ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

11 август 2023, Ҷумъа
36
0


ВАЗОРАТИ АДЛИЯ
Ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 20-21 апрели соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муттаҳидаи дувоздаҳум ва сездаҳуми кишварро вобаста ба амалигардонии муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ дар иҷлосияи 109-уми Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ ҳимоя намуд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Музаффар Ашуриён, вазири адлия, иброз дошт. 
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бақайдгирии ақди никоҳ зиёд гардид. Ҳамин тариқ, дар ин муддат дар ҳудуди кишвар 32 ҳазору 151 ақди никоҳ баста шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 2 ҳазор бештар аст. 
– Шумораи бекор кардани ақди никоҳ низ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 коҳиш ёфта, дар умум 5 ҳазору 370 ададро ташкил дод, – гуфт Музаффар Ашуриён.

Комрон САФАР


СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БОЛО РАФТ
Дар нимсолаи аввали соли равон Тоҷикистон бо 102 мамлакат, аз ҷумла 10 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 92 мамлакати хориҷи дур, муносибати савдоро ба роҳ монда, ба 47 давлат маҳсулот содирот кард. Ин рақам зимни нишасти матбуотии Агентии содирот манзури рӯзноманигорон гашт.
Чуноне иттилоъ доданд, гардиши савдои хориҷӣ беш аз 3 миллиарду 415 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. 
Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содирот, гуфт, ки аз ҷумҳурӣ ба маблағи 678,6 миллион доллар маҳсулот содирот гардид. Тибқи маълумоти оморӣ, ба хориҷ ба маблағи 24 миллиону 149 ҳазор доллар маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шуд. Аз ҷумла, меваи хушк, зардолу, ангур, олуболу, гелос, тарбуз, марминҷон, тут, тухмиҳои сабзавот, қаламфур, асал ва ғайра.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳиссаи зиёди содироти сабзавот, мева ва меваи хушк ба Қазоқистон, Россия, Покистон, Ироқ, Туркия, Ӯзбекистон, Беларус, Украина, Афғонистон, Олмон, Чин, Озарбойҷон, Лаҳистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Литва ва Корея рост меояд. 

Кароматулло АТО



КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ
Лабораторияи созҳои миллӣ таъсис меёбад
Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард: "Тули ду даҳсола Консерватория зиёда аз ҳазор мутахассиси касбиро тайёр кард. Беш аз 90 дарсади кормандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хатмкардагони ин даргоҳ мебошанд. 
Яке аз комёбиҳои муассиса дар соли ҷорӣ ташкили Шурои муштараки диссертатсионӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имсол донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи фортепианои тахассусӣ Фараҳноз Қурбонмамадова дар Онлайн-озмуни байналмилалии «World Talents», (Олмон) аз рӯйи номинатсияи «Фортепиано» иштирок карда, сазовори ҷойи аввал шуд. Инчунин, ӯ дар Онлайн-озмуни 7-уми байналмилалии мусиқии «Cantabile» (Ҷумҳурии Туркия), иштирок кард ва соҳиби Гран-прии озмун гардид.
Донишҷӯи дигари шуъбаи сарояндагии академӣ Шерзод Абдуллозода дар Озмуни байналмилалии сарояндагон таҳти унвони «Туған жер», ки аз 6 то 8 апрел дар Қазоқистон баргузор гашт, соҳиби ҷойи аввал шуд. 
Ректор дар фарҷом тазаккур дод, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назди Консерваторияи миллӣ бунёди лабораторияи созҳои миллӣ дар назар аст.

Латифабону РУСТАМЗОДА



493 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ АЗ САНҶИШИ СИФАТИ ТАҲСИЛ ГУЗАШТ
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани сифати дониш, сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯёнро дар 493 муассисаи таълимӣ санҷид. Дар ин хусус Маҳмадтоир Саидзода, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва санҷиши сатҳи сифати таҳсил, нисбат ба солҳои қаблӣ мусбат ба мушоҳида мерасад.
Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра масъулони раёсату шуъбаҳои Агентӣ 575 аттестатсияи давлатӣ, 268 аккредитатсияи давлатӣ, 2 азнавбарасмиятдарорӣ  ва 41 иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимиро ба анҷом расонданд.
– Дар натиҷа, 68 муассисаи таълимӣ  ба муҳлати 2 сол шартан аз аттестатсия гузаронда шуда, амали иҷозатномаи 4 муассиса дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ боздошт ва қатъ шуд, –иброз дошт Маҳмадтоир Саидзода.

Лола РИЗОӢ



САНОАТИКУНОНӢ АСОСИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР
– Рушди саноат ва афзоиши саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ назаррас аст, – гуфт раиси шаҳри Норак  Дилшод  Асозода  дар ҳузури хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар шаҳри  Норак  19 корхонаи саноатии истеҳсолӣ бо теъдоди 1778 корманд фаъолият дорад.  Корхонаҳо ба истеҳсоли неруи барқ,  таҷҳизоти филизӣ  барои сохтмони  НБО “Роғун”, масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла қуму шағал,  ширеш, ротбан, шпаклёвка, гаҷи картонӣ, сангҳои ороишӣ, хиштҳои сементӣ, молҳои дӯзандагӣ, обҳои ташнагишикан машғуланд. 
Дар  6 моҳи соли равон 887,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин  давраи   соли гузашта 118,4 фоиз ё ин, ки 137,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бе назардошти неругоҳҳои барқи обии “Норак” ва  “Бойғозӣ” 113,4 фоиз ё 62,9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз давраи гузашта 7,4 миллион сомонӣ бештар аст.
Бино ба гуфтаи Дилшод  Асозода, дар соли 2023 аз тарафи соҳибкорон бунёди 5 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Холназар КАСИРОВ


ТАЪМИРУ БАРҚАРОРСОЗӢ ДАР НАҚБИ ОБГУЗАРИ ДАНҒАРА 
Муовини раиси ноҳияи Данғара Садриддин Сайдализода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки таъмиру барқарорсозӣ дар нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара, фасли тирамоҳ оғоз меёбад. 
Хотиррасон менамоем, ки баъди 38 соли хизматрасонии шабонарӯзии бетанаффус қисмҳои зиёди нақб, аз ҷумла 6 дарвозаи он, харобу валангор гашта, ба  таъмиру барқарорсозии таъҷилӣ ниёз доранд. Хушбахтона, баъди суҳбату вохӯриҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки ҷаҳонии рушд ба мувофиқа расиданд, ки дар таъмиру барқарорсозии нақб саҳми худро хоҳад гузошт. Тавре сардори Муассисаи давлатии нақби оби  Данғара  Файзиддин Одинаев дар нишасти матбуотӣ ба саволҳои хабарнигорон  ҷавоб  дод, баъди маблағгузории Бонки ҷаҳонии  рушд, мо таъмиру барқарорсозиро дар нақб, дар ҳолати паст шудани сатҳи оби дарёи Вахш,  яъне дар фаслии тирамоҳ оғоз карда метавонем.  
– Аз ҳисоби маблағҳои Бонки мазкур  пеш аз бастани дарвозаҳои нақб барои бе оби  нӯшокӣ намондани аҳолии ноҳия, сохтмончиён бояд аз сарбанди дарё то каналҳои обгузар ба масофаи 16 километр лӯлаҳои обгузари оҳанӣ васл намоянд, – афзуд    Файзиддин Одинаев.

Холназар КАСИРОВ
                                                                                                  


ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҶРИБАОМӮЗОНРО НЕРУ БАХШИД
Ҷамшед Ғанизода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли ҷорӣ Донишкада бо 4 макотиби олии хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монд. 
Дар ин раванд 2 омӯзгор ва 10 донишҷӯи курси сеюми кафедраи санъатшиносӣ бо мақсади шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро аз ҳисоби буҷети муассиса ба таҷрибаомӯзӣ фиристода шуданд. Минбаъд, дар асоси созишномаҳои тарафайн донишҷӯён имкони таҷрибаомӯзӣ дар Академияи давлатии Санкт-Петербург, Академияи давлатии санъати Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон ва шаҳри Бухорои Ӯзбекистонро доранд. Ғолиб омадани 6 донишҷӯи Донишкада дар олимпиадаи онлайнии байналмилалии "Ман дизайнер" дар Донишгоҳи давлатии меъморӣ, дизайн ва санъати шаҳри Новосибирск натиҷаи ин  ҳамкориҳост. 
Ректор воридшавии номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайнро ба  Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" таъкид карда, ба зинаҳои шуҳрат баромадани 41 омӯзгору донишҷӯи Донишкадаро дар даври ноҳиявии Озмун дастоварди хуб арзёбӣ намуд.

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив