ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

29 сентябр 2023, Ҷумъа
11
0


ОЗМОИШГОҲИ СОЗҲОИ МИЛЛИИ МУСИҚӢ  ТАЪСИС ЁФТ
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа  Сатторов озмоишгоҳи омӯзишӣ ҷиҳати таҳқиқ, таъмир ва тармими созҳои миллии мусиқӣ ба  фаъолият шуруъ кард. Ҳамчунин, бо дастгирии  Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» синфхонаи лингофонии муҷаҳҳаз бо технологияҳои нав мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳадаф аз таъсиси  озмоишгоҳ, ҷалби муҳаққиқон ва устоҳои бомаҳорати созҳои халқӣ баҳри омӯзиш, таҳқиқ, таъмир, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мувофиқ сохтани созҳои миллии тоҷикӣ мебошад.


"ЧОДАРИ ХАЁЛ"
Театрҳои касбии лӯхтаки ИДМ дар Душанбе
Аз 24 то 29-уми октябр дар шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мегардад. Дар ин маҳфили байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат меварзанд. 
Ҳадафи аслии Фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак ва беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар ҳошияи «Чодари хаёл» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин Фестивал театрҳои давлатии лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ хоҳанд кард.


ШУКРОНА МАДИЕВА – «МУРАББИИ ТОҶИКИСТОН-2023»
Мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Мураббии Тоҷикистон-2023» гардид. 
Дар Озмун боз 4 довталаб, аз ҷумла мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №24-и шаҳри Бохтар Мастура Алимзода,  мураббии кӯдакистони №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Марҳабо Бобоҷонова, мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова, мураббии кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саврина Оҷибангиева донишу малакаи касбии хешро озмуданд.
Маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби Озмун 30-юми сентябр зимни таҷлили Рӯзи омӯзгор баргузор мегардад.

Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив