ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАРҲИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ”

ШАРҲИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ”

03 июл 2023, Душанбе
1 101
0
 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода роҷеъ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, № 586, ба суолҳои бархе аз намояндагони васоити ахбори омма посухҳои мушаххас дод.
Зимни мусоҳиба бо хабарнигорон Ҳоким Холиқзода зикр намуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, № 321 маншаъ мегирад. 
Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. 
Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.
 Ғайринақдӣ гардондани раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва мувофиқ мегардонад.
Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки то қабул гардидани Фармони мазкур аз ҷониби низоми бонкии кишвар як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои татбиқи самараноки он заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, № 565 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ташкилотҳои қарзии молиявӣ якҷо бо вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ имкони пардохт намудани як қатор хизматрасониҳои давлатиро таъмин намудаанд.
Бо мақсади рушди пардохтҳои ғайринақдӣ бошад, ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири молиявии рақамӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути POS-терминал ва QR-рамзро татбиқ менамоянд.
Зикр бояд кард, ки то 31 майи соли 2023 аз ҷониби низоми бонкӣ дар маҷмуъ, зиёда аз 5,7 миллион кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар 5 моҳи соли ҷорӣ теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 7,7 миллион баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 63 фоиз афзуда аст. 
Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавассути инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 адад POS-терминал ва 19 708 адад QR-рамз ташкил доданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи POS-терминалҳо ба андозаи 9,2 фоиз ва QR-рамзҳо ба андозаи 34,5 дарсад зиёд мебошанд. 
Таъкид шуд, ки айни замон, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 17 дарсадро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  6,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Таҳлили вазъи низоми бонкӣ нишон медиҳад, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омода ҳастанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ ва шабакаи терминалӣ ба роҳ монанд.
Ҳоким Холиқзода илова намуд, ки мушкилии асосие, ки айни замон дар соҳа ҷой дорад, набудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва заифии инфрасохтори зарурӣ дар бархе аз вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Ҳол он ки ин муаммоҳо дар давлатҳои ҳамсоя солҳои пешин ҳалли худро ёфтаанд. 
Мавсуф афзуд, ки тибқи банди 5 Фармони мазкур, чораҷӯии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати фаъол гардондани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Пеш аз ҳама, дар Фармон ишора гардидааст, ки то 31 декабри соли 2023 портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ фаъол гардонда шавад ва мо бовар дорем, ки то муҳлати ишорашуда ин инфрасохтори муҳиме, ки шаффофияти амалиётҳои пардохти хизматрасонии давлатиро таъмин менамояд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари масъул созмон дода мешавад.
Ҳамзамон, вазорату идораҳое, ки хизматрасониҳои давлатиро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  анҷом медиҳанд, муваззаф гардидаанд, ки якҷо бо низоми бонкии кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” тамоми чораҳои заруриро андешанд.
Ҳоким Холиқзода чунин иброз дошт: “Моро зарур аст, дар доираи супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, № 321 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 июни соли 2023, № 586 ба имзо расид, нисбат ба ҳар як банди он чораҳои таъхирнопазиру зарурӣ андешем”. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.07.2023 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив