ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ. СТИПЕНДИЯИ САФИРИ ЧИН БА ДОНИШҶӮЁНИ ФАЪОЛ СУПУРДА ШУД

ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ. СТИПЕНДИЯИ САФИРИ ЧИН БА ДОНИШҶӮЁНИ ФАЪОЛ СУПУРДА ШУД

29 сентябр 2023, Ҷумъа
16
0


Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба маросими супурдани стипендияи сафири Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гашт.  Дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, намояндагон аз вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳ иброз дошт, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 2007 ҳамкории дуҷониба дар самти маориф ва илм роҳандозӣ шудааст. Фаъолияти самараноки Донишкадаи муштараки Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шаҳодати амиқи сатҳи баланди ҳамкориҳо дар самтҳои гуманитарӣ, маориф ва фарҳанг мебошад.
Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарварони кишварҳои мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳо байни кишварҳо ва халқҳои мо ба сатҳи комилан нав баромаданд. Дар рафти сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи майи соли ҷорӣ 25 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин созишномаҳо мутмаинам ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидати бештар менамоянд. 
Метавон бо хушнудӣ зикр кард, ки тӯли фаъолияти Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон афзоиши таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони чинӣ мушоҳида мешавад. Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон забони чиниро меомӯзанд ва бо ёрии Донишкадаи Конфутсий, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши худро дар донишгоҳҳои олии Чин идома медиҳанд. Бисёри онҳо донишгоҳҳои Чинро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият менамоянд, ки барои ин мо ба ҷониби Чин изҳори миннатдорӣ менамоем.
Ректор таъкид кард, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши забони чинӣ сабабҳои гуногун дорад. Аз ҷумла, донистани ин забон ба онҳо имкони дарёфти ҷойи кор ва пешбурди тиҷоратро фароҳам меорад.   Сарфи назар аз он, ки забони чинӣ яке аз забонҳои мушкил барои омӯзиш дониста мешавад, шумораи одамоне, ки мехоҳанд ин забонро омӯзанд, ҳамасола   меафзояд.   
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, сараввал 20 донишҷӯи барҷастаро, ки соҳиби стипендияи сафир гардиданд, табрик гуфта, ба ҳамаи меҳмонони дар маросим иштирокдошта барои ташриф дуруду изҳори сипос намуд. 
Сафир гуфт, ки роҳбарони ду кишвар – Чину Тоҷикистон ба ҳамкориҳои соҳаи маориф аҳамияти хосса медиҳанд. Моҳи майи соли равон сарварони кишварҳои мо дар шаҳри Сиани Чин мулоқоти таърихӣ баргузор карда, оид ба таҳкими табодули маориф ва ҳамкорӣ миёни Чину Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд. Таъсиси стипендияи сафири Чин як тадбири муҳими пешбурди ҳамкориҳои маорифи Чину Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи он дастгирии донишҷӯёне, ки дӯстдори забони чиниву фарҳанги Чин, инчунин, расондани кумак ба онҳо дар амалисозии орзуҳояшон мебошад. 
Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф пулест, ки робитаҳои байни одамонро зиёд менамояд. 
– Донишҷӯёне, ки соҳиби ҷоизаи стипендияи сафири Чин гардиданд, ба таври интихобӣ интихоб шуданд ва намояндагони барҷастаи омӯзандагони забони чинӣ мебошанд, – гуфт сафир. Ғолибони имрӯза на танҳо муаррифгари ҳамкориҳои маорифи Тоҷикистону Чин, балки ифтихори муштараки мо хоҳанд буд. 
Дар фарҷоми чорабинӣ Ҷи Шумин ба 20 нафар донишҷӯи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, ки аз ҳама ҷиҳат нишондодҳои аъло доранд, стипендия ва ифтихорнома супурда, таъкид намуд, ки дар омӯзиши забони чинӣ саъю кӯшиши бештар намоянд, ва ба натиҷаҳои беҳтару барҷастатар ноил гарданд.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив