ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИСИ КАТОДӢ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ НАХУСТИН

МИСИ КАТОДӢ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ НАХУСТИН

29 сентябр 2023, Ҷумъа
15
0


Нахустин коргоҳи муосир дар Осиёи Марказӣ, ки бо истифода аз технологияи оксигении зери фишор коркарди консентрати мису тиллоро ба роҳ монда буд, расман ба истеҳсоли маҳсулоти стандартии миси катодӣ шуруъ кард. 

Коргоҳи нави ҶДММ Корхонаи муштараки “Зарафшон” холигоҳро дар истеҳсоли миси катодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пур кард, ки дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар рӯйдоди муҳим аст. Аз ин ба баъд коргоҳ харидоронро бо ашёи хоми муҳим таъмин менамояд.
Дар Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, нахустин маҷмуи маҳсулоти миси катодӣ ба маъраз гузошта шуд, ки онро сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ тамошо карданд.
Коргоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири роҳандозии коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи боигариҳои табиии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар оянда миси катодии истеҳсолгардида чун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда пешниҳоди харидорон мешавад. 
Сохтмони коргоҳи нав бо мақсади иҷрои ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – Саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ гардид. Он дар як шабонарӯз 500 тонна консентрати дорои мис ва тиллоро коркард менамояд. Дар коргоҳи металлургии мис технологияи пешрафтатарини истеҳсолоти сабз ва камкарбони сатҳи ҷаҳонӣ истифода мешавад, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, дар оқилонаву каммасраф коркард кардани консентрати мис ва тилло беназир мебошад. 
Маҷмуи мукаммали технологияи коркарди консентрат аз ҷониби Ширкати «ЗИҶИН» мустақилона тадқиқот ва кашф шудааст, ки метавонад ба таври муассир металлҳои қиматбаҳо, аз қабили тилло, нуқра ва мисро, аз дохили хокаи бойгардондашуда ҷудо намояд. Чунин технология дар Осиёи Марказӣ назир надорад. Технология дар корхонаи фаръии Ширкати «ЗИҶИН», дар музофоти Гуйчжоуи Чин бомуваффақият татбиқ карда шуда, аз ҷониби олимони соҳавии Чин ҳамчун технологияи умумӣ ва пешрафтатарини сатҳи байналмилалӣ  эътироф ва сазовори ҷоизаи дараҷаи якуми илм ва технологияи саноати металлургии Чин гардид.
Ҳамин тариқ, бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4500 тонна миси стандартии катодӣ истеҳсол мегардад, инчунин, сабиқаҳои тилло ва нуқра ҳар сол ҳамчун маҳсулоти иловагӣ истеҳсол мешаванд, ки ба саноати миллӣ кумаки калон мерасонанд.

Рао ЯНХОН, 
Лай ЧЮШЕНГ,
Муҳибулло ШАРИФОВ

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив