ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТИРГОН. ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ФАРОГИРТАР МЕШАВАД

ТИРГОН. ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ФАРОГИРТАР МЕШАВАД

20 июн 2023, Сешанбе
82
0
Дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ Ҷашни Тиргон дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир, баробар ба  ҳафтаи аввали моҳи июл, ки он рӯзро низ, Тир меномиданд, баргузор мегашт.
Муаллифи «Зайнулахбор» Абусаид Абулҳай бини Маҳмуди Гардезӣ дар асари таърихнигории хеш оид ба расми зарфшиканӣ ва обтанӣ дар ин Ҷашн байни эрониёни қадим ёдовар шуда, ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиши он зикр намудааст: «… ва андар Тиргон порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳо ва оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гӯянд, ки мардумон андар ин рӯз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанд ва бихӯранд ва гӯянд: андар он вақт ҳама гандум пухтанд ва хӯрданд, ки орд натавонистанд кард. Зеро ҳама дар ҳисор буданд».
Ин ривоятро Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» таъйид карда, меафзояд: «Чун дар вақти муҳосира кор ба Манучеҳр ва ориёиён сахту душвор шуда буд, ба қисме, ки дигар ба орд кардани гандум ва пухтани нон намерсиданд, гандум ва мева кол (хом) мепухтанд. Бад-ин ҷиҳат шикастани зарфҳо ва пухтани меваи кол ва гандум дар ин рӯз расм шуд».
 
Шамсии Фахрӣ навишта:
Ба рӯзи тиру моҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
 
Тиргон ба об иртиботи қавӣ дошта, онро ҷашни об гуфтан низ, мумкин аст. Дар байни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои ҳамсоя то солҳои наздик маросими даъвати борон ба монанди ашаглон, обрезгон, сусхотун гузаронда мешуданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик обро чун неъмати муқаддас ва сарвати бебаҳо дониста, омили асосии ҳаёт мешумурданд. Бинобар ин, дар байни мардум то ҳол ақидаи “Обу ҳаёт” мавҷуд аст. Пешниҳодҳои байналмилалии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини аҳолии дунё бо об, истифодаи самараноку оқилонаи он, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба тамаддуни қадимаи миллии мо иртибот мегирад.
Моҳи Тир ба даврае рост меояд, ки ғалла ва меваҳои зиёде мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парвардаи ғаллакорон оғоз мешавад. Барои идомаи киштукор дар ин айём об аҳамияти вижае дошт. Дар пайвастагии гардиши Офтоб таҷлили Тиргон муҳим буд. Аз тариқи он мардум бо иҷрои оинҳо шодиву нишот ва бо ниёиш аз Эзади худ талаб мекарданд, ки кишварро аз хушксолӣ эмин дорад. 
Тиру обу хокро тамҷид кун,
Бар сахои эзадӣ уммед кун!
 
Айёми ҷашнгирии Тиргон мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекунанд, либоси тозаи сафед мепӯшанд, дар оби чашмаю дарё ғусл мекунанд, ба якдигар об пошида, умри пурҳикмати обро ба ҳамдигар мехоҳанд. Ҳамчунин, зарфҳои куҳнаро шикаста, аз орди ҳосили гандуми нав нону таомҳо мепухтанд ва хони ҷашнӣ ороста, онро бо маҳсулоти нонию мевагӣ оро медоданд. Инчунин, заминро ҷуфт ва кишти ангории (такрорӣ) зироатҳои кишоварзиро мегузаронданд.
Ёдамон ҳаст, ки соли 2019 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» ишорат карданд, ки ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Тиргон, Ҷашни қадимаи фасли тобистон дар марҳалаи таърихи навин нигоҳи тоза мехоҳад.
Соли 2006 Пешвои миллат дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» навишта буданд: «Дар тасаввури онҳо Тиштарйа – фариштаи раъду барқ, борон, фаровонҳосилӣ ва ризқу рӯзӣ дар пайи ҷустуҷӯи нозу неъмати одамон бо деви Апауша, ки душмани инсон, фаровонӣ ва ҳабскунандаи борон мебошад, ҳамеша дар набард ва мубориза мебошад… Моҷарои набарду пирӯзии Тиштарйа бар Апауша – деви хушкӣ тамсиле аз фасли тобистон, хушкию камобии даштҳои беканори Осиёи Марказӣ ва кӯшишҳои асотирие, ки омехта бо эътиқодҳои оммавӣ ҷиҳати тавлиди борон мебошад. Ориёиён чунин мепиндоштанд, ки Тиштарйа ситораи падидоварандаи боронҳои судманд дар тобистон ва бавуҷудоварандаи обҳои зинда мебошад. Мувофиқи ин устура, Апауша – деви палиди хушкӣ обҳоро зиндонӣ сохта, ба замин намедод ва аз уҳдаи раҳоию кушодани обҳо ғайр аз Тиштарйа каси дигар намебаромад”.
Дар ҳақиқат, бо гузашти замон расму оинҳо, аз ҷумла ҷашнгирии Тиргон, тағйир ёфт. Дар шароити рушди технологияи муосир ба кишоварзони мо лозим аст, ки дар арафаи Ҷашни Тиргон чорабиниҳо, аз ҷумла таъмири иншооти об, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, омода кардани замин ба кишти такрорӣ, захираи тухмиҳои хушсифати зироатҳои зудрас ва кишти саривақтии онҳоро, ба сомон расонанд. Ҳамзамон, чорабиниҳои агротехникии парвариши зироатҳо, омодагӣ барои сари вақт ҷамъоварии ҳосилу коркарди он ва ғайра мувофиқ ба ин Ҷашни муҳим аст. 
 
Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.06.2023 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив