ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ».  ҶАҲОНГИР ДАДАҶОНОВ БАРАНДАИ «ШОҲҶОИЗА» ШУД

«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ».  ҶАҲОНГИР ДАДАҶОНОВ БАРАНДАИ «ШОҲҶОИЗА» ШУД

01 ноябр 2023, Чоршанбе
23
0


28-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода маросими тантанавии ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гашт. 
Мувофиқи хулосаи  ҳакамон, дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҷарроҳи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов бо «Шоҳҷоиза» ва 70 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мушарраф гардид. 
Бояд гуфт, ки дар даври ниҳоии Озмун 579 довталаб  ширкат намуда, 133 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Ҷойҳои якум бо 35 ҳазор сомонӣ, нафароне, ки ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд,  мутаносибан, бо 25 ҳазор ва 15 ҳазор сомонӣ қадр гаштанд.
Қобили зикр аст, ки бо дастури Пешвои миллат соли равон бори аввал барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардид, ки тибқи он, иштирокчиёни даври чоруми озмун – хонандагони синфи 11 ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун ва ройгон қабул мешаванд. 
Ҳамчунин, соли равон озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои типи нав – литсею гимназияҳо дар алоҳидагӣ баргузор гардид. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42-то зиёд гардида, ба 132-то расид.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар айни замон дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хоса пайдо намудааст.

Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив