ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТАХТИ САНГИН – НАМОДИ ОМЕЗИШИ ТАМАДДУНИ ШАРҚУ ҒАРБ»

«ТАХТИ САНГИН – НАМОДИ ОМЕЗИШИ ТАМАДДУНИ ШАРҚУ ҒАРБ»

09 октябр 2023, Душанбе
26
0

Ба ифтихори 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин 5-уми октябр бо  ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони  «Тахти Сангин – намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, президенти Академия Фарҳод Раҳимӣ, донишмандони хориҷӣ аз 14 давлати дунё ва бостоншиносони ватанӣ ширкат варзиданд. 

Зимни баромади худ Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академия, иброз дошт, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, суннатҳои мардумӣ ва баргузории ҷашнҳои таърихии кишвар мавқеи меҳварӣ дорад ва дар кишвари мо он ба ҳукми анъана даромадааст.   Дар Тахти Сангин, ки яке аз ёдгориҳои нодир дар қаламрави кишварамон маҳсуб мешавад,   омезиши санъати меъморию ҳунармандӣ ва фарҳанги Шарқу Ғарб ба назар мерасад, ки ин  бисёр муҳим аст. Соли 2015 Тахти Сангин  ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд ва бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020  баргузории ин ҳамоишро ба рӯйхати ҷашнвораҳои солҳои 2022-2023, ки аз тарафи ЮНЕСКО тасдиқ мешавад, дохил намуданд, ки ин чорабиниро имрӯз баргузор намуда истодаем. 
Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ,  нахуст, аз номи Ҳукумати кишвар меҳмонон, бахусус донишмандони хориҷиро, ба Симпозиуми байналмилалӣ  хуш омадед гуфт. Баъдан, зикр намуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, барои ташвиқи таърих, мероси моддӣ-маънавии халқи тоҷик имкониятҳои нав ба нав фароҳам омад ва  дар ин замина, олимону донишмандони кишвар ба дастовардҳои назарраси илмӣ, аз ҷумла кашфу муаррифии ёдгориҳои  бостонӣ,  ноил гардиданд.  
Дар Симпозиум, ҳамчунин, олимону муҳаққиқони кишвар ва мамолики хориҷӣ  дар бораи бузургиву нодир будани Тахти Сангин ва ёдгориҳои қадимаи миллати тоҷик андешаҳояшонро иброз намуданд.  

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив