ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

23 октябр 2023, Душанбе
71
0

 
Идомаи сафари корӣ
Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии Восеъ ва Рӯдакӣ 
20-уми октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи энергетикӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Бонки рушди Осиё бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуд. Фармоишгари он ҶСК “Барқи Тоҷик” буда, паймонкор ширкати консорсиуми “Генсер ва Ҷенерал электрик” мебошад. Зеристгоҳ бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии мамлакат бунёд ёфт. Иншоот бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, дорои сифати баланд аст. Дар зеристгоҳ 15 мутахассис, ки сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. 
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и Рӯдакӣ ва хатти интиқоли барқи 110 кВ-и Восеъ – Рӯдакӣ дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо тариқи видеоӣ мавриди истифода қарор доданд. Аз зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-а 25 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Рӯдакӣ ва 200 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Восеъ истифода мебаранд. Ин иншоот низ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории Бонки рушди Осиё бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуд. Зеристгоҳ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз мебошад. Дастгоҳҳои зеристгоҳ дорои сифати баланданд. Дар иншооти навсохт 16 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид. 
Дар саҳну атрофи зеристгоҳи барқӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ парвариш мешаванд. Роҳравҳои иншоот сафолакпӯш, гирду атрофи он чароғон ва бо деворҳои иҳотавӣ маҳкам шудаанд.

Маркази ҷавонони ноҳияи Восеъ
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, ба истифода доданд.
Маркази ҷавонон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон аз ҳисоби буҷети давлатӣ қомат афрохт. Дар он барои фаъолияти ҷавонон тамоми шароити корӣ фароҳам аст.
Фармоишгари он Кумитаи ҷавонон ва варзиш буда, паймонкор ҶДММ “Қудрати Данғара” мебошад. Сохтмони Марказ соли 2021 шуруъ ёфта, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид. Дар ҷараёни сохтмон зиёда аз 30 нафар бинокори маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардид. 
Дар Марказ барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзии ҷавонон синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ сохта шуданд. Иншоот дорои маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои барҳаво буда, дар онҳо шароити муосир фароҳаманд. Намои дохилӣ ва берунии бино бо шаклу унсурҳои миллӣ ва муосир оро ёфта, ба маркази ноҳия ҳусни дигар зам менамояд.
Пешвои миллат, зимни суҳбат, ҷавононро ба илмомӯзӣ, бахусус аз бар кардани техникаву технологияи муосир, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва хидмати софдилона ба нафъи давлату миллат, ҳидоят намуданд. 

Муассисаи хусусии томактабии “Офтобак” 
20-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии “Офтобак”-ро ба истифода доданд.
Кӯдакистон дар деҳаи Ҷаврези деҳоти Абдӣ Авазов бунёд гардида, барои 320 кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншоот чорошёна буда, дар он 19 мураббӣ ба тарбиятгирандагон таълим медиҳад. Муассиса аз ҷониби ҶДММ “Комил 2010” эъмор гашта, аз 24 ҳуҷраи машғулиятгузаронӣ, ошхона, толорҳои варзишу мусиқӣ ва баргузории маҳфилҳои гуногун, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории хӯрокворӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Ҳуҷраҳои алоҳидаи хобу истироҳати кӯдакон бо таҷҳизоти муосир, аз қабили рахти хоб ва ашёи дигари фароғатӣ, таъминанд. Дар саҳни Муассиса суҳбаткадаҳо барои ба истироҳату фароғат ва дигар машғулият фаро гирифтани кӯдакон, инчунин, майдончаҳои бозии бо таҷҳизоти нави дилхушӣ муҷаҳҳаз ташкил гашт.
Муассисаи томактабии “Офтобак” баҳри истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шуд.  Бинои навбунёд ба системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар ҳудуди боғча дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ парвариш мешаванд. Роҳравҳои он бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш шуда, барои кӯдакон арғунчак ва дигар намуди бозичаҳо насб гардидаанд. Ҳамчунин, соҳибкорон ду километр роҳи байни деҳотро мумфарш карданд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нав, мураббияҳоро ба таълиму тарбияи кӯдакон дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят намуданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49 дар деҳаи Охҷар
20-уми октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ба истифода доданд.
Иншоот баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати мамлакат бо шарикони рушд сохта шуд. Бинои Муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад. Он аз  синфхонаҳои химия, физика, математика, технологияи таълими меҳнат барои писарону духтарон, компютерӣ ва китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Ҳадаф аз бунёди Муассиса, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Сохтмони иншоот соли 2021 оғоз гардида, он дар заминаи амалисозии лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф" аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна" бо ҷалби мутахассисони ҶДММ «Фирӯз» бунёд ёфт. Бино дорои системаи гармидиҳии мустақил буда, бо усули каммасрафи истифода аз ангиштсанг дар айёми сардиҳои фасли зимистон тамоми синфхонаҳо гарм карда мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамомада дар даргоҳи нави маърифат шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагони Муассиса суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Роҳи автомобилгарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт 
ба истифода дода шуд
20-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук – Темурмалик – Кангуртро расман ифтитоҳ намуданд.
Масофаи ин қитъа 60 километр ва паҳноияш аз 7 то 12 метрро ташкил дода, дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар ин масир 76 лӯлаи обгузар хобонда, ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, пойдеворҳои муҳофизатӣ ва 5 пули мошингузар бунёд шуданд. Корҳои сохтмониву навсозӣ бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё анҷом ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки бунёди роҳи нақлиётгарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт 1-уми ноябри соли 2021 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд. Лоиҳаи таҷдиду навсозии он, бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. 
Паймонкори сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» мебошад.  Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ду марҳала иборат  аст:  марҳалаи  якум  Ҳулбук  –  Темурмалик  33,4  км  ва  марҳалаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25,17 км. Ифтитоҳи роҳи автомобилгарди ноҳияи Восеъ – Ҳулбук – Темурмалик – деҳоти Кангурт боз як қадами устувор дар ҷодаи рушди сайёҳӣ дар кишварамон ба шумор меравад. Ҳоло дар мамлакат, дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ оид ба бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, инчунин, як силсила лоиҳаҳо барои бунёди роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ амалӣ мегарданд.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев 
20-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ифтитоҳ карданд.
Боғи фарҳангию фароғатӣ дар масоҳати 1,2 гектар аз ҷониби сокинони ватанпарвари ноҳияи Восеъ, бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ, бунёд шуд. Баъди ба истифода додани он даҳ сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.  Дар ҳудуди иншоот барои дӯстдорони варзиш майдончаи муосири футбол сохта шуда, дар он барои тамрини ин бозӣ шароити зарурӣ фароҳам овардаанд. Акнун, кӯдакону наврасон имкон доранд, дар ин ҷо мусобиқаҳои гуногун доир карда, ба обутоби бадан машғул шаванд.  Дар Боғ дуто атраксион, ҷойи бозии кӯдакон дар масоҳати 4000 метри мураббаъ бо тамоми шароитҳои зарурӯ бунёд ёфта, иншоот макони асосии истироҳату фароғати сокинон ва кӯдакон аст.
Шомгоҳон намуди Боғи фарҳангию фароғатӣ зебою дилрабо гардида, дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам мекунанд. Панҷ фаввораи зебову замонавӣ, ки шаклу услуби хос доранд, бо чароғҳои ранга оро ёфтаанду диққати сокинону меҳмононро ба худ ҷалб менамоянд. Гирди Боғи фарҳангӣ панҷарабандӣ шуда, дарвозаи даромадгоҳро бо санъати баланди меъморӣ зинат бахшидаанд. Дар мавзеъҳои гуногуни Боғи фарҳангӣ 400-то дарахти сояафкану ҳамешасабз, зиёда аз 110 ҳазор гули мавсимӣ парвариш меёбанд ва масоҳати 14980 метри мураббаъро замини майсазор ташкил медиҳад. Дарахтону гулу буттаҳо ба таври муосир шодоб мешаванду роҳравҳо бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардиданд. Дар як гӯшаи намоёни Боғ нимпайкараҳои қаҳрамонҳои меҳнати сотсиалистӣ аз ноҳияи Восеъ бо минбари саҳнавӣ сохта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки танҳо аз ноҳияи Восеъ бо заҳмати пуршараф ва натиҷаҳои баланд 11 нафар бо унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гашт.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, вакили Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ Миралӣ Маҳмадалиев парда бардошта, руҳи ӯро шод намуданд. Дар шафати Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои хуштарҳи идораи ҷамоат ва қасри фарҳанг қомат афрохтанд, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдид гардиданд. Мавриди зикр аст, ки собиқ роҳбари хоҷагии ба номи Ленин шодравон Миралӣ Маҳмадалиев бо кордонию инсондӯстӣ ва талошҳову ташаббусҳо дар замони Иттиҳоди Шуравӣ деҳаи Охҷарро ба макони ободу пешрафтаи  ноҳияи Восеъ табдил доданд. Ҳамон вақт дар деҳа роҳҳои тахту ҳамвор сохта шуда, сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин буданд. Дар баробари дигар иншоот, муассисаҳои фарҳангии деҳа обод ва дар хизмати мардум қарор доштанд.
Баъди шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону дигар сокинони ватандӯсти ноҳияи Восеъ барои иқдоми шоиста – обод кардани як гӯшаи диёр, баҳои баланд доданд.

Сардхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ дар деҳаи Селбур
20-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолиро ба истифода доданд.
Коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, мевахушккунӣ, бандубаст ва анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи сокини ватанпарвари ноҳияи Восеъ, роҳбари ҶДММ “Мир Осор” Нуриддин Қаҳҳоров дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо усули муосири меъмориву сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони нав сохта шуд. Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ ва сардхона 35 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Дар корхона дар як баст 10 намуд маҳсулоти қаннодӣ дар ҳаҷми 2 тонна истеҳсол мегардад. Дар коргоҳи дигар бошад, дар як баст 5 тонна мева ва сабзавот хушконда шуда, ҷавобгӯ ба талаботи бозор бандубаст мешавад.   Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳҳо аз кишварҳои тараққикардаи олам, аз ҷумла Туркия, харид ва насб гаштанд. 
Иқтидори ғунҷоиши сардхона то 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аст. Айни ҳол коргарони Ҷамъият ҳосили заминҳои кишти худ, аз қабили сабзавоту меваҷотро барои талаф наёфтан ва ҷиҳати тамоми сол таъмин кардани сокинон бо маҳсулоти тару тоза, захира намудаанд. Иншооти мазкур баҳри амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат, ташкили ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва рақобатнокии он дар бозор бунёд ёфтанд. Маҳсулоти корхона дорои сифати баланд буда, дар бозори дохилӣ  талабгорони зиёд дорад. 
Бояд гуфт, ки тайи нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 23 корхонаи истеҳсоли меваи хушк ва 107 корхонаи маҳсулоти қаннодӣ сабт шуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ 4,5 ҳазор тонна меваи хушк ва 18,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол намуданд.  Моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ 358,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 54 138 тонна хушкмева содирот гардид. Дар ҳамин мавзеъ аз тарафи роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Ҳусайн”-и ҶДММ “Мир Осор” дар масоҳати 3,3 гектар замин боғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои истифодаи самараноки замин байни қатори дарахтон сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ киштаанд.
Хоҷагии деҳқонии “Ҳусайн” 10 коргар дошта, боз 40 нафари дигар мавсимӣ ба кор ҷалб мегардад. Дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ барои боло бурдани иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла лиму, дар масоҳати 0, 6 гектар гармхона бунёд карданд. Дар саҳни бинои коргоҳҳои нави ҶДММ “Мир Осор” дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои зебои мавсимӣ парвариш меёбанд. Роҳравҳои иншоот, сафолакпӯш гардида, гирду атрофи муассиса чароғон шудааст.
Баъди шиносоӣ бо шароиту имконоти коргоҳҳо ва сардхона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии бисёрсоҳаи “Мир Осор” барои обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои кор ва истеҳсоли молу маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ изҳори сипос намуданд.

Пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ
20-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкашии деҳаи Тосқалъаи деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур баҳри истиқболи сазовори  Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуд. Дар расми ифтитоҳи иншоот аз рӯи лоиҳаҳо ва бо тариқи монитор намоиш додани лавҳаҳои видеоӣ ба Роҳбари давлат доир ба сифати корҳо ва иқтидори пойгоҳи насосӣ ва обанборҳо маълумот доданд.   
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади таъмини сокинони деҳаҳои Тосқалъаи Поён ва Боло, Гулдара, Арал, Заркамар, Зардолубоғ, Ҳулбук ва деҳаи ба номи Элмурод Хоҷаев, дар маҷмуъ, 40 деҳа ва 155 ҳазор аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, 5 пойгоҳи обкашӣ бунёд гардида, бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳазанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд.
Фармоишгари иншоот маркази идораи “Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ” мебошад.  Корҳои сохтмонии обанборҳои зеризаминӣ ва ҳавзҳои танзими обтаъминкунии пойгоҳи насосии "Тосқалъа" аз ҷониби паймонкор ҶДММ “Приоритет” бо сифати баланд ба сомон расид. Ҳамчунин, ба саҳни бино дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ зинат бахшидаанд. Роҳравҳои иншоот таъмиру тармим ва атрофи муассиса чароғон шудаанд.
Тадбири мазкур дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 " татбиқ гардида, барои сокинони маҳаллӣ дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад, зеро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур мушкилоти чандинсолаи сокинон аз байн рафт. 

Истиқболи меҳмони олиқадр дар ноҳияи Муъминобод
20-уми октябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти бахшҳои маорифу саноат ва сайёҳиву кишоварзӣ, ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳия Пешвои муаззами миллатро сокинони касбу кори гуногун ва ҷавонони фаъол бо ихлосу меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.

Бинои иловагии МТМУ № 10 ифтитоҳ гардид
21-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-ро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат бо шароити бинои нав аз наздик ошно шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд. Бинои иловагӣ дуошёна буда, сохтмони он бо назардошти афзоиши аҳолии деҳа ва номусоид будани вазъи бинои қаблии мактаб анҷом ёфт. Муассисаи нав 11 синфхона дошта, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Иншооти мазкур чор синфхона дорад, ки дар онҳо, тибқи талаботи замони муосир, омӯзиши фанҳои химия, физика ва биология ба роҳ монда шудааст.  Барои баланд бардоштани донишҳои техникии толибилмон ва омӯзондани нозукиҳои кор бо технологияи муосир, таълимгоҳ дорои синфхонаи алоҳидаи компютерист, ки он бо хатти баландсуръати интернет таъмин мебошад. Ҳамчунин, дар дигар синфхонаҳо бо истифода аз тахтаҳои электронӣ ба хонандагон дарс омӯзонда мешавад, ки ба баланд шудани сифати таълим мусоидат хоҳад кард.
Дар бино синфхонаи “Инкишофи кӯдак” ташкил гардид, ки дар он 30 нафар таълим мегирад. Дар он барои омодасозии кӯдакон ба машғулиятҳои таълимӣ ва баланд бардоштани саводи онҳо шароити мусоид фароҳам аст. Ҳамчунин, бинои нав дорои роҳравҳои барҳавою зебо буда, таъмини гармӣ дар иншоот бо истифода аз буғхонаи алоҳида амалӣ мешавад. Иншооти мазкур, ҳамчунин, камераҳои мушоҳидавӣ дорад.
Зимни боздид, иттилоъ доданд, ки бо истифода аз синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои духтарону писарон, хонандагон метавонанд маҳорати кандакорӣ, дуредгарӣ, қаннодӣ, ҳунари пухтупаз ва дӯзандагиро аз бар намоянд. Ҳамзамон, дар бинои иловагии МТМУ №10 ҳуҷраҳои кории роҳбарияти таълимгоҳу иншооти ёрирасон ҷойгиранд. Бинои иловагии Муассиса аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо саҳми Ҳукумати мамлакат ва Бонки исломии рушд соли 2022 оғоз ва дар муҳлату бо сифати баланд бунёд гашта, гирду атрофашро бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зинат бахшидаанд. Ҳамчунин, саҳни он сафолакпӯш шуд. Ба хотири рушди намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар назди Муассиса майдончаҳои замонавӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бунёд ёфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имконияту шароити фароҳамомада баҳои баланд дода, хонандагонро вазифадор намуданд, ки ин имконотро ба хотири азбаркунии илмҳои замонавию омӯзиши забонҳои хориҷӣ самаранок истифода баранд.

Бинои иловагии МТМУ № 12 дар деҳаи Ҳанатарош
21-уми октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод, дар деҳаи Ҳанатарош Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро ба истифода доданд.
Бинои иловагии таълимӣ барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Иншоот 24 синфхона дорад, ки дар онҳо барои омӯзиши хонандагон шароити мусоид фароҳам мебошад. Аз ҷумла, дар синфхонаҳо, дар баробари дарсҳои амалӣ, ҳамчунин, бо истифода аз аёниятҳои таълимӣ ба хотири сайқал додани дониши хонандагон, дарсҳои назариявӣ гузаронда мешаванд. Хусусан, ҷиҳати омӯзиши фанҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология, геометрия, физика ва ҷуғрофия ташкил гардида, дар амалия толибилмон таҷрибаву омӯзиш мегузаронанд.
Омӯзиши нозукиҳои кор бо компютер дар синфхонаи алоҳидаи таълимӣ, ки бо хатти баландсуръати интернет пайваст мебошад, сурат мегирад. Чунин имконот дар оянда ба сифати таълиму тарбия таъсири нек расонда, ба мустаҳкам шудани савияи дониши хонандагон мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, азхудкунии забонҳои хориҷӣ  дар синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронда мешавад. Дар баробари ин, бино дорои синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон аст.
Роҳравҳои барҳаво ва саҳни дохили бинои иловагии таълимӣ мувофиқи талабот бо шиору навиштаҷот, аксу гуфтаҳои шоирону нависандагон ва қаҳрамонҳои миллӣ оро ёфтаанд. Барои таъмини ҳарорати муътадили синфхонаҳо дар назди муассиса системаи алоҳидаи марказонидашудаи гармидиҳӣ бунёд гашт.
Дар маҷмуъ, бинои иловагии МТМУ №12 дар масоҳати 1,8 гектар доман густурда, намои берунаи он бо сабку услуби баланди меъморӣ ва гулҳои ороишии рангоранг зинат дода шудааст. Барои истироҳати омӯзгорону хонандагон дар саҳни бинои иловагии МТМУ нишастгоҳҳои замонавӣ мавҷуданд.

Сардхона дар мавзеи Зартеппа 
21-уми октябр дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод сардхонаро ба истифода доданд.
Сардхонаи замонавӣ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирӣ ва маблағгузории ҶДММ «Заркорон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иттилоъ доданд, ки сардхона, бо ғунҷоиши 1000 тонна меваю сабзавот, дар масоҳати 0,8 гектар сохта шудааст. Бо ба истифода додани он 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардид. Бо назардошти минтақаи аграрӣ будани ноҳияи Муъминобод, бунёди чунин сардхона амри зарурист, зеро дар аксар маврид, бинобар набудани чунин иншоот, маҳсулоти хоҷагидорон талаф меёфт. Дар иншооти мазкур дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳарорати дохили сардхонаро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, васлу насб шудаанд.
Ба фаъолият оғоз кардани сардхонаи ҶДММ “Заркорон” василаи муҳими бо маҳсулоти тоза таъмин намудани аҳолӣ дар фаслҳои зимистону баҳор мебошад. Бо ин мақсад, дар сардхонаи нав коргарон сабзӣ, картошка, себ ва дигар номгӯи маҳсулотро захира кардаанд. Инчунин, ҷиҳати нигоҳдории муваққатӣ ва бандубасти маҳсулот, дар ҳудуди сардхона анбори калон бунёд гардид. Бартарияти дигари сардхона он аст, ки тариқи шартнома барои нигоҳдории стандартӣ аз аҳолӣ меваю сабзавотро қабул менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон барои бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳамаи фаслҳои сол баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки, бо истифода аз имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ноҳия, ҳаҷми захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунанд.

Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ва маҳсулоти ширӣ 
21-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави Поёни деҳоти Деҳибаланд корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ва маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ дидан намуданд.
Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк баҳри истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи ҶДММ “Заркорон” бунёд ёфт. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди 20 тонна картошка ва истеҳсоли 8 тонна картошкаи бирён (чипс) мебошад. Арзиши лоиҳавии корхона 1 миллион сомонӣ буда, хатти технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуд. Бартарии корхона он аст, ки маҳсулот бо истифода аз картошкаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад ва бо сифати баланду рақобатпазир буданаш, воридотивазкунанда низ мебошад. Дар корхонаи нав дар як баст барои 20 нафар ҷойи кор фароҳам омад. Дар натиҷаи мавқеи устувор касб кардан дар бозори истеъмолӣ ва дар се баст фаъолият намудан, дар корхона то 60 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои тавсеаи бештари истеҳсолот вазифадор карда, дастур доданд, ки маҳсулоти маҳаллӣ, аз ҷумла картошка, мавриди коркарди ниҳоӣ қарор гирад. Бояд гуфт, ки алҳол дар мамлакат 6 корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) фаъолият дорад. Дар нуҳ моҳ онҳо 41,4 тонна маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 тонна зиёд аст. Дар коргоҳи маҳсулоти ширии ҶДММ “Заркорон”, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, 10 нафар бо кор таъмин гардид. Маҳсулоти корхона ба 10 намуд мерасад. Ҷомеи меҳнатии коргоҳ ҷурғоту қаймоқ, сметанаву творог, маска ва чаккаву дӯғи аз лиҳози экологӣ тозаро тавассути дастгоҳҳои пешрафтаи соҳавӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон мегардонанд. Иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 44 тонна шир дар як моҳ буда, арзиши лоиҳавии он 2,9 миллион сомонӣ мебошад. Хатти технологии корхонаи маҳсулоти  ширии  ҶДММ  “Заркорон”  аз  Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуд. Бо ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи ширии ҶДММ “Заркорон”, ҳаҷми воридоти шир ба корхона бештар ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ меафзояд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк ва маҳсулоти ширии ҶДММ «Заркорон», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори сипос карда, ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави кор ба онҳо дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии корхонаҳои ҶДММ “Заркорон” боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳи саноатӣ беш аз 20 намуд консерви меваю сабзавот, нӯшобаву шарбат, 10 намуд маҳсулоти ширӣ, ки дар коргоҳҳои ҷамъият истеҳсол шудаанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Ба истифода додани бинои Маркази ҷавонон 
21-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминобод бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавононро ифтитоҳ бахшиданд.
Иншооти мазкур баҳри пешвози сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот дуошёна буда, фармоишгар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва паймонкор ҶДММ “Муҳайё” мебошанд. Масоҳати умумии майдони иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил дода, худи бино, бо назардошти иншооти ёрирасон, дар масоҳати 250 метри мураббаъ доман густурдааст. Маркази ҷавонон дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ, маркази касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагию пазандагӣ, буда, барои кормандон тамоми имкониятҳои фаъолият муҳайёст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Марказ, бо назардошти баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши забонҳои хориҷию технологияи компютерӣ ҷалб намудани онҳо, имкониятҳои мусоид фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида бо техникаю технологияи насли нав муҷаҳҳазанд. Бояд гуфт, ки ошёнаи якуми бино аз синфхонаҳои омӯзиши технологияи иттилоотӣ, пазандагӣ, маҷлисгоҳ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар ошёнаи дуюм синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дӯзандагӣ ва ҳуҷраҳои маъмурият ҷойгиранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз иншоот, ба сифати корҳо баҳои баланд дода, масъулонро ба фаъолияти пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан ҳидоят намуданд. 
Маҷлисгоҳи Марказ бо тарҳ ва дизайни муосир оро ёфта, барои гузарондани чорабинию маҳфилҳои оммавӣ мусоид аст. Ҳоло дар Марказ ҷавондухтарон барои ҳунаромӯзӣ дар равияи дӯзандагию кадбонугӣ ҷалб шуда, машғулиятҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба гузаронда мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо масъулон, роҳандозии омӯзиши забонҳои хориҷиро дар Марказ иқдоми зарурӣ шумурда, ба ҷавонон таъкид сохтанд, ки аз шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар самаранок истифода бурда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешбурд ва рушди соҳаҳо ҳиссагузор бошанд. Зеро Тоҷикистон ба ҷавонони донишманду лаёқатманд ва дорои ахлоқи ҳамидаю маърифати баланд эҳтиёҷ дорад.
Ҷавонони фаъоли ноҳия ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки ҳар як сухани пурҳикматашонро сармашқи кори худ карда, дар оянда барои пешбурди сиёсати Ҳукумати мамлакат ва гулгулшукуфии Ватани азизамон – Тоҷикистон, саҳми арзанда мегузоранд.
Қобили зикр аст, ки шакл ва намои берунаи Маркази ҷавонон бо усулҳои меъморию шаҳрсозии муосир оро ёфта, атрофи он дар масоҳати беш аз 320 метри мураббаъ майсазор ва сабзкорӣ гардид. Бояд таъкид дошт, ки дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи мукаммал таҳия шуда, то имрӯз 31 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифт.
МҒТ ”Коллеҷи тиббии хусусӣ”-и Муъминобод
21-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Муъминобод Муассисаи ғайридавлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии хусусӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коллеҷ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаҳои созандагӣ ба хотири таҷлили шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Давлаткарим Сафаров дар муҳлати кӯтоҳ бунёд ёфта, барои 500 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ мегардад. Дар Муассисаи нави таълимии касбӣ  ду факултет аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ фаъол шуд. Соли хониши 2023-2024 дар ду факултет тавассути Маркази миллии тестӣ 180 донишҷӯ ба тариқи шартномавӣ аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат дохил гаштанд.
Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида ва суҳбат бо донишҷӯён, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҷиҳати омӯзиши пешаи интихобкардаашон ва дар оянда бо дасту дили пок хизмат намудан ба нафъи халқу миллат ҳидоят карданд. Муассиса бо тарҳу шакли муосир эъмор гашта, барои илмомӯзии донишҷӯён ҳамаи имкониятҳои моддӣ-таълимӣ фароҳам аст. Ба донишҷӯён 40 омӯзгор дарс мегӯяд. Масоҳати Муассиса 6000 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бинои мазкур аз се ошёна, 21 синфхона, китобхона, қабулгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорону ҳамшираи тиббӣ,  маҷлисгоҳ, толори хониш ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Бобати гузарондани соатҳои тарбияи ҷисмонӣ ва ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди Муассиса майдончаи муҷаҳҳази варзиш бунёд ёфт.
Ба хотири бо об таъмин кардани Муассиса ва роҳандозии фаъолияти нуқтаи гармидиҳии коллеҷ, чоҳи амудӣ ва захирагоҳи об бо ҳаҷми 97 метри мукааб сохта шуд. Синфхонаҳои таълимии Муассиса бо таҷҳизоти замонавӣ, асбобҳои аёнӣ ва камераҳои назоратӣ муҷаҳҳазанд. Таълимгоҳ дорои 37 компютер, 4 тахтаи электронӣ бо проектор, китобхона бо фонди зиёда аз 2000 ҳазор китоби тахассусӣ ва таълимӣ мебошад. Ҷиҳати бунёду муҷаҳҳазгардонии Коллеҷ ду миллиону ҳафтсад ҳазор сомонӣ харҷ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкори маҳаллиро саривақтӣ шумурда, ин иқдомро нишонаи волои пуштибонии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҶДММ “Заркорон”
21-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулистони деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назаров ба комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон” ташриф оварда, бо нашъунамои боғҳои пиставу олуи сиёҳи содиротӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаи чорвои хушзоту парандаҳои нодир шинос шуданд. Маҷмааи агросаноатӣ соли 2021 дар масоҳати 20 гектар доман густурд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аз маҷмуи заминҳои дар ихтиёрдоштаи Ҷамъият 5 гектар боғи писта, 4 гектар олуи сиёҳ, 5 гектар боғи интенсивӣ ва боқимондаро боғҳои гелосу зардолу дар бар мегиранд. Ташкили боғҳо дар ин мавзеъ бо назардошти талаботи замон буда, дар ин ҷо ниҳоли меваҷоте парвариш меёбанд, ки ҳамагӣ содиротиянд. Қобили зикр аст, ки айни ҳол ниҳолҳои боғи писта нашъунамои хуб доранд. “Марҷони кӯҳӣ” ва “Хандонак” аз навъҳои ин мева аст, ки баъди 5-6 сол ба ҳосил медароянд. Бино ба иттилои мутахассисони соҳа, ин навъҳои писта дар шароити сунъӣ, яъне боғӣ, пас аз 25-30 сол самар медиҳанд ва аз як гектар 60-70 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтикороти бунёдкорон ҷиҳати ташкили боғу токзорҳо дар заминҳои бекорхобида изҳори қаноатмандӣ намуда, ташаббуси мазкурро намунаи олии пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои боғи навбунёди олуи сиёҳ, ки чор гектари ин минтақаи агросаноатиро ташкил медиҳад, шинос шуданд. Иттилоъ доданд, ки дар боғи олуи сиёҳ пайванд гузаронда шуда, таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дорад.
Аз он ки иқлими ноҳияи Муъминобод барои парвариши олу мувофиқ аст, тибқи гуфтаи деҳқонону мутахассисон, ин навъи дарахтон, аллакай, баъди се сол ба ҳосил медароянд. Маҳсулоти ин боғ содиротӣ буда, дар бозори дохиливу хориҷӣ харидорони зиёд дорад. Ҳоло ниҳолҳои олуи сиёҳ нашъунамои хуб дорад.
Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати риояи дурусти қоидаҳои парвариши олуи сиёҳ дар ин минтақаи кӯҳӣ тавсияҳои муфид доданд. Баъди боздид аз фаъолияти боғоту иншооти истеҳсолии комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон”, Пешвои миллат дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаи чорвои хушзоту парандаҳои нодир дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барзгарони ноҳияи Муъминобод, ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза, ҳамеша даст ба кор буда, дар ин давра, бо дарназардошти ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ, дар майдони 15 ҳазору 262 гектар зироатҳои кишоварзӣ киштанд. Аз маҷмуи заминҳои киштшуда, 11 ҳазору 209 гектар ғалладонагиҳо, 654 гектар картошка, 917 гектар зироатҳои техникӣ, 627 гектар сабзавот ва 193 гектараш полизӣ мебошанд. Муъминобод минтақаи аграрист ва саҳми деҳқонони он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас буда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ҷойгоҳи хоса доранд. Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 26 ҳазору 315, картошка 10 ҳазору 887, полизӣ 4 ҳазору 193, сабзавот 15 ҳазору 98, меваҷот 10 ҳазору 700 ва ангур 2 ҳазору 370 тоннаро ташкил дод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат ва саҳмгузорӣ дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ба деҳқонон изҳори миннатдорӣ намуданд. Гуфта шуд, ки ноҳияи Муъминобод барои гирифтани ҳосили фаровони ҳамаи намуди маҳсулот иқлими мусоид дорад. Аз ин рӯ, бо истифода аз ҳавои мусоид кишоварзонро зарур аст, ки аз гузашта дида, пурмасъул бошанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳми бештар гузоранд. Дар бахши чорводорӣ низ ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои рушдкарда ба шумор рафта, дар он, бо мақсади амалисозии барномаҳои соҳавӣ чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Айни ҳол дар ноҳия саршумори чорвои калони шохдор 41 ҳазору 834, чорвои майдаи шохдор 145 ҳазору 331, асп 3 ҳазору 435, паранда 116 ҳазору 292 сар ва занбӯри асал 7 ҳазору 627 оиларо ташкил медиҳад.  Истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, пилла, пашм ва асал дар ин давра назаррас буда, мувофиқи нишондодҳои оморӣ рӯ ба афзоиш аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳия, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро назаррас арзёбӣ карда, ба масъулон ҷиҳати аз ҳисоби заминҳои бекорхобида боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Роҳбари давлат таъкид сохтанд, ки барои рушди соҳаи кишоварзию чорводорӣ дар ноҳияи Муъминобод сол ба сол шароити мусоид фароҳам гардида, мушкилоти ҷойдошта марҳила ба марҳила бартараф мешавад.
Аҳли заҳмат аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба заминдорон миннатдорӣ баён дошта, ваъда доданд, ки барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми худро мегузоранд.

Оғози фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Заркорон” 
21-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон”, ҳамчунин, ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Корхона дар масоҳати 600 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар он мурғи бройлерӣ парвариш мешавад. Ҳоло дар он 4500 сар мурғ нигоҳубин гардида, раванди кор бо тариқи автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Мурғи гӯштиро то 45 рӯз парвариш ва, баъдан, забҳ мекунанд.
Вазни меъёрии мурғи бройлерӣ то 2,2 килограмм буда, ҳамчун гӯшти парҳезӣ ба бозорҳои дохилӣ мебароранд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол беш аз 100 тоннаро ташкил дода, дар марҳилаҳои баъдӣ ҳаҷми истеҳсолот меафзояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз коргоҳи мурғпарварӣ, ба фаъолияти корхона ва имкониятҳои парвариши мурғ баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати афзоиши истеҳсолот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ вазифадор карданд.
Бояд гуфт, ки сохтмони корхонаи мурғпарварӣ дар се марҳала сурат гирифта, дар марҳалаҳои дуюму сеюм бунёди боз ду сехи дигар дар назар аст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон”, ҳамчунин, корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ бо 4500 сар мурғ, фаъолият менамояд. Айни ҳол дар корхона дар як  рӯз то 4000 дона тухм истеҳсол шуда, баъди пурра ба фаъолият пардохтан, ҳаҷми истеҳсол зиёд мегардад. Ҳоло коргоҳ бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар бозори дохилӣ мавқеи хоса дорад.
Президенти мамлакат аз ташаббуси соҳибкорон ҷиҳати ҳамовозии онҳо дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, ба масъулон барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Як қисми комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон”-ро парваришгоҳи парандаҳои нодир ташкил медиҳад, ки дар масоҳати 1,2 гектар доман паҳн мекунад. Дар ин бешазор парандаҳои кабк 2 ҳазору 574, мурғи ороишии брама 217, фазан 64, мурғи марҷон 1445, товус 14 ва кабӯтар 23 сар нигоҳубин мешавад.
Ҳамаи парандаҳои мавҷуда ба иқлим ва релефи ноҳияи Муъминобод мутобиқ буда, ҳадафи таъсиси парваришгоҳ зиёд намудани саршумори ин намуди парандагон мебошад. Ҳоло нигоҳубини парандаҳо зери назорати қатъии мутахассисон қарор дорад. 
Бунёди парваришгоҳи парандаҳои нодири ҶДММ “Заркорон” яке аз бандҳои тарҳрезигардида бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба яке аз маконҳои зебои сайёҳӣ табдил ёфтааст.  
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши фазан, ки яке аз парандаҳои зебои нодир мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулон ҷиҳати зиёд намудани саршумори ин навъи паранда маслиҳатҳои муфид доданд.

Ба истифода додани роҳи автомобилгарди 
Муъминобод – Ғеш – Чилдухтарон
21-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаи Муъминобод – Ғеш – Чилдухтаронро ба истифода доданд.
Роҳи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти ҶДММ «Заркорон» дар муддати кӯтоҳ ва мувофиқи меъёрҳои сохтмонии муосир бунёд ёфт.  
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масофаи роҳи сохташуда 12 километрро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо харҷи 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ анҷом гирифт. Роҳи мазкур ба категорияи 4-уми роҳдорӣ шомил мебошад. Дар таъмиру таҷдиди роҳ, асосан, мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ саҳм дошта, бо маоши хуб таъмин буданд.
Сохтмони роҳ, махсусан сокинони маҳаллиро, ки ҳамарӯза аз он истифода мебаранд, хушҳол намуд. Ин роҳ ноҳияи Муъминободро ба ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик мепайвандад ва барои сайругашти сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоидро фароҳам месозад.
Дар ҳамин ҷо лоиҳаҳои сохтмони қитъаи роҳи «Чашмасор – Лангар», роҳҳои таворавии шаҳри Кӯлоб ва қитъаи роҳи автомобилгарди «Тугарак – Шамсиддин Шоҳин» муаррифӣ гардиданд. Бояд таъкид кард, ки корҳои лоиҳакашии қитъаҳои роҳи автомобилгарди Чашмасор – Лангар ва Тугарак – Шамсиддин Шоҳин ба анҷом расида, дар баррасии экспертизаи давлатӣ қарор доранд.   
Табиист, ки бунёди роҳҳо ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ва боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат карда, мушкилоти мардумро рафъ месозад. Бо дарназардошти ҳамин нукта, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи бунёду навсозии роҳҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мекунанд.
Дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки ҳамчун минтақаи сайёҳӣ шинохта мешавад, сол ба сол инфрасохтори соҳаи нақлиёт беҳтар мегардад, ки ин тадбир ба ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки давоми соли равон аз ҷониби ҶДММ “Заркорон” дар чанд роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта корҳои сохтмонӣ ҷараён гирифта, 20 километр роҳ асфалтпӯш карда шуд.

Парваришгоҳи ҳайвоноти нодир 
21-уми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангал боздид ба амал оварданд.
Масоҳати парваришгоҳ 363 гектар буда, он барои нигоҳубини ҳайвоноти нодир иқлими мусоид дорад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ҷангалҳои ноҳия ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирс, гург,  силовсин, рӯбоҳ ва парандаҳои гуногун, аз ҷумла лочин, боз ва уқоб, мавҷуданд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири афзоиши саршумор, ҳайвоноти нодирро ба табиат сар доданд. Дар парваришгоҳ барои нигоҳубин ва марҳала ба марҳала зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир шароит ва имкониятҳои васеъ вуҷуд дорад. Ҳудуди парваришгоҳ бо симтӯр иҳота шудааст.  Иқлими мусоиди Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Муъминобод, имконият медиҳад, ки дар натиҷаи нигоҳубини дуруст, саршумори ҳайвоноти нодир сол ба сол бамаротиб афзояд. Ба роҳ мондани парвариши ҳайвоноти нодир барои рушди соҳаи сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, замина гузошта, дар оянда омили муҳими ҷалби гардишгарони дохилию хориҷӣ ба Тоҷикистон мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз парваришгоҳ, бо масъулони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, ҷиҳати дар оянда зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир, дуруст парвариш кардан ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ сохтани ҳайвоноти аз хориҷи кишвар воридгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мавҷуд будани имконияти табиӣ дар беҳтарсозии гуногунии биологӣ ва афзоиши навъҳои ҳайвоноти нодир аҳамияти калон дорад. Дар шароит ва мевқеи ҷуғрофии Тоҷикистон таъсиси парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳо афзалият дошта, аз ҳадафҳои ояндадори Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Парваришгоҳ дар мавзеи зебоманзар ва хушобу ҳавои ноҳияи Муъминобод ташкил гардида, дарахтони зиёд ва гулу гиёҳҳои гуногуни худрӯй дорад. Дар ин ҷо, асосан, чормағз, хуч, татум, себи ҷангалӣ ва ғайра хуб нашъунамо ёфта, дарахтони ҳамешасабз муҳити атрофро сабзу хуррам нигоҳ медоранд. Хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод 17 ҳазору 423 гектар замин дошта, шумораи коргаронаш 34 нафарро ташкил медиҳад ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосили дарахтон ва гулу гиёҳҳои шифобахш беш аз 60 нафар ба кор ҷалб мешавад. Кормандони хоҷагиҳои ҷангали кишвар, дар баробари парвариши ҳайвоноту наботот, инчунин, ба ҷамъоварии меваю рустаниҳои шифобахш, ки Тоҷикистон аз ин неъматҳои табиӣ бой аст, машғуланд.
Тибқи иттилои масъулони Хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод, айни ҳол дар анборҳо 3 тонна чормағз, 2 тонна меваи хушк, асосан себи ҷангалӣ, 500 килограмм хуч, 100 килограмм татум ва 600 килограмм гиёҳҳои шифобахши чойкаҳак, пудина ва ҷамилаку тахач захира шуданд.
Дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти табиию хушсифати хоҷагиҳои ҷангал дидан карданд. Аҳли хоҷагиҳои ҷангал маҳсулоти гуногун, аз ҷумла меваҳои тару хушки олучаи кӯҳӣ, себи ҷангалӣ, хуч, дӯлонаҳои зарду сурх, зардолу, олучабандак, чормағз, бодоми талхак, зирки зелол, санҷид ва асалро ба маъраз гузоштанд. Баъди эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва беҳтар гардидани фаъолияти мамнуъгоҳҳои кишвар, таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён, ба имкониятҳои сайёҳии байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.
Бояд гуфт, ки дар кишвар ҳоло шумораи зиёди мамнуъгоҳҳо ва хоҷагиҳои ҷангал фаъолият доранд. Ҳадаф аз таъсиси онҳо ва парваришгоҳҳо ҳифзи олами ҳайвоноту наботот мебошад. Фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал ва парваришгоҳҳо ба рушди сайёҳии экологӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал барои афзун гардондани гуногунии биологӣ, ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ниҳолпарварӣ ва, дар маҷмуъ, барои пешрафти иқтисоди мамлакат судовар аст.
Бояд гуфт, ки табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар ҷалб менамояд. Амну субот, рушди бахшҳои муҳим, фаслҳои зебои сол, рӯду чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, мавзеъҳои таърихӣ, мамнуъгоҳҳо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон имкон фароҳам меоваранд, ки боздиди сайёҳон аз Ватани азизамон бештар гардад.

Санаи нашр: 23.10.2023 №: 210
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив