ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОН. ТАШАККУЛИ МУҲИМТАРИНИ ОМИЛИ ДАВЛАТДОРӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

ЗАБОН. ТАШАККУЛИ МУҲИМТАРИНИ ОМИЛИ ДАВЛАТДОРӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

09 октябр 2023, Душанбе
36
0


Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давлати миллӣ бо доштани забони миллии худ устувор ва пойдор мемонад.

Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Моро дар таърих маҳз ба воситаи забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ба ин хотир, ҳамасола 5-уми октябр дар саросари Тоҷикистони азиз Рӯзи забони давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. 
Ин нуктаро дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ин рӯзи фархунда, ки 5-уми октябр дар ноҳияи Сангвор баргузор шуд, муовини раиси ноҳия Вафозода Садорати Ҳусайн иброз намуд. 
Зикр гашт, ки Рӯзи забони давлатӣ яке аз падидаҳои мубораки даврони истиқлол буда, мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
22-юми  июли соли 1989, баъди ба тасвиб расидани Қонуни забон дар иҷлосияи даҳуми Шурои Олӣ,  Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид шуд. Ва азбаски ин рӯз ба давраи таътили тобистонаи муҳассилини макотиби миёнаву олӣ рост меомад, ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни миллӣ  ғайриимкон  буд.
Аз ин лиҳоз, дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне 5-уми октябри соли 2009, қонуни нав таҳти унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва соли 2010 ҳамчун санаи ҷашнӣ дар Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” сабт шуд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  худ ба Маҷлиси Олӣ (26-уми апрели соли 2013)  иброз доштанд: «Забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо – тоҷикон, аст».
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои рушди забони давлатӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуда, ҳеҷ гуна мамонияте дар роҳи инкишофи он вуҷуд надорад. Ҳамин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд.
Дар охири чорабинӣ гуфта шуд, ки мо бояд ба забони модариамон арҷ гузорем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро  ҳифзу пуштибонӣ аз забон чун ҳимояи марзу буми Ватан барои ҳар як фарди ҷомеа қарзи шаҳрвандиву инсонист.
Дар ин бора ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор иттилоъ доданд.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив