ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ ОСИЁ

БОЗИҲОИ ОСИЁ

09 октябр 2023, Душанбе
39
0


Ҳайати Тоҷикистон 7 медал ва 2 роҳхати олимпӣ гирифт
XIX Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки 23-юми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин оғоз гардида буд, 8-уми октябр ба анҷом расид.
Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 108 варзишгар аз рӯи 18 равияи варзишӣ ба бозиҳо сафарбар гардида, 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Медалҳои тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо (-81кг) ва Давлат Болтаев дар варзиши бокс (-92кг) ба даст оварданд. Ягона медали нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар ҷудо (+100кг) сазовор гашт. Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷудо (-73кг), Миҷгона Самадова дар бокс (-57кг), Хайрандеш Муродзода (-66кг) ва Ҳақназар Назаров (-90кг) дар кураш медали биринҷӣ гирифтанд. Ҳамчунин, тибқи системаи интихобии олимпии варзиши бокс, Давлат Болтаев ва Миҷгона Самадова роҳхат ба бозиҳои олимпии Париж-2024-ро дарёфт карданд.
Дар ҳисоби умумии медалҳо кишвари мизбон – Чин бо 383 медал (201 тилло, 111 нуқра, 71 биринҷӣ) ҷои аввалро касб намуд. Ҷопон бо 188 медал (52-67-69) ҷои дуюм, Корея бо 190 медал (42-59-89) соҳиби ҷои сеюм шуданд. Тоҷикистон миёни 45 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 24-ум қарор гирифт.
Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик, ки дар бозиҳо медали тилло ба даст оварданд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, барандагони медали нуқра ва биринҷӣ мутаносибан бо 100 ҳазор ва 50 ҳазор сомонӣ қадр мешаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолибон хонаи сеҳуҷрагӣ, барандаи медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барандагони медали биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.


ҶУДО
Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуд
4-5-уми октябр дар маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон (миёни мардон ва бонувон) баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсола, дар баробари паҳлавонони тоҷик, гӯштигирони Федератсияи Россия, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Муғулистон, ширкат карданд.
Миёни мардон Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Абубакр Боқиев (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ҳама аз Тоҷикистон, Ҳикматулло Тӯраев (81 кг), Шермуҳаммад Чандриев (-100 кг) ва Бекмурод Олтибоев (+100 кг) ҳама аз Ӯзбекистон пирӯз гаштанд. Байни занон  Сита Қадамбоева (-52 кг) ва Нилуфар Эрманбетова (-57 кг) ҳар ду Ӯзбекистон ва Ҷонона Назарова (-63 кг) аз Тоҷикистон мақоми аввалро гирифтанд.
Ғолибону ҷоизадорон дар ҳар вазн бо медалу мукофотпулӣ (ҷои якум 2500 доллари ИМА, ҷои дуюм 1500 ва ҷойи сеюм 1000 доллар) қадр шуданд.


Чемпионати ҷаҳон
Медали биринҷии паҳлавони ҷавони тоҷик 
4-7-уми октябр дар шаҳри Одивеласи Португалия Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон доир гашт.
Дар чемпионат 541 варзишгар аз 68 давлат ширкат карданд. Тоҷикистонро Фазлиддин Садриддинзода (-66кг), Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Сайфиддин Сайфиддинзода (-81кг), Умедҷон Раҷабов, Сомонӣ Кишваров (-90кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100кг), Иброҳимҷон Элмуродов (+100кг) намояндагӣ намуданд.
Аз миёни онҳо ба Абубакр Шеров муяссар шуд, ки сазовори медали биринҷӣ гардад. 


ФУТБОЛ
Бозии «Равшан» бо «Олтин Асир» мусовӣ шуд
Рақобати «Равшан»-и Кӯлоб дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2023/24 дар минтақаи марказӣ бо тими «Олтин Асир»-и Туркманистон мусовӣ (1:1) ба анҷом расид. Голи “Равшан”-ро легионери танзаниягӣ Эммануэл Мваненго зад.
«Равшан» дар даври навбатӣ 26-уми октябр бо тими «Абдиш-Ата» – чемпиони Қирғизистон бозӣ мекунад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив