ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

15 сентябр 2023, Ҷумъа
44
0

   
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ «32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ»
1. Ходими давлатӣ, яке аз асосгузорони истиқлоли Тоҷикистон. 2. Баду … . 3. Парранда. 4. НБО-и тоҷик. 5. Иди миллӣ. 6. Хушрӯй, хушнамо …. 7. Духтару писари ҷавон бо ҳам … ҳастанд. 8. Маҳсулоти ширӣ. 9. Деҳа, маҳал. 10. Рӯй ба … овардан. 11. Металли қиматбаҳо. 12. Нӯшоии ташнагишикан. 13. Асбоби мусиқӣ. 14. Гул ё номи занона. 15. Ёдгории таърихии Тоҷикистон. 16. Истиқлолият … бошад. 17. Шаҳр дар вилояти Суғд. 18. Аъзои пайрави ҷумла. 19. Давлати арабӣ. 20. 9-сентябр Рӯзи … аст. 21. Варақаи махсус барои даъвати тӯй. 22. Ҳафтанома. 23. Ноҳия. 24. Китоби Чингиз Айтматов. 25. Арӯсу … . 26. Лампаи физикӣ. 27. Озмуни соҳаи синамои байналмилалӣ. 28. Маҳсулот аз пахта. 29. Шаҳр дар Россия. 30. Ченаки вазн. 31. Пухтани ширинӣ. 32. Рӯзномаи давлатии тоҷикӣ дар Ӯзбекистон. 33. Яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ. 34. Радиои хусусӣ-давлатӣ. 35. Вилоят дар Ӯзбекистон. 36. Соҳаи хизмати давлатӣ. 37. Асбоб барои дидани хурдтарин заррачаҳо. 38. Унвони ҳарбӣ. 39. Маҳсулоти зеризаминӣ. 40. Уқёнус. 41. Навъи варзиш. 42. Давлат дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ. 43. Сайёра. 44. Коргару … . 45. Қаҳрамони Тоҷикистон … Махсум. 46. Маҳсулоти донагӣ. 47. Пешрафт, боло рафтан … . 48. Дарахти фоидаовар. 49. Ширинӣ, хӯрданӣ зеби дастархон. 50. Таъм. 51. Маҳфили ҳаҷвӣ дар Суғд. 52. Элементи химиявӣ. 53. Адиб, муаллифи қиссаи «Юлдош-Командир» Ҳабибулло … . 54. Шабакаи ТВ дар Тоҷикистон. 55. Таом. 56. Ҳафтанома. 57. Тартибу … . 

Тартибдиҳанда Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, сокини ноҳияи Ашт

Масъули рубрика ЗУЛОЛА Бобораҷабова



“ҚАФАС БАРОИ ПАЛАНГОН” Ё ҶАЗОИ САНГИНИ РИШВАХӮРОН ДАР ЧИН
Баъди ба қудрат расидани Си Ҷинпин (соли 2012) дар Чин марҳилаи нави  мубориза бо коррупсия оғоз шуд. Нафароне, ки ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд, ҷазоҳои сангин мегиранд. Аз он вақт инҷониб дар ин кишвар беш аз як миллион корманди давлатӣ барои фасод муҷозот гардид. Мансабдорони баландпояро дар зиндони Синчэн нигоҳ медоранд, ки ин маҳбасро “қафас барои палангон” ном мебаранд. Маҳбусон бо тартиби махсус адои ҷазо менамоянд. 
“Қафас барои палангон” соли 1958 бо кумаки Иттиҳоди Шуравӣ сохта шуда, макони боздошти ҷинояткорони сиёсӣ маҳсуб меёфт. 
Ҳоло дар Синчэн собиқ мансабдорони бонуфуз, аз ҷумла вазири пешини бехатарии ҷамъиятӣ Чжоу Юнкан ва собиқ сардори мегаполиси Чин Чунсин Бо Силай “ҳузур” доранд. Онҳо барои гирифтани пора ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. 

Тарҷимаи Маҳмуд БАҲРОМ


АНДОЗҲОИ ҒАЙРИОДӢ

* Маҷаллаи “Форбс” рӯйхати андозҳои ғайриодиеро нашр кард, ки воқеан, ҷолиби диққатанд.
*Дар Ҷумҳурии Гвения сокинон барои сулҳ андоз месупоранд.
*Сайёҳоне, ки ба ҷазираи Балеарии Испания сафар мекунанд, уҳдадоранд ҳар рӯз барои офтобхӯрӣ 1 евро пардохт намоянд.
*Агар даст ё пойи сайёҳон ҳангоми лижаронӣ дар Австрия шиканад, танҳо пас аз  супурдани андози махсус духтур онҳоро гаҷбандӣ (гипс) мекунад.
*Барои коҳиш додани дарахтбурӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он барои ҳар ҷуфт чӯбчаи хӯрокхӯрӣ аз шаҳрвандон ба андозаи 5 дарсади арзиши он андоз ситонда мешавад.
Таҳияи  Руҳафзо МУРОДОВА



АРӮСӢ ДАР СУДОНИ ҶАНУБӢ
АЗ МАҲРИ ДАНДОНШИКАН ТО ЧАҲОР СОЛИ ЭРКАГӢ
Қабилаи «Динка» дар Судони Ҷанубӣ ба сар мебарад. Барои издивоҷ дар ин қабила аз 100 то 500 гов маҳр муқаррар шудааст. Шумораи говҳо ба қади духтар вобастагӣ дорад, яъне ҳар қадар баланд бошад, теъдоди гов ҳамон қадар зиёд мешавад.
Бо арӯс ба таври махсус муносибат мекунанд. Пас аз ба шавҳар баромадан, арӯси нав 4 сол хӯрок намепазад, ҳеҷ кори хонаро намекунад. Ин давраро давраи қабули лутфу марҳамат дар хонаи нав меноманд. Агар модару хоҳари домод набошад, давоми 4 сол худаш  хӯроки арӯсро мепазад, шустушӯй мекунад, обу ҳезум меорад ва дигар корҳои хонаро анҷом медиҳад. 

Таҳияи Кароматулло АТО


БАЛАНДТАРИН АНДОЗ  АЗ ДАРОМАД
1. ШВЕДСИЯ
Дар Шветсия андоз аз даромади шахсони воқеӣ аз сарчашмаҳои гуногун, аз қабили музди меҳнат, нафақа, фоизҳои баланд ситонда мешавад. 57,2 дарсад меъёри андози ниҳоии шахсони воқеӣ аст. Маблағе, ки аз меъёри андоз аз даромади шахсони воқеӣ гирифта мешавад, манбаи муҳими қисми даромади буҷети Шведсия мебошад. 

Таҳияи Кароматулло АТО



“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН” 
АЛМОСИ САНСИ

Дар баробари нигораҳои машҳури осорхонаи Лувр (Париж), алмоси афсонавии Санси (вазнаш 55,23 карат) гӯшаи махсуси намоишии худро дорад. Онро дар асри XI аз Ҳиндустон пайдо кардаанд. Санги қиматбаҳо борҳо дуздида, фурӯхта ва ҳадия шудааст. Воқеан, қабл аз инқилоби Фаронса ҳамин алмос ороиши тоҷи шоҳон буд. 
Санси пайвандгари достони ишқи Павел Демидов аз оилаи саноатчиёни рус ва Аврора Шернвал, духтари ҳокими қалъаи Виборг буд, ки издивоҷи онҳо тамоми мардуми Россияро ба ҳайрат овард. Санси то соли 1906 дар ин оила нигоҳ дошта мешуд. Соли 1978 Вилям Валдорф Астор, соҳиби нави алмос онро ба осорхонаи Лувр фурӯхт. 

Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ХАТАРИ ТАМОКУ
Аз вазири тандурустии Иттиҳоди Шуравӣ пурсиданд, ки чаро шахси аввал - Иосиф Виссарионовичро аз хатари тамокукашӣ ҳушдор намедиҳад.
- Саломатии худам зери хатар мемонад, - гуфтааст бечора. 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
СОРО
БОНУИ ТОҶИК – РӮЗНОМАНИГОРИ  САРШИНОС ДАР РОССИЯ
Соро Тураева – ин бонуи муваффақи  тоҷик, солҳост дар Федератсияи Россия ба ҳайси хабарнигор фаъолият намуда, яке аз чеҳраҳои шинохтаи телевизионӣ дар ин кишвар гардидааст. Ӯ дар ҳафтсолагӣ ҳамроҳи волидонаш ба Россия рафта, ҳоло соҳиби ду маълумоти олӣ – филологӣ ва идоракунӣ мебошад.
Айни ҳол, Соро дар медиахолдинги Сибири ғарбӣ кор карда, ягона зодаи Тоҷикистон дар Округи мухтори Ханти-Манси аст, ки ба кори рӯзноманигорӣ машғул мебошад. 
– Бисёриҳо бовар надоранд, ки тоҷикам, вале ман ҳамеша бо ифтихор изҳор медорам, ки аз табори тоҷикони баору миллати истеъдодҳоям. Ман Ватанам – Тоҷикистонро дӯст медорам. Ҳар сол ба зодгоҳам шаҳри Конибодом меоям. Ҳоло волидонам ният доранд, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва зиндагии доимиро дар сарзамини аҷдодии худ идома диҳанд, – мегӯяд Соро Тураева. 

Таҳияи Роҳатхони УМЕД



САРВАТ. ЧАҲОР АКТЁРИ МИЛЛИОНДОРИ ҶАҲОН
Дар радабандии сарватмандтарин актёрони ҷаҳон Ҷерри Сайндфелди амрикоӣ бо дороии 950 миллион доллари ИМА ҷойи аввалро касб менамояд. Дуэйн Ҷонсон  бо 800, Шоҳрух Хон бо 750 ва Том Круз бо 650 миллион доллари ИМА дар мақомҳои баъдии доротарин ҳунармандони синамо қарор гирифтаанд. 
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА


ДУ ПАНД
Фолбин сарнавишти худро намедонад, дар ҳоле ки иддаои донистани сарнавишти дигаронро мекунад. 
* * *
Ба ту агар чизе медиҳанд, ба он хотир аст, ки аз ту бигиранд.
 Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


ҚОНУНИ САХТГИР 
Ҳукумати Рагуса (Хорватияи имрӯза) бо мақсади аз вабо муҳофизат намудани мардумаш, соли 1377 қароре қабул кард, ки тибқи он, сайёҳон ва савдогарон бояд пеш аз ворид гаштан ба шаҳр 40 рӯз дар беморхонаи махсуси ҳарбӣ ба сар мебурданд. Тайи ин муддат онҳоро ташхис мекарданд, то мабодо микроорганизмҳои ваборо бо худ наоварда бошанд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЧАРОҒАКИ РОҲНАМО  БАРОИ УШТУРҲО ДАР ЧИН 
Соли 2021 дар музофоти Гансуи Чин аввалин бор дар ҷаҳон барои танзими ҳаракати уштурҳо ва сайёҳон чароғаки роҳнамо насб шуд.
Ҳангоми сабз шудани чароғак аз роҳ уштурҳо убур мекунанд ва ҳангоми сурх будани он сайёҳон мегузаранд.
Шаҳри Дунхуани музофоти Гансу водие дар канори биёбон аст. Он ҳамчун дарвозаи Чин дар Роҳи абрешим хизмат мекард ва гаҳвораи буддизм дар Чин ҳисобида мешавад. Боздид аз кӯҳи Мингша, ғорҳои Могао ва кӯли Ҳилол дар байни сайёҳон, махсусан маъмул аст. Барои сафар бо уштур миёни сайёҳон талабот зиёд аст.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ

 

РАВҒАНМОҲӢ
Моҳие, ки дунёро тағйир дод
Равғанмоҳӣ яке аз серталаботтарин моҳиҳо ба шумор меравад. Дар аксари кишварҳои олам тановули онро чунон дӯст медоранд, ки, ҳатто, соли 1997 дар борааш асари «Равғанмоҳӣ: шарҳи ҳоли моҳие, ки дунёро тағйир дод» («Cod: A Biography of the Fish That Changed the World») таълиф гардид. 
Китоби мазкур базудӣ миёни хонандагон маъруфият пайдо кард ва ба муаллифаш – рӯзноманигор ва нависанда Марк Курланский (ИМА) шуҳрати ҷаҳонӣ овард.    
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР


ABRAJ KUDAI
Бузургтарин меҳмонхона дар ҷаҳон
Меҳмонхонаи Abraj Kudai дар шаҳри Макка (Арабистони Саудӣ) бо масоҳати 1,4 миллион метри мураббаъ дар ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад.
Он имкони дар як вақт қабул намудани 10 000 меҳмонро дорад. 
Abraj Kudai дорои 4 майдони чархбол, 70 тарабхона, 45 мағоза, толорҳои конфронсӣ, варзиш ва истгоҳҳои нақлиётӣ мебошад.
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ


ЧАРЛИ ЧАПЛИН 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ШОҲИ ФИЛМҲОИ МАЗҲАКАВӢ  

1. Чарли Чаплин, ки дар олам бо ҳунари волои худ машҳур гашта буд, дар озмуни «Ҳамонанди Чаплин» (шаҳри Сан-Франсиско) ширкат карда, мағлуб гардид. Аҷибаш он ки, ӯ ҷои 20-умро гирифт.
2. Ӯ дар таърих аввалин ҳунарманде мебошад, ки расмаш дар муқоваи маҷаллаи маъруфи «Тайм» (ИМА) чоп шуд.
3. Тавре иттилоъ дода мешавад, ӯро, ҳатто, пас аз марг ором намегузоштанд. Гап сари он аст, ки ҷасадашро аз гӯр рабуда, пул талаб карданд. Танҳо пас аз чор моҳ ба политсия муяссар шуд, ки ҷинояткоронро дастгир кунанд. Баъдан, баҳри мушкил шудани рабудани ҷасадаш, қабрро аз семент сохтанд. 

Аз русӣ тарҷимаи Дарвеш ҚУРБОНОВ


ХОҲАРОН ДИБАБА – БОСУРЪАТТАРИН ОИЛАИ ҶАҲОН 
Хоҳарон Дибаба, давандаҳои эфиопиягӣ, аз бозиҳои олимпӣ чор медали тилло, ду нуқра ва се биринҷӣ доранд. Инчунин, қаҳрамони 15-каратаи ҷаҳонанд. 
Миёни онҳо Тирунеш Дибаба (марказбуда) серҷоиза аст. Вай дар масофаҳои 10000 ва 5000 метр сазовори се медали тиллои олимпӣ мебошад. Соли 2015 бо сабаби фарзанддор шуданаш, тасмим гирифт, ки муваққатан дар мусобиқаҳо иштирок накунад. Тирунеш дар синни 14-солагӣ ба варзиши сабук шуруъ кард. 
Гендзебе Дибаба дар давидан ба масофаи 1500 метр ва аз 1500 то 5000 метр дар толор рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ШИКАСТНОПАЗИРӢ
ЯК ДАСТ ДАР КОМИ НАҲАНГ, ЯК ДАСТ  БА СӮИ ҚУЛЛАҲОИ МУРОД
Духтараки 13-солаи амрикоӣ Бетани Ҳэмилтон (соли 2003) пас аз сёрфинг дар яке аз ҷазираҳои Ҳавайи вақте  рӯи об болои тахтаи сёрфинг хобида, бо дӯстонаш суҳбат мекард, дасти чапаш дар дохили об буд. Дар ҳамин лаҳза, ногаҳон наҳанге пайдо шуда, бо як газидан дасти ӯро аз китф ҷудо кард. То расидан ба беморхона 60 дарсади хунаш талаф ёфт. Бо вуҷуди ин, бо талоши табибон зинда монда, ба яке аз чеҳраҳои шинохта табдил ёфт. 
Ҳеҷ бовар нокарданист, Бетании қавиирода пас аз 26 рӯзи ҳодиса ба сёрфинг баргашт. Ҳэмилтон азм кард, ки бо беҳтаринҳо рақобат намояд, на бо варзишгарони риштаи паралимпӣ. Ҳамин тавр, ӯ дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон ҷои дуюмро гирифт. 
Соли 2004 китоби шарҳиҳолии Бетани нашр гардид ва соли 2011 аз рӯи он филми ҳуҷҷатие ба навор гирифта шуд. Чопи китоб ва намоиши фарогири филм маъруфияти ӯро боз ҳам  бештар намуд. 
Имрӯз  Ҳэмилтон эҳсонкор аст. Ӯ бо фонди хайриявиаш ба кӯдакони маъюб ва ниёзманд ёрӣ мерасонад. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ЗИНДАГӢ ЯК НАВЪ
Дар синфхона:
- Падарат чӣ кор мекунад, шогирд?
- Таксӣ меронад муаллим!
- Зиндагӣ чӣ хел?
- Як навъ устод!
- Чӣ хел як навъ? Охир зиндагии Беҳрӯз хуб-ку, падараш ҳамагӣ дар «литсензия» кор мекунад. Аз Аваз ҳам хуб, писари як нозири қатории БДА.
- Устод як гап гӯям?
- Чӣ мегӯӣ?
- Агар падарони ҳамин бачаҳо, яъне БДА-ву «литсензия»  набошанд, зиндагии мо ҳам хуб мешавад.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ



10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
9. ЧЖУН ҲУЭЙСЗЮАН
Хонум Чжун Ҳуэйсзюан соҳибкори чинист, ки дар саноати фарматсевтӣ фаъолият менамояд. Мавсуф соли 1961 дар шаҳри Шэнян ба дунё омадааст.
Ӯ муассис ва сарвари ширкати Hansoh Pharmaceutical Group мебошад, ки барои муолиҷаи бемориҳои гуногун, аз ҷумла саратон ва дилу шарён, дору истеҳсол мекунад. Туфайли кӯшишҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии ин хонуми кордон, Hansoh Pharmaceutical Group ба яке аз ширкатҳои калонтарини фарматсевтии Чин табдил ёфта, доруҳои он дар бозорҳо серхаридоранд. 
Чжун Ҳуэйсзюан бо фаъолияти эҳсонкорӣ низ, ном баровардааст.
Тибқи иттилои маҷаллаи молиявии «Форбс», дороияш 16,2 миллиард доллари ИМА арзёбӣ мешавад. 

Аз русӣ тарҷимаи Меҳрона ЗУВАЙДОВА



ДИҚҚАТ!!! РУБРИКАИ НАВ!
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ҶУБРОН
11 май. Дар Ҷопон қаторае аз рӯи ҷадвали ҳаракат бояд аз истгоҳи шаҳри Нотогава ба самти префектураи Сига соати 7-у 12 дақиқа ба роҳ мебаромад. Бо айби мошинист поезд соати 7 -у 11 дақиқаву 35 сония, яъне аз ҷадвал 25 сония барвақттар ҳаракат мекунад. Новобаста аз он ки касе аз ин хатои мошинист зиён мебинад ё не, роҳбарияти роҳи оҳан аз тамоми мусофирон бахшиш пурсида, маблағи сафарро пурра ба онҳо бармегардонад. 

Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА

Санаи нашр: 15.09.2023 №: 186
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив