштироки роҳбарони мақомоти омори Тоҷикистону Туркия ва мутахассисони соҳа семинари омӯзишӣ оғоз гардид.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода семинари мазкурро заминаи муҳим барои таҳкими муносибату ҳамкории дуҷониба маънидод намуда, омодагиро оид ба таҳкими робитаҳои васеътар, ташкили барномаҳои муштараки соҳавӣ, табодули таҷриба ва тарбияи кадрҳо таъкид кард.


Таҷлили Сада бо расму оини аҷдодӣ
Дар шаҳри Исфара Ҷашни Сада бо анъанаю русуми аҷдодӣ, намоиши техникаву маҳсулоти кишоварзӣ ва бозиҳои варзишӣ таҷлил шуд.
Иброз гардид, ки эҳё ва таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёдамон, аз қабили Наврӯзу Тиргон ва Меҳргону Сада, иқдомест, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегарданд.
Ҷашни Сада ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав ва омодагии деҳқонон ба киштукори баҳорӣ мебошад.


Дар пойтахт гулгашти майор Мулло Нуров бунёд меёбад
Тибқи қарори МИМҲД шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Айнӣ-1, дар заминаи собиқ бинои раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, гулгашт бо муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров бунёд мешавад.
Тавре шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба фидокорӣ, садоқат ва хидматҳои шоистаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, барои наслҳои оянда намунаи ҷасорату мардонагӣ ва садоқату масъулиятшиносӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки майори милитсия Мулло Нуров ҳамчун корманди бозрасии давлатии автомобилӣ солҳои тулонӣ дар сафи мақомоти милитсияи пойтахт фаъолият намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, муносибати самимӣ бо шаҳрвандон ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи милитсия саҳми арзишманд гузоштааст.

Санаи нашр: 30.01.2026 №: 19