ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

16 август 2023, Чоршанбе
62
0
СУДИ ОЛӢ
Дар ним сол ду ҳукми сафед содир шуд
Судҳои кишвар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 418 нафарро барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 2114332 сомонӣ ҷарима намудаанд. Дар ин бора раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар ин давра ду ҳукми сафед вобаста ба қасдан расондани зарар ба саломатӣ содир гардидааст.  
Перомуни саволи “Ҷумҳурият” Шермуҳаммад Шоҳиён чунин посух дод: “Қабули Кодекси маданӣ дар самти қонунэҷодкунӣ, қонунқабулкунӣ ва қонунтатбиқкунӣ дигаргунии ҷиддиро ба миён овард. Пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекс зарурати ворид намудаи тағйирот ба як силсила қонунҳои амалкунанда пеш омадааст. Вобаста ба ин, мо дар ҳамкории зич бо Маҷлиси намояндагон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Кӯшиш менамоем, ки ҳарчи тезтар санадҳоро ба Кодекси маданӣ мутобиқ намоем”.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
БМТ
Дар ҷумҳурӣ 64 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамояд
– Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ ҷиҳати идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ – қурбӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 50 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонро ба маблағи 3,7 миллиард сомонӣ баргузор намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7 дарсад зиёд мебошад. 
Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 700 миллион сомониро ташкил менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 июни соли 2023 дар маҷмуъ, 64 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии  хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26 фонди  қарзии  хурд фаъолият менамояд.
Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи ҳисоботӣ ба 1 881-то баробар шуда, дар қиёс ба ҳамин санаи соли қаблӣ 33 адад зиёд шуд, – иброз дошт Фирдавс Толибзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
 
 
 
 
ҲАҶМИ ММД ТО 8,3 ДАРСАД АФЗОИШ ЁФТ
Новобаста ба таъсири таҳримҳои иқтисодии байни кишварҳои абарқудрат дар натиҷаи заҳмати саноатчиёну кишоварзони кишвар ва татбиқи нақша – чорабиниҳои зиддибуҳронӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар маҷмуъ,  устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ таъмин гардид. Бахусус, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 8,3 дарсад ё 54,2 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. 
Ин матлабро Ашурбой Солеҳзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Дар ин давра суръати рушди иқтисоди миллӣ, асосан, аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, боркашонӣ, гардиши савдо, мусофиркашонӣ ва хизматрасонии пулакӣ  таъмин гардид. 
Бино ба гуфтаи Ашурбой Солеҳзода, сатҳи таваррум дар сатҳи 2,3 дарсад  муътадил  нигоҳ дошта шуд, ки ин аз ҳисоби 3 дарсад болоравии нархи маҳсулоти озуқа ва 2,9 дарсад молҳои ғайриозуқа ташаккул ёфтааст. 
Аз ҷумла, нархи гӯшти гов 4,3 дарсад, картошка 28,6, биринҷ 43  ва шакар 23,5 дарсад баланд шуд. Дар баробари ин, нархи орди навъи 1-ум 17 дарсад, равғани рустанӣ 22,9, помидор 71,6, бодиринг 57,4, тухм 21,2 ва шир 1,9 дарсад коҳиш ёфт.     
Баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин 16,4 дарсад, доруворӣ 8,4, масолеҳи сохтмонӣ 4,5 ва маводи шустушӯӣ 3,2 дарсад ба миён омад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
ТАЪМИНИ ҚАРИБ 40 000 НАФАР БО ҶОЙИ КОР 
Қиёмиддин Давлатзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар нимсолаи аввал ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 76175 нафар муроҷиат намуд, ки 57739 нафари онҳо ҳамчун корҷӯй сабти ном гашт ва ба 31921 кас расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, дар маҷмуъ, 38726 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. 
Ба гуфтаи ӯ, дар доираи амали Барнома дар шаш моҳи соли равон 4428 нафар ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда (квота) бо кор таъмин гардид, ки ин 54 дарсади нақшаи солонаи барномаро ташкил карда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 дарсад бештар аст.
Дар давраи мавриди назар тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 7653 нафар ба маблағи 6 миллиону 460,7 ҳазор сомонӣ барои давраи бекорӣ ёрипулиҳо аз ҳисоби бақияи маблағҳои буҷетӣ пардохт гаштанд.
Зикр шуд, ки илова бар ин, аз тарафи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ  , аз 15403 муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта, 5533 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Инчунин, 8811 кас ба тайёрии касбӣ, 93 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуд. 843 нафар машварати касбӣ гирифт. 
 
Руҳафзо МУРОДОВА
 
 
 
ПАРДОХТИ БЕШ АЗ 60 МИЛЛИОН СОМОНӢ МАБЛАҒИ АНДОЗҲО ТАРИҚИ ҒАЙРИНАҚДӢ
Нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлат 8 миллиарду 510,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 594 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 411,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи ду намуди андоз – андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ва андозҳо барои захираҳои табиӣ таъмин нагардид. 
Тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ, то якуми июли соли равон шумори умумии субъектҳои хоҷагидор ба 345,4 ҳазор адад расид, ки нисбат ба аввали сол 5,3 ҳазор бештар аст. Дар ин бора Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, зимни нишасти матбуотӣ посух дод. 
Тибқи маълумоти КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», дар шаш моҳи соли равон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёни электронии «Амонат мобайл», дар маҷмуъ, 213,8 ҳазор шаҳрванд ва андозсупоранда ба маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ андозҳоро ба таври ғайринақдӣ пардохт карданд. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» барои тақвият бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз тарафи Кумитаи андоз бо аксарияти бонкҳо ва ташкилоти қарзии молиявӣ созишномаҳо оид ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба имзо расиданд. Тавассути замимаҳои мобилии онҳо ҳоло ба таври ғайринақдӣ қабул намудани пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет амалӣ шуда истодааст.
 
Кароматулло АТО 
 
 
 
ОМОР 
АЗ КОҲИШИ ИСТЕҲОЛИ ТУХМ ХАБАР ДОД
Дар моҳҳои январ – июни соли равон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 20711 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли сипаришуда (бо нархҳои муқоисавӣ) 10,3 дарсад афзудааст. 
Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омор, зимни нишасти матбуотӣ, ба хабарнигорон шарҳ дод, ки омили асосии рушди соҳаи саноат, асосан, аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатҳои истихроҷ, коркард, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво мебошад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ низ, афзуда, дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ ба 18658,7 миллион сомонӣ расид. 
Таъкид шуд, ки тайи шашмоҳаи аввали соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ ғалла 705259 тонна, картошка 261510, сабзавот 1136199, полизӣ 299218, мева 185418, ангур 2343 тонна истеҳсол гардида, хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 437238 тоннаро ташкил дод. 
Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки дар давраи мавриди назар истеҳсоли тухм 3,8 дарсад кам гашт, ба 555 миллион дона баробар гардид. Сабаби коҳиш ёфтани истеҳсоли онро ба номусоид омадани  боду ҳаво рабт дод, зеро бо ин сабаб, талафоти паранда дар қиёс ба соли сипаришуда 1,6 баробар зиёд шуд. 
 
Руҳафзо МУРОДОВА
 
 
 
НАҚШАИ ВОРИДОТИ ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ 112,1 ДАРСАД ИҶРО ШУД 
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳ гардиши тиҷорати хориҷии мамлакат ба 3 393 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 324,7 миллион доллар ё 9 фоиз кам мебошад. Коҳиш ёфтани гардиши тиҷорати хориҷӣ ба омилҳои берунӣ ва авзои сиёсии бархе аз кишварҳои ҷаҳон рабт дорад.
Гуфта шуд, ки дар ин давра нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 3705,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, дар асл 4155,3 миллион сомонӣ (112,1 дарсади нақшаи дурнамо) ҷамъоварӣ шуд.
Иҷрои нақша аз рӯи намуди пардохтҳои гумрукӣ – воридоти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 105,7 дарсад, боҷи гумрукӣ 143, воридоти боҷи содиротӣ 94,5 дарсад, андози аксизӣ 139,4 ва воридоти ғайриандозӣ 117 таъмин гашт. 
Инчунин, аз ҳисоби фурӯши тамғаҳои аксизӣ барои воридот ва тамғагузории маҳсулоти тамоку ва нӯшокиҳои машруботӣ ба маблағи 1076,4 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат ворид гардид.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
ШАҲРИ ВАҲДАТ
51 қонунвайронкунӣ вобаста ба истифодаи замин
Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат, зимни  нишасти хабарӣ гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар шаҳраку деҳот 51 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор гардид. Вобаста ба  ин, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, қонуншиканҳо ба маблағи 30,3 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Инчунин, 5 ҳолати  қонунвайронкунӣ вобаста ба худсарона ғасб кардани қитъаи замин дар майдони 1,16 гектар ба прокуратураи шаҳр ирсол гардид. 
Ҳамзамон, зикр шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳр беш аз 800 иншооти гуногунсамт бунёд мешавад. То ин муддат 190-тои он мавриди истифода қарор гирифт. 
– Дар шаҳри Ваҳдат оянда 13 лоиҳаи давлатӣ ба маблағи 79,7 миллион доллари ИМА бо ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ амалӣ мегардад. Ҳоло дар ҳаҷми 14,2 миллион доллари ИМА лоиҳаҳо маблағгузорӣ   шудаанд, – тазаккур дод раиси шаҳр. 
 
З. РАҶАБ
 
 
 
БА ДОНИШҶӮЁНИ ШАРТНОМАВИЕ, КИ БО БАҲОИ ХУБУ АЪЛО МЕХОНАНД, ИДРОРПУЛӢ МЕДИҲАНД
– Донишҷӯёни шартномавие, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, метавонанд, соҳиби се намуд идрорпулӣ  шаванд, ки он ҷамъ 900 сомониро ташкил медиҳад, – гуфт Муъминҷон Ҷӯраев, ректори  филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва» дар шаҳри Душанбе. 
Ректор зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ ягона Донишгоҳи онҳо кадрҳои муҳандисӣ ва технологиро барои  соҳаи саноат, аз ҷумла маъдану металлургӣ  омода месозад. Аз 114 нафар хатмкунанда 86 дарсадаш пурра бо ҷойи кор таъмин гашт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кадрҳо бозоргир буда, барои таъмини ҷойи кори холӣ дар ин самт мусоидат мекунанд.
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
ЗАРРИНА ИБОДЗОДА: «ДОНИШКАДА БА ФЕҲРИСТИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВОРИД ШУД»
Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ  Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид. Аз ҷумла, ба Феҳристи донишгоҳ ва донишкадаҳои тиббии байналмилалӣ (World Directory of  Medical School – info@wdoms.org) ворид шудани ин боргоҳи таълим гувоҳи раванди дурусти таълим аст,– гуфт Заррина Ибодзода, ректори Донишкада, зимни нишасти матбуотӣ. 
Ректор зикр кард, ки бо донишгоҳҳои Ҳиндустон, Россия, Украина, Малайзия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон  шартномаҳои нави ҳамкорӣ баста шуданд. Махсусан, ҳамкории Донишкада бо ҷумҳуриҳои Нигерия ва Бангладеш самаровар буд ва чанд донишҷӯи ин кишварҳо бори аввал таҳсилро дар Тоҷикистон оғоз кард. Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар нимсола 34 нафар буда, нисбат ба соли гузашта 23-то зиёд аст. Дар ин робита, ҳамкориҳо дар самтҳои таҳсилот, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён ва профессорону омӯзгорон натиҷаи хуб доданд. 
Аз ҷумла, Андрей Жиляев, доктори илмҳои тиб, президенти Академияи тиббӣ-техникии Россия, ду бор давоми бист рӯз ба донишҷӯён дарс гуфт. Чунин таҷриба дар такмили ихтисоси ҳам донишҷӯён ва ҳам устодон муҳим аст.
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
РУСТАМ ҒАНИЕВ: «НАҚШАИ ҚАБУЛ 93 ДАРСАД»
Имсол филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Душанбе нақшаи қабули хоҳишмандонро то 93 дарсад ба иҷро расонда, аз 125 нафари дар Маркази миллии тестӣ номнависшуда ҳуҷҷатҳои 116 довталабро қабул кард. 
Ин хабарро Рустам Ғаниев, директори филиал, дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Зикр гашт, ки раванди забономӯзӣ ва тарҷумонӣ дар филиал хуб ба роҳ монда шудааст ва аз шумораи хатмкунандагони шуъбаи лингвистика 25 нафар дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фаъолият дорад.
– Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодагии довталабон курсҳои тайёрӣ ташкил шуданд ва онро 32 нафар хатм кард. Шунавандагонро мо бо хобгоҳ ва шароити зарурии омӯзиш таъмин намудем, – афзуд Рустам Ғаниев.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ маъмурияти муассиса барои қадрдонии 20 ғолиби озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ аз 300 то 5000 сомонӣ, ба роҳбаронашон аз 150 то 2500 сомонӣ мукофот  дод.
Дар доираи ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия 34 донишҷӯи курси 4-ум (равияҳои математикаи амалӣ ва информатика, химия, физика ва геология) ба шаҳри Москва фиристода шуд, ки харҷи таҳсилоти фарогири онҳо як миллион сомониро ташкил медиҳад.
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
Санаи нашр: 15.08.2023 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив