ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН АМНТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН

ТОҶИКИСТОН АМНТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН

08 ноябр 2023, Чоршанбе
56
0


Маркази "Геллап" (“Gallup”) дар натиҷаи як назарсанҷӣ Тоҷикистонро дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой додааст. 

Гузориши нави "Геллап" охири моҳи октябр нашр шуда, хулосаи сокинонро дар бораи эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон бо 96, Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар сегонаи аввали кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.
Назарпурсӣ тариқи телефон ё рӯ ба рӯ сурат гирифтааст. Аз ҳар кишваре ҳудуди ҳазор нафар дар он ширкат кардаанд. Аз сокинон саволҳои зерин пурсида шудааст:
• Дар шаҳр ё минтақае, ки шумо зиндагӣ мекунед, оё ба полиси маҳаллӣ боварӣ доред?
• Оё шумо, вақти шабона дар шаҳр ё маҳали зистатон танҳо сайругашт намудан, худро амн ҳис мекунед?
• Дар давоми як соли охир, оё аз шумо ё аъзои дигари хонавода пул ё молу амвол дуздидаанд?
• Дар давоми як соли охир, оё шумо мавриди таҷовуз қарор гирифтаед?
Тақрибан ҳафт нафар аз ҳар 10 нафар дар саросари ҷаҳон гуфтаанд, ки шабона танҳо сайругашт мекунанд (71%) ва ба полиси маҳаллӣ (72%) эътимод доранд. Тақрибан аз ҳашт як нафар (12%) гуфтаанд, ки соли гузашта молу мулки онҳо ё аъзои дигари хонаводаро дуздидаанд ва аз 16 як нафар (6%) гуфтаанд, ки мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон, ки пешсаф шуд, соли 2021 танҳо аз Сингапур ақиб мемонд. Қабл аз соли 2022 Сингапур ба истиснои соли 2020 тақрибан ҳар сол холи баландтарин ба даст меовард.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.11.2023 №: 220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив