ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ…

ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ…

22 сентябр 2023, Ҷумъа
18
0


Дар доираи татбиқи иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат садҳо мактаби ҳунармандӣ, ба фаъолият пардохтанд. Навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, ки аз қадимулайём байни халқи мо мавҷуд буд, қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ мерафтанд, аз нав эҳё ва ба таври чашмрас ривоҷ ёфтанд. 

Ин аст, ки, бо мақсади ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиш ва пажӯҳиши мероси фарҳангии ниёгон равнақи тоза гирифта, ҷойгоҳи хосае пайдо кард. Оҳангарӣ як ҷузъи маъруфи он буда,  яке  аз ҳунарҳои  қадимаи  тоҷикон мебошад. 
Назрулло Амиров, номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ, ба ҷузъ аз пешаи асосӣ, инчунин, вақтҳои фориғ аз кор ба оҳангарӣ шуғл меварзад. Зимни суҳбат, ӯ аз нозукиҳои ин касби меросӣ сухан гуфт:
– Падарам усто Исмат оҳангар буд. Ин пешаро ӯ аз гузаштагонаш, ки сулолаи оҳангарон буданд, омӯхтааст. Ман ҳам аз хурдсолӣ ба ҳунаромӯзӣ, хоса оҳангарӣ шавқу рағбати зиёд доштам. Падарам бисёр хоҳони ҳунарманд шуданам буд. Ба ҳамин хотир, пешаи оҳангариро ба ман меомӯзонд, то ки ҳунарро аз худ карда, дастгираш шавам. Ҳамин тавр, ман нозукиҳои оҳангариро аз худ намуда, ба падарам ёрӣ мерасондам.  Ҳамроҳ чанд навъи маҳсулот, аз ҷумла дос, корд, бел, табар, каланд ва афзоли аспро омода карда, ба хоҳишмандон мефурӯхтем. Аз ин ҳисоб сатҳи молиявии худро баланд мебардоштем. “Ҳунар рисолати худро дорад ва аз ҳунарманд ҳалолкориро металабад, хосса кор дар дӯкон”. Мо ин насиҳатро аз падар гирифта, то ҳол аз ин пеша нон мехӯрем, – мегӯяд усто Назрулло. 
Ба гуфтаи ӯ, оҳангар дар давраи қадим соҳиби обрӯю эътибори хос буд, зеро ҳама ба ӯ ниёз дошт. Он замон асп ҳамчун воситаи асосии нақлиёт ва борбардорӣ дар хоҷагӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, тамоми афзолу асбобҳои  асп, ба мисли  эзангу,  наъл, лаҷом, зевари зин ва дигар чизҳои ороишӣ, аз оҳану мису нуқра тавассути ҳунари оҳангар сохта мешуд. Оҳангарон дар рушди деҳот саҳми калон доштанд, ин буд ки, мардуми деҳот ба онҳо бештар таваҷҷуҳ мекарданд. Дар соҳаи кишоварзӣ пешбурди кору рӯзгори ҳар хонадон аз оҳангар вобастагӣ дошт. Юғу сипор, ки воситаи асосии шудгор буд, бе заҳмати оҳангар ба даст намеомад. Оҳангар фақат барои кишоварзону чорводорон қариб 10 - 15 навъи олот тайёр мекард. Аз ҳама кори беҳтари оҳангарӣ ин аз нуқра лаҷом сохтан аст. 
Вале, бо вуҷуди дастгириву имтиёзҳо, дар роҳи рушди соҳа ҳоло мушкилиҳо мавҷуданд. Масалан, дар кишвар корхонаву коргоҳи истеҳсоли оҳан ба қадри кофӣ нест. Бештар ин маҳсулот воридотӣ аст. Барои рафъи ин мушкил оҳангарон барои кори худ қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро мехаранд. 
Дар мамлакат бештари мардум аспсаворию аспдориро дӯст медоранд. Барои тайёр кардани ҷиҳози асп, пеш аз ҳама, ашёи хом даркор аст. Мисол, барои наъли суми асп мех зарур аст. Агар мехи он фулузи рақами 8 ё 10, истеҳсоли Россия набошад, нӯги он мех мешиканад, бинобар ин, ин гуна маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид мешавад.   
Мушкили дигари ҳунармандон ин аст, ки меҳнати дастӣ дар бозор чандон қадр надорад. Ин дар ҳолест, ки маҳсулоти меҳнати дастӣ боқувват ва босифат буда, муддати зиёд метавонад хизмат намояд. Масалан, як доси бо меҳнати дастӣ сохташуда, солиёни зиёд истифода мешуд. Имрӯз бошад, доси истеҳсоли заводҳо, ки зоҳиран зебо менамояд, дар муддати кӯтоҳ мешиканад, зеро омодасозии дос  коркарду обу тоби хоси худро дошта, бо назардошти тарзи дарави алаф чанд таъинот дорад.   
Имрӯзҳо, ки замони омехташавии фарҳангҳост, хуб мешуд, мардум аз анъанаҳои ҳунармандии аҷдодонамон огоҳ бошанд, бо сарчашмаи пайдоиш, тарзи истеҳсол ва истифодабарии он шинос гарданд. Дар эҳёву ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ саҳм гузоранд. Зеро рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанги он буда, дар навбати худ ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва иқтисодиёти кишвар, инчунин, ба беҳтар гаштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат менамояд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 21.09.2023 №: 189
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив