ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПОСИ ДИЛҲО КАРДАНУ ХИДМАТГАРӢ ...

ПОСИ ДИЛҲО КАРДАНУ ХИДМАТГАРӢ ...

26 сентябр 2023, Сешанбе
50
0

 
Дар арафаи Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хабарнигори рӯзнома бо Хуршед Зиёӣ, мавлоношинос, доктори илми фалсафа, профессор, оид ба шуҳрати ҷаҳонӣ, ҷаҳонбинӣ, таъсири неки осори ин орифи бузург дар худшиносӣ,  ваҳдату якдигарфаҳмӣ, мавқеи баланди инсон, рисолати одамӣ дар ҷаҳон, таҷлили ин Рӯзи фархунда ва дигар масоили марбути он ҳамсуҳбат шуд. 

– Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як рӯзи сол, яъне 30 сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ эълон шуд, ки он ҳамасола таҷлил мегардад. Дар заминаи ҳамин таваҷҷуҳи бесобиқа соли 2007-ро ЮНЕСКО низ Соли Мавлоно эълон кард. Дар ин асос  800-солагии  ин орифу шоири бузургро дар ҷумҳурии мо дар  сатҳи баланд гузаронданд. Ин тадбирҳо то куҷо дар шинохти беҳтару бештари Мавлоно мусоидат намуданд?
– Дар ҳақиқат ҳам, бо мақсади бузургдошти сартосарии шахсият ва таҳқиқи осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2009, № 664 «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” ба тасвиб расида, ҳамасола 30-юми сентябр дар сатҳи баланд дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Мавлоно бо иштироки васеи мардум таҷлил мешавад. Ҳамзамон, чунонки маълум аст, соли 2007 тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), дар саросари олам 800-умин солгарди мавлуди Мавлоно таҷлил гардид. Дар ин росто, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2007 оид ба таҷлили мавлуди Мавлоно ба имзо расида, дар рӯзҳои 6-7-уми сентябри соли 2007 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзуи «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» доир шуд, ки дар кори он олимону донишмандон аз сӣ кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар ин Конфронс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханронии пурмуҳтаво баромад карда, бо ифтихори бузург ҳаёт ва осори ин мутафаккири оламгири тоҷикро ба ширкаткунандагон ва тамоми ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Дар баробари ин, ҳамон сол Пешвои муаззами миллат мақолаашонро бо номи “Мавлоно ва ҷаҳони муосир” дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва баъдан, соли 2012 асарашонро бо номи “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ба нашр расонданд, ки дар шинохти бештари Мавлоно ва осори ӯ мусоидат намуданд. Аз ин рӯ, баъд аз даврони шуравӣ, ки осори ин нобиғаи тоҷик ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, даврони соҳибистиқлолиро, бешубҳа, эҳёи дубораи Мавлоно ҳисобидан мумкин аст, ки дар он, қабл  аз ҳама, саҳми Пешвои муаззами миллат хеле бузург аст.

–  Бо ин ки «Маснавии маънавӣ» ва «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ном асарҳои Мавлоноро ба хатти сирилик баргардону нашр намуданд,  аммо теъдодашон ҳанӯз ҷавобгӯи талаботи давр нест. Инчунин,  нархашон барои аксар мардум, шефтагон ва ё роҳравони роҳи дунёи маърифати ин орифи бузург дастрас нест. Чӣ бояд кард, то талабот қонеъ гардад?
– Дар робита ба ин мавзуъ, қайд намудан зарур аст, ки ба шаҳодати адабиётшиноси шинохтаи шуравӣ И. С. Брагинский, зимомдорони ҳукумати онзамонӣ хондани осори Мавлоноро барои мардуми тоҷик манъ намуда буданд. Хушбахтона, истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми кишвари мо озодона бо осори бузурги Мавлоно ошноӣ пайдо кунад. Ҳоло мо куллиёти Мавлоноро, ки аз панҷ асар иборат буда,  аз моҳи майи соли 2023 ба Феҳристи хотираи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, ҳам бо алифбои ниёгон, ҳам бо алифбои имрӯзаи  тоҷикӣ дар даст дорем. «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир», ки ашъори мутафаккирро фаро мегиранд ва «Маҷолиси сабъа», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот», ки аз осори мансури Мавлоноянд, дар кишвари мо ба нашр расидаанд. Аммо, мутаассифона, ҳамаи ин бо теъдоди хеле кам буда, шефтагони шеъру таълимоти ин орифи ҷаҳонгирро қонеъ карда наметавонанд. Ман бовар дорам, ки тавассути ҳамкории давлату бахши хусусӣ, соҳибкорони илмпарвару саховатпеша ин норасоӣ дар муҳлатҳои наздиктарин аз миён бурда мешавад, зеро, чунонки худи Мавлоно гуфтааст, поси хотири дигарон ҳамеша самари нек ба бор меорад:
Поси дилҳо кардану хидматгарӣ
Созадат махдуму бахшад сарварӣ.
–  «Маснавии маънавӣ» дар Ғарб аз асарҳоест, ки хонандагони зиёд дорад. Ҳол он ки ин мардум  онро дар тарҷума мехонанд, на насли мо на дар асл. Албатта, маълум аст, ки тарҷумаи он фарогири назокатҳои сухан намегардад. Оё имкон дорад, ки асар дар мо ҳам аз асарҳое бишавад, ки аз ҳамаи асарҳои бадеиву фалсафии дигар хонандаи бештар пайдо кунад?  
– «Маснавии маънавӣ» асари асосии Мавлоно буда, аз соли 1257 то вафоти муаллиф эҷод шудааст, вале нотамом мондааст. Ин асар  аз шаш дафтар ва тахминан 25685 байт иборат буда, ҳамчун китоби дарсӣ барои шогирдон навишта шудааст. «Маснавӣ» барои тоҷикзабонон китоби рӯимизӣ ба шумор мерафт ва онро хурду бузург мутолаа мекарданд. 
Ибтидо аз солҳои бистуми қарни гузашта “Маснавӣ”-ро шарқшиноси шинохта Рейнолд Николсон ба забони англисӣ тарҷума намуд, ки дар шакли тарҷумаи таҳтуллафзӣ бо наср буда, агарчи назокату мавзунии шеъри Мавлоноро инъикос карда наметавонист, ба миллионҳо хонандаи ғарбӣ писанд омада буд. Баъдан, шоир ва адабиётшиноси амрикоӣ Колман Баркс тарҷумаи пораҳои шеърии Мавлоноро аз “Маснавӣ” ва “Девони кабир” дар 13 маҷмуаи хурду бузург ба табъ расонд, ки машҳуртарини онҳо “Ҷавҳари Румӣ” буд, дар  27 фасл ва 269 пораи шеърӣ. Ба шаҳодати муҳаққиқони амрикоӣ, тарҷумаҳои К. Баркс ашъори Мавлоноро дар ИМА ба  бестселлер – пурхонандатарин китоб, ҳатто бештар аз асарҳои Шекспир, табдил доданд.
“Маснавӣ”-и Мавлоно дар Тоҷикистон низ, албатта, шумораи зиёди хонандагони худро дорад, вале дар самти ҷалби бештари мардум бояд тадбирҳои иловагӣ  андешида шаванд. Ин, қабл аз ҳама, бо теъдоди бештар нашр карда, дастраси мардум гардондани ин асар ва осори дигари Мавлоно мебошад. Ҳамзамон, имсол, тибқи нақшаҳои ҳукуматӣ, бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ озмуни “Маснавихонӣ” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар арафаи зодрӯзи шоир баргузор мегардад. Ин ва дигар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ, бешак, барои тарғибу ташвиқи осори Мавлоно мусоидат мекунанд.

– Пажӯҳиши осори Мавлоно ва асрору ҳикмати он аз кас дониши васеъро хостор аст. Мутаассифона, мо чунин пажӯҳишгарону ошиқони Мавлоноро бисёр кам дорем. Таъсиси гурӯҳҳои мавлоношиносӣ дар риштаи суханшиносии донишкадаву донишгоҳҳо ба пешрафти соҳа оё мусоидат карда метавонад?
– Пажӯҳиши осори Мавлоно дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои шастуми қарни гузашта аз ҷониби академик А. Баҳоваддинов ва профессор Н. Одилов оғоз гардида буд. Баъдан, доир ба фалсафа ва шеъри Мавлоно дар даврони истиқлоли давлатӣ муҳаққиқони таърихи фалсафа ва адабиёт корҳои арзандаро ба анҷом расонданд. Аммо ҳамаи ин ҳанӯз ҳам басанда нест, зеро осори Мавлоно хеле фарох буда, танҳо “Маснавӣ” баҳр ва ё уқёнусест, ки дар кӯза ҷой карда шудааст ва таҳқиқи амиқро талаб мекунад. Албатта, Мавлоно фарзанди замони худ буд ва афкори ӯ дар асоси ҳамон ниёзмандиҳое, ки дар он замона буданд, гуфта шудаанд. Аммо, дар баробари ин, дар шеъру насри Мавлоно чунин ақидаҳое ниҳонанд, ки доир ба масъалаҳои ҷовидонӣ буда, дархӯри талаботи ҳама давру замонанд. Онҳоро метавон бо манфиати зиёде дар тарбияи насли наврасу ҷавонони муосир низ, пурсамар истифода намуд. Махсусан, аз он, ки илми асосӣ барои ин шоиру мутафаккири бузург ҳанӯз дар қарни  сездаҳум худшиносӣ – посух ҷустан ба саволи “ман киям?” будааст:
Ҷони ҷумла илмҳо ин аст, ин,
Ки бидонӣ, ман киям дар явми дин.

Аз ин рӯ, бо таҳқиқи осори Мавлоно аз ҷониби шахсони алоҳида наметавон тамоми паҳлуҳои таълимоти ӯро фаро гирифт. Бо ин мақсад, мувофиқ мебуд, ки дар «Хонаи Мавлоно», ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат дар  Хатлонзамин бунёд гаштааст ё дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар сохтори худ факултет ва ё кафедраҳои забону адабиёт ва фалсафа доранд, маркази алоҳидаи мавлоношиносӣ таъсис дода мешуд.
– Асрори мусиқавияти ғазалҳои Мавлоно ё худ Шамси Табрезӣ то ба ҳанӯз кашфношудаанд. Аз ин рӯ,  ба онҳо оҳангҳои мувофиқ баста наметавонанд. Албатта, дар ин маврид Давлатманд Холов истисност. Чӣ тадбир бояд андешид?
– Шеъри Мавлоно, ки дар тамоми олам ҳаводорони худро дорад, бо ду хусусияташ чунин шуҳратёр гаштааст – тараннуми ғояҳои баланд ва хушоҳангӣ, бадеияти воло. Аз ин рӯ, ба андешаи банда, ки мутахассиси соҳаи мусиқӣ нестам, танҳо ҳамон оҳангу суруде ба шеъри Мавлоно муваффақият пайдо мекунад, ки ба ҳар ду ҳамин ҷанбаи шеъри ин нобиға такя мекунад. Чунонки устод Мирзо Турсунзода доир ба ғазали машҳури Саъдӣ «Эй, сорбон» гуфта буданд, хонанда бояд бо мутолии ин шеър ҳатман рафтани корвонро эҳсос кунад, вагарна ин мутолиа натиҷае намедиҳад. Ба ҳамин минвол, ҳангоме ки хонанда шеъри Мавлоноро мехонаду бо гуфтани «Эй ошиқон, эй ошиқон» муҳаббати ҳақиқиро ба зиндагӣ, инсон, Меҳан эҳсос намекунад, ба муроди хеш аз ин мутолиа намерасад. Дар асоси ин, ман бовар дорам, ки оҳангсозону сарояндагони мо қодиранд, ки бо мутахассисони адабиёту фалсафа машварат ороста, асарҳои ҷолиби мусиқӣ дар заминаи шеъри Мавлоно эҷод намоянд. Ин кор то имрӯз ба ҳунарманди маъруфи тоҷик Давлатманд Холов, овозхони зиндаёди афғон Аҳмад Зоҳир, оҳангсози машҳури ИМА Филипп Гласс, ки дар асоси ашъори Мавлоно соли 1998  як опера бо номи “Ҳашамати шафқат” эҷод намудааст ва дигар санъаткорон муяссар гаштааст. Барои дигарон низ кӯшишҳои самимӣ дар ин самт беҳуда нахоҳанд буд, зеро шеъри Мавлоно то ҳол касеро навмед накардааст ва чунонки худи ӯ дар “Маснавӣ” мегӯяд: “...висоли ёр з-ин саъям расад!”...

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.09.2023 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив