ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА INDUSTRY 4.0: ЛАҲЗАИ ТАЪРИХИИ ИНТИХОБ БАРОИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

30 январ 2026, Ҷумъа
13


(чанд пешниҳод дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Яке аз нуктаҳои калидии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парламенти кишвар инъикос ёфтааст, татбиқи зеҳни сунъӣ (ЗС) дар соҳаҳои идоракунии маъмурӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад. Ин раванд ҷавоб ба тағйироти амиқи иқтисоди ҷаҳонӣ буда, Тоҷикистонро дар назди интихоби сарнавиштсоз қарор медиҳад: ҳамқадам шудан бо иқтисоди рақамии ҷаҳонӣ, ки онро ба таври дигар инқилоби саноатӣ – Industry 4.0 ном мебаранд ё боқӣ мондан дар ҳошияи рушди технологӣ ва иқтисоди рақамӣ.

Таърих нишон медиҳад, ки на ҳамаи кишварҳо аз имкониятҳои инқилобҳои технологӣ дуруст истифода бурдаанд. Дар асри XVIII маҳз он давлатҳое, ки сари вақт ба инқилоби якуми саноатӣ – Industry 1.0 ворид шуданд, пояҳои бартарии иқтисодии дарозмуддати худро гузоштанд ва имрӯз аз кишварҳои тараққиёфтаи дунё мебошанд. Баръакс, кишварҳое, ки ин равандро нодида гирифтанд ё дер пайвастанд, солҳои зиёд дар ҳошияи рушди иқтисодӣ боқӣ монданд.
Имрӯз рушди зеҳни сунъӣ ё худ гузариш ба Industry 4.0 барои Тоҷикистон чунин лаҳзаи таърихии интихобро такрор мекунад. Ин на танҳо масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои нав, балки қарор дар бораи ҷойгоҳи кишвар дар занҷираи иқтисоди рақамии ҷаҳонӣ мебошад.


ТОҶИКИСТОН ДАР КАДОМ МАРҲАЛА ҚАРОР ДОРАД?
Айни замон Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз марҳалаи консептуалӣ ба марҳалаи устувори амалӣ ворид шудааст. Дар 4 – 5 соли охир заминаи сиёсӣ ва институтсионалӣ барои рушд ташаккул ёфта, зеҳни сунъӣ аз сатҳи ташаббусҳои ҷудогона ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шуд.
Қабули Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ барои солҳои 2022–2040 Тоҷикистонро ба яке аз аввалин кишварҳо дар Осиёи Марказӣ табдил дод, ки рушди зеҳни сунъиро бо диди дарозмуддат ва марҳалавӣ ба роҳ монд. Ин санад самтҳои афзалиятнок, вазифаҳои институтсионалӣ ва нишондиҳандаҳои рушди соҳаро барои тақрибан бист сол муайян намуд.
Дар доираи татбиқи стратегия таъсиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав нишон медиҳад, ки давлат рушди зеҳни сунъиро на ҳамчун масъалаи техникии як соҳа, балки ҳамчун самти байнисоҳавӣ ва стратегӣ баррасӣ менамояд.


АЗ ҲУҶҶАТ БА АМАЛ: ҚАДАМҲОИ ВОҚЕӢ
Дар самти рушди захираҳои инсонӣ низ қадамҳои муҳим гузошта шудаанд. Академияи зеҳни сунъӣ (аввалин дар ОМ) тайи солҳои охир 700 нафар мутахассисро омода намудааст. Аз ҷониби Шурои зеҳни сунъӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва ЮНИСЕФ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ барномаҳо ва ихтисосҳои марбут ба зеҳни сунъӣ роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, соли 2026 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни «Муқаддимаи зеҳни сунъӣ» ҷорӣ мегардад, ки ин имкон медиҳад тайёрии мутахассисон аз марҳалаи ибтидоӣ оғоз ёбад.
Истифодаи амалии зеҳни сунъӣ дар иқтисод ва бахшҳои иҷтимоӣ низ тадриҷан густариш меёбад. Дар соҳаи маориф ассистентҳои рақамӣ бо истифода аз модели миллии забонии Soro LLM дар платформаҳои maktabmobile.tj ва eDonish фаъол мебошанд. Дар бахши молия аз ҷониби ширкати ватании zypl.ai технологияҳои зеҳни сунъӣ барои баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ истифода шуда, қарорҳои таҳияшуда, ҳатто, ба чанд кишвари хориҷӣ содирот мешаванд.


Дар низоми ҳукумати электронӣ ҷорӣ намудани унсурҳои зеҳни сунъӣ оғоз ёфта, таъсиси Маркази маълумоти «Дарё» ҳамчун пояи инфрасохтории миллӣ қадами муҳими стратегӣ маҳсуб меёбад.
Чанд рӯз пеш Консорсиуми Area AI расман фаъолияти лоиҳаи нахустини худ- ҳаби «Area AI 1.0»- ро ҳусни оғоз бахшид.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ ба Парлумон (16-уми декабри соли 2025) Ҳукумати кишварро барои таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди маълумот вазифадор намуданд.


ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ
Қабули қатъномаи СММ бо ибтикори Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» нишон медиҳад, ки кишвар рушди ЗС-ро ҳамчун самти фароминтақавӣ баррасӣ менамояд. Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе метавонад Тоҷикистонро ба платформаи ҳамгироии дониш, технология ва таҷриба дар минтақа табдил диҳад.


ИСТИҚЛОЛИ РАҚАМӢ: ХАТАР Ё ИМКОНИЯТ?
Бо вуҷуди ин пешравиҳо, як масъалаи калидӣ – истиқлоли рақамӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳ бошад. Чунки зеҳни сунъӣ дар ин раванд на танҳо як технология, балки унсури тақдирсоз дар масъалаи мустақилияти қарорқабулкунӣ мебошад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки вобастагӣ аз платформаҳо, моделҳои забонӣ ва хизматрасониҳои рақамии хориҷӣ метавонад давлатҳоро ба осебпазирии технологӣ, иқтисодӣ ва, ҳатто, сиёсӣ дучор гардонад. Коркарди маълумоти ҳассос дар абрҳои хориҷӣ, истифода аз платформҳои рақамии хориҷӣ мавриди таҳримҳо ё тағйири сиёсати таъминкунандагон, хатари маҳдуд гардидани соҳибихтиёрии рақамиро ба миён меорад.
Баръакс, кишварҳое, ки ба рушди инфрасохтори миллӣ, марказҳои коркарди маълумот ва моделҳои миллии забонии зеҳни сунъӣ сармоягузорӣ мекунанд, пояҳои амнияти рақамӣ ва устувории рушди дарозмуддатро таҳким мебахшанд.
Пас чӣ бояд кард?
Тоҷикистон барои чолишҳои технологии муосирро ба имкониятҳои воқеии рушди иқтисодию иҷтимоӣ табдил додан, шароити хуб дорад.


1. ЗАХИРАИ ИНСОНӢ: СОХТАНИ ОЯНДАИ РАҚОБАТПАЗИР
Барои ин, пеш аз ҳама, ба мо мутахассисони варзидаи соҳа лозим. Аҳолии ҷавони кишвар, дар сурати мавҷуд будани барномаҳои мувофиқи таълимӣ ва омодасозии кадрҳо, метавонад заминаи ташаккули як бахши рақобатпазир гардад. Албатта, дар самти рушди захираҳои инсонӣ чи гунае, ки болотар қайд гашт, қадамҳои мушаххас гузошта шуданд, аммо зарур аст, ки тадбирҳоро дар ин самт васеътар намуд. Масалан, дар Қазоқистон ҳамасола донишҷӯёни бакалавр, ҳатман, барномаи ЗС-ро меомӯзанд, ки тавассути он толибилмон на танҳо дониши назариявӣ мегиранд, балки ба онҳо дар амал истифода бурдани алгоритмҳоро меомӯзонанд. Ҳамчунин, барномаи махсуси соҳибкорӣ дар соҳаи ЗС ҳамасола бо фарогирии 1000 донишҷӯи курси аввал татбиқ мегардад, ки тавассути он ба донишҷӯён таҳияи стартапҳо омӯхта мешавад. Ин равиш на танҳо шумораи мутахассисонро меафзояд, балки бозори дохилиро барои истеҳсоли маҳсулоти рақамӣ омода месозад. Барои Тоҷикистон низ муҳим аст, ки аз омода намудани даҳҳо ё садҳо мутахассис ба сатҳи ҳазорҳо гузарад, саводнокии рақамии аҳолӣ ва соҳибкоронро баланд бардорад ва зеҳни сунъиро ҳамчун абзори рӯзмарраи иқтисодӣ ҷорӣ намояд.


2. САРМОЯГУЗОРӢ БА ИНФРАСОХТОРИ МИЛЛӢ: ПОЯИ ИСТИҚЛОЛИ РАҚАМӢ
Зеҳни сунъӣ бе маълумот, қудрати ҳисоббарорӣ ва инфрасохтори боэътимод вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, таъсиси марказҳои коркарди маълумот, платформаҳои миллӣ ва моделҳои миллии забонӣ на танҳо масъалаи техникӣ, балки стратегӣ мебошад.
Маркази маълумоти «Дарё» қадами муҳим аст, аммо барои қонеъ намудани ниёзҳои иқтисоди рақамии кишвар зарфияти он хеле ночиз аст. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва захираҳои энергетикӣ, Тоҷикистон метавонад ба маркази минтақавии коркарди маълумот табдил ёбад, агар сиёсати ҷалби сармоя ва шарикии давлату бахши хусусӣ фаъолона истифода шавад.
Таҷрибаи кишварҳое мисли Финляндия ва Исландия нишон медиҳад, ки истифодаи “энергияи сабз” метавонад бартариро дар соҳаи маркази маълумот эҷод намояд. Барои Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги «энергияи сабз» мебошад, чунин модел комилан қобили татбиқ аст.


3. ИНФРАСОХТОРИ МИЛЛӢ: САРМОЯГУЗОРӢ Ё ХАРОҶОТИ ДОИМӢ?
Истифодаи маҳсулот ва хидматрасонии рақамии хориҷӣ метвонад дар мадди аввал мувофиқ ва осон намояд, аммо барои кори дарозмуддат хароҷоти калон эҷод мекунад: тахминан миллионҳо доллар хароҷоти такроршавандаро барои давлат ва бахши хусусӣ ба вуҷуд меорад. Баръакс, сармоягузорӣ ба марказҳои миллии коркарди маълумот, аз ҷумла (харидории суперкомпютерҳо) гарчанде хароҷоти ибтидоии гарон дорад, вале дар миёнамуҳлат хароҷотро коҳиш медиҳад, амнияти маълумотро таъмин менамояд ва имкони содироти хидматрасониҳои рақамиро фароҳам меорад. Бо назардошти захираҳои энергетикӣ, Тоҷикистон метавонад дар 7 – 10 сол на танҳо ниёзҳои дохилиро қонеъ намояд, балки ба бозори минтақавии коркарди маълумот низ ворид гардад. Ҳамчунин, Тоҷикистон дорои захираи зиёди маъданҳои нодире, ки барои сохтани чипҳо заруранд мебошад ва ин ҳам як зарфияти қавӣ барои рушди соҳа маҳсуб меёбад.


4. АЗ ИДЕЯ ТО АМАЛ: МАРКАЗИ МИЛЛИИ АМАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА МАЪЛУМОТ
Барои Тоҷикистон дар марҳалаи кунунии рушд таъсиси маркази миллии амалии зеҳни сунъӣ ва маълумот (National Center for Applied Artificial Intelligence and Data) мувофиқи мақсад мебошад. Бо назардошти маҳдуд будани иқтидорҳои ҳисоббарорӣ ва захираҳои инсонӣ, марказ бояд ба таҳияи моделҳои миллии забонӣ, ҷорӣ намудани абзорҳои зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, истифодаи таҳлили маълумот дар соҳаҳои калидӣ – энергетика, захираҳои об, кишоварзӣ ва нақлиёт, инчунин, ба ташаккули экосистемаи миллии маълумот ва меъёрҳои ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ афзалият диҳад.
Айни замон Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав вуҷуд дорад, ки то андозае вазифаҳои монанд ба ин марказро иҷро мекунад. Аммо салоҳияти он барои қабули қарорҳои тавсиявӣ маҳдуд аст. Агар мақому вазифаҳои Шуро ба ниҳоди ҳамоҳангсози сатҳи баланд – назди Президент ё Ҳукумат тағйир дода шавад, мувофиқи мақсад хоҳад буд. Ташкили марказ ҳамчун сохтори байниидоравии назди Президент ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маркази илмӣ дар заминаи яке аз муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олӣ ва бо ҷалби шарикони байналмилалӣ, имкон медиҳад, ки дар кӯтоҳмуддат пояҳои истиқлоли рақамӣ гузошта шаванд ва мактаби миллии зеҳни сунъии амалӣ бо хароҷоти камтари молиявӣ ва институтсионалӣ таъсис ёбад.


ЗЕҲНИ СУНЪӢ ҲАМЧУН САРМОЯИ ГЕОИҚТИСОДӢ
Дар шароити ҷаҳони рақобатпазир зеҳни сунъӣ ба унсури геоиқтисодӣ табдил ёфтааст. Кишварҳое, ки имрӯз ба инфрасохтори миллӣ ва иқтидорҳои худӣ сармоягузорӣ мекунанд, фардо дар занҷири арзиши ҷаҳонӣ мавқеи устувор мегиранд, қарорқабулкунии иқтисодии худро мустақилона роҳандозӣ менамоянд ва аз ҳама муҳим амнияти миллӣ ва рақобатпазириро таҳким мебахшанд.
Нукоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи зеҳни сунъӣ дар иқтисодёти кишвар дорои мантиқи возеҳ, ҳадафҳои мушаххас ва диди дарозмуддат мебошад. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки миёни дурнамои дурусти сиёсӣ ва татбиқи муваффақонаи он ҳамеша фосила вуҷуд дорад. Пур кардани ин фосила маҳз иродаи институтсионалӣ, аниқтараш ба ҳавасмандии ниҳодҳои давлатӣ ва масъулони онҳо вобастагии амиқ дорад.
Пас, саволи «чӣ бояд кард?» абстрактӣ нест. Ҷавоби он дар амалҳои мушаххас, масъулияти институтсионалӣ ва диди стратегӣ таҷассум меёбад. Имрӯз ҳавасмандии институтсионалӣ муайян мекунад, ки Тоҷикистон дар давраи Industry 4.0 ба истеъмолкунандаи технологияҳои хориҷӣ маҳдуд мемонад ё ба иштирокчии фаъоли иқтисоди рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки амбитсияҳои Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ қавӣ аст ва Industry 4.0 барои кишвар на таҳдид, балки имконияти таърихии рушди устувор хоҳад буд.


Моҳира САНГМАҲМАДЗОДА, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 30.01.2026 №: 19