ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН. БА ДЕҲАИ ШӮРАК ОБ МЕОЯД

ИСТАРАВШАН. БА ДЕҲАИ ШӮРАК ОБ МЕОЯД

26 сентябр 2023, Сешанбе
11
0

 Сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Истаравшан бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар руҳу илҳоми тоза гирифта, ташаббусҳои созандагиву ободониро дар ҳудуди шаҳру деҳот вусъати тоза мебахшанд.

Бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатқарини шаҳри Истаравшан сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомада бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешистодаи Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххас меандешанд. 
Дар ин росто, дар шаҳри Истаравшан сохтмони иншооти гуногунсоҳа бомаром идома дошта, саҳми соҳибкорону сокинони шаҳру деҳот низ дар ободониву бунёдкориҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ басо назаррас мебошад. 
Чанде пеш сокинони маҳаллаи Ясӣ, деҳаи Шӯраки деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан аз он хушҳол гаштанд, ки рӯзҳои наздик бо оби тозаи ошомиданӣ ва оби  полизӣ таъмин мегарданд.
Тибқи иттилои масъулон, чоҳи амудӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо ҷудо гардидани 250 ҳазор сомонӣ ва беш аз 170 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сокинони деҳаи Шӯрак бунёд ёфта, зиёда аз 300 хоҷагӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегардад.
Хатти оби полизӣ ва нӯшоӣ тавассути чоҳи амудӣ бо истифода аз қубури қутраш 160 мм аз чуқурии 160 метр дастрас шуда, он барои обёрӣ кардани беш аз 7 гектар заминҳои бекорхобида пешбинӣ шудааст. 
Зимни боздид ва шиносоӣ аз мавзеи мазкур ба раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми пешгирифтаи сокинони маҳалла ба ҳар як хонаҳои дурдаст бо роҳи хобондани қубурҳои обгузар оби нӯшоӣ таъмин карда мешавад. 
Адҳам Маъмурзода зимни суҳбат бо сокинон, ба ин амали неки мардуми деҳаи Шӯраки деҳоти Гули Сурх баҳои баланд дода, даъват ба амал овард, ки ҳарчи зудтар об ба аҳолӣ дастрас карда шуда, минбаъд ҳар қатраи онро самаранок истифода баранд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд. 

Саъдулло САЙФУЛЛОЗОДА, 
рӯзноманигор, ш. Истаравшан

Санаи нашр: 26.09.2023 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив