ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

19 декабр 2023, Сешанбе
27
0

 
Ифтитоҳи бинои нави филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” 
14-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, шароити зиндагии сокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегиву амалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар шаҳри Левакант Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар масъулон гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант, нахуст, бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлонро ба истифода дода, бо имконоти муосири донишомӯзӣ дар он шинос шуданд.
Бинои нав аз рӯи лоиҳаи муосир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,55 гектар сохта шудааст. Иншооти нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, аз таҳхона ва 7 ошёна иборат мебошад.
Бинои таълимӣ барои 2500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи таълимӣ, Маркази таҳқиқоти “иқтисоди сабз”, Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази забони русӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ ва 1С муҳосибот мебошад.
Меҳмонхонаи таълимӣ, сервиси тарабхонавӣ ва тарабхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳу аёниятҳои омӯзишӣ, китобхонаҳои илмӣ-электронӣ бо махзани ғании адабиёти бадеиву соҳавӣ ва толорҳои хониш бо 120 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва ошхона, мутаносибан бо 500 ва 130  ҷойи нишаст, аз имкониятҳои дигари иншооти нав аст.
Парки технологӣ ва филиали Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳ аз бахшҳои дигари филиаланд, ки дар бинои нав ҷой гирифтаанд ва баҳри татбиқи донишҳои назариявии донишҷӯён дар амалия ва амиқтар омӯхтани илмҳои муосир дар доираи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф нигаронда шудаанд.
Ҷараёни таълим дар филиал дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаю барномаҳои давлатии таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар ин ҷо беш аз 930 нафар аз рӯи 15 ихтисос, аз ҷумла саёҳат ва осоишгоҳи табобатӣ, хадамоти гумрук, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ ва идораи давлатӣ, ба таҳсил ҷалб гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз имконоти муассиса ва фаъолияти марказу озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таъкид намуданд, ки бо истифода аз чунин шароит ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо ифтитоҳи бинои мазкур, баробари кормандон, 100 нафар иловатан бо ҷойи кор таъмин гардида, оянда бо назардошти то 5 ҳазор расондани донишҷӯён ин нишондод боло хоҳад рафт. Донишгоҳ имрӯз бо беш аз 160 муассисаи таҳсилоти олии касбию илмии хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, бо мақсади баланд бардоштани маҳорату савияи тахассусӣ табодули академии омӯзгорону донишҷӯёнро ба роҳ мондааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имконоти муосир дар бинои нави филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон, ки барои амалишавии нақшаву барномаҳои таълимӣ, хусусан ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040), мусоидат мекунанд,  изҳори қаноатмандӣ карда, барои истифодаи васеи шароити омӯзишӣ  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони касбӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара 
14-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои  бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳ дар вилояти Хатлон шинос шуданд.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Данғара низ филиалашро бунёд намояд. Зимни муаррифии лоиҳаи филиали Донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғара иттилоъ доданд, ки эъмори чунин иншоот талаботи замон буда, он аз рӯи лоиҳа аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 3, 5 ва 8-ошёна иборат хоҳад буд. Филиал барои 5000 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шуда, баробари ба истифода додан, дар марҳалаи аввал 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад. Намои берунаи иншоот бо тарҳи муосир оро меёбад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ва фаннӣ, ҳамчунин, филиал хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ-электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзиш, ошхона ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад. Сохтмони кӯдакистон дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои 250 нафар фарзандони кормандону омӯзгорон пешбинӣ шуда, он аз се ошёна ва як бинои асосӣ иборат аст.
Мувофиқи лоиҳа, муассисаи томактабӣ бо усулҳои хоси меъмории миллӣ бунёд ёфта, ба корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб мешаванд. Тибқи нақша, кӯдакистон дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бунёди иншооти зинаи аввали таҳсилот дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ амалӣ гардида, дар ин самт дастоварди хуб ба ҳисоб меравад.
Лоиҳаи дигари муаррифигардида, гармхонаи типи нав аст, ки барои парвариши гулҳои ороишӣ нигаронда шудааст. Он дар масоҳати 360 метри мураббаъ доман густурда, парвариши гулҳо бо усули обдиҳии қатрагӣ роҳандозӣ мешавад ва дар дигар фаслҳои сол низ имконияти нигоҳубини хуби рустаниҳо мавҷуд аст. Гулҳое, ки дар ин ҷо парвариш меёбанд, барои зебо ва хуррамгардонии атрофи муассиса, таъмини эҳтиёҷоти дигар ниҳодҳои ҳудуди шаҳри Левакант ва ноҳияҳои атроф истифода хоҳад шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, барои анҷоми босифати бунёдкориҳо дар ин раванд дастурҳои мушаххас доданд. 

Сардхонаи муосири ҶДММ “Сомон Агро Саноат” 
14-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Файзи Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон Агро Саноат”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Сардхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории ширкати “Сомон Агро Саноат” бунёд гардида, имкон дорад то 2 ҳазор тонна меваю сабзавотро дар шароити хуб нигоҳ намояд. Масоҳати дохили сардхона дар ду марҳала беш аз 2 ҳазор метри мураббаъро ташкил намуда, дар он зиёда аз 4 ҳазору 500 тонна меваю сабзавот ҷойгир мешавад. Масоҳати умумии ҳудуди сардхона 5 ҳазору 200 метри мураббаъро ташкил дода, бо дастгоҳҳои худидорашавандаи замони муосир муҷаҳҳаз шудааст. Дастгоҳҳои замонавӣ аз Туркия ва Италия ворид гардида, ҳарорати дохили сардхонаро аз 5 дараҷа гармӣ то 10 дараҷа сардӣ нигоҳ медорад. Чунин шароит имкон медиҳад, ки меваю сабзавот тару тоза ва бо сифати аъло нигоҳ дошта шавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани марҳалаи аввали иншооти мазкур, беш аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт. Ҳоло дар сардхона сабзӣ, картошка, себ, анор, ангур, хурмо ва дигар номгӯи маҳсулот захира шудааст.
Ба тариқи шартнома қабул ва нигоҳдории меваю сабзавоти тарутозаи аҳолӣ бошад, аз бартарияти дигари сардхонаи навбунёд ба шумор меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Дар намоиш, асосан, молу маҳсулоте, ки имконияти нигоҳубини онҳо дар сардхона мавҷуд аст, муаррифӣ шуд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур, бодирингу помидор, себу нок, лиму, иборат буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба ташаббуси соҳибкорон ҷиҳати бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд дода, бунёди сардхонаи муосирро амри муҳим арзёбӣ карданд.

Лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои гуногунҳаҷми 
ҶДММ "Вахш саноат" 
14-уми декабр дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаи гуногунҳаҷми ҶДММ "Вахш саноат" ошноӣ пайдо карданд.
Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёд мешавад. Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти дар оянда дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ шуд. Бо бунёди корхона 30 номгӯйи мототсиклҳои дучарха ва сечархаи гуногунҳаҷм истеҳсол мешавад, ки беш аз 30 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии онро низ корхона истеҳсол менамояд. Мототсиклҳои корхона барои хоҷагидорон, сохтмончиён ва дигар табақаи аҳолӣ пешбинӣ мешавад. Тибқи нақша, корхонаи мазкур соли 2024 мавриди истифода қарор мегирад.
Сарвари давлат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти коргоҳи мевахушккунии кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” тариқи навор шинос гаштанд.
Иқтидори истеҳсоли солонаи коргоҳи мазкур 120 тонна маҳсулот буда, дар он 30 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мегардад. Таҷҳизоти коргоҳ аз хориҷи кишвар ворид шуда, бо истифодаи он 20 намуди меваҷот хушк гардонда мешавад. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр басифат истеҳсол гардида, барои содирот мутобиқ бошад.
Маҳсулоти хом, аз ҷумла зардолу, олу, олуи сиёҳ, себ, нок, олуча, ангур, хурмо, бо тариқи шартнома аз аҳолӣ харид мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки таъсиси чунин коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти татбиқи ҳадафи стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави кор, мусоидат менамояд.

Муаррифии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон”
14-уми декабр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” ширкат варзиданд.
Амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсади татбиқи он ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтарсозии вазъи экологӣ мебошад. Аснои муаррифӣ иттилоъ доданд, ки арзиши лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” 9,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо татбиқи лоиҳа ва суҳбат бо масъулон, ҷиҳати амалисозии ҳадафмандонаи он ва истифодаи мақсадноки воситаҳои нақлиёти харидшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Зикр гардид, ки дар сурати қабули марҳалаи дуюми лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” имконият аст, ки дар КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” воридсозии электробусҳои нав ба роҳ монда шавад. 
 Дар доираи лоиҳа, сохтмони Муассисаи нақлиётии автомобилӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои пазируфташуда ба субут расид. Бунёди бинои маъмурии дуошёна бо таҳхонаву бинои таъмирӣ ва шустушӯи нақлиёт, васли таҷҳизоти барқӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ аз қабили трансформатор, кашидани лӯлаҳои оби нӯшокӣ, васлу насби таҷҳизот, корҳои мумфаршкунию бетонпӯшкунии майдони Муассиса, кашидани хатҳои уфуқӣ, шинондани ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда ва гулу буттаҳо аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи ҳамин лоиҳа сифатан хуб анҷом ёфтанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” аз ҷониби ҶДММ “Акиа Авесто” 39 автобуси мусофиркашонии тамғаи “Акиа-Ориё LE8” ба КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” дода шуд. Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда 2 воситаи нақлиётии мусофиркашонии тамғаи “Акиа–LE9”, бо мақсади рушди соҳаи туризми дохилӣ ва хориҷӣ харид гардид, ки дар натиҷа теъдоди автобусҳои наву замонавӣ дар корхона ба 41-то расид. Ин тадбир имкон медиҳад, ки хатсайрҳои байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва шаҳрҳои гуногуни Ӯзбекистон ташкил шаванд. Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни кам ва кӯтоҳ будан, барои фаъолият дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои атроф мусоид мебошанд. Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва воситаҳои вориду хориҷшавӣ барои маъюбон муҷаҳҳаз гардида, баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонад.
Вобаста ба ташкили низоми ҳамгироишудаи харидуфурӯши чиптаҳои электронӣ барои дохили автобусҳо, то имрӯз аз ҷониби ҶДММ “Авесто-Гурӯҳ” тибқи қарордод 40 ҳазор корти нақлиётӣ фармоиш дода шудааст ва ба қарибӣ низоми пардохти электронии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои дохилишаҳриву беруназшаҳрӣ фаъол мегардад. Баъди ба истифода додани КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон”, 130 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” дар шоҳроҳи Бохтар – Кӯлоб, қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Бохтар, бунёд гардид, ки ин раванд дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону сода гардидани рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидат менамояд. Аз 41 воситаи нақлиёти ба корхона воридгардида, 11 автобус дар хатсайри Бохтар – Кӯшониён – Вахш фаъолиятро оғоз бахшид. Ҳамарӯза дар ин хатсайр аз 3500 то 4000 мусофир аз хизматрасонии босифати автобусҳо истифода мебаранд. Тасмими мазкур боиси хушҳоливу фараҳмандии сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атроф гардид. Бо ба истифода додани КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” кор дар хатсайрҳои дигар низ оғоз шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба масъулон дастур доданд, ки қабл аз ҳама тавассути автобусҳои хуштарҳу замонавии истеҳсоли ватанӣ сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолиро боло бардошта, бо фаъол кардани хатсайрҳои нав ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли бехатари мусофиронро таъмин созанд.

Бинои маъмурии КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, 
сертификатсия ва экспертиза”
14-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави КВД “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”-и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, атрофи онро бо гулу дарахтони ороишию ҳамешасабз оро додаанд. Бино чорошёна буда, дар қабатҳои якум, дуюм ва сеюми он қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корию маъмурӣ, китобхона бо махзани бойи адабиёти бадеиву соҳавӣ, озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ ва иншооти ёрирасон ҷойгиранд. Ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти бино бо воситаҳои техникии соҳавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз буда, барои пешбурди фаъолияти бонизом ва самарабахши кормандон шароитҳои мусоид фароҳам аст. Дар қабати болоии бино шаш ҳуҷраи хоб барои меҳмонон ва кормандони соҳа бунёд ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз шароитҳои фароҳамгардида, сифати корҳои анҷомёфтаро баланд арзёбӣ карда, ба ҳайати шахсӣ ҷиҳати иҷрои босифату мақсадноки вазифаҳои хизматӣ, омӯзиши бештари таҷрибаи пешрафта дар самти ҳифзи техникии иттилоот, истифодаи усулҳои пуртаъсири таъмини ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар тамоми бахшҳо дастуру супоришҳои муфид доданд.
Қобили зикр аст, ки то ин дам кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ  ва ҳифзи техникии иттилоот дар вилояти Хатлон дар бинои иҷора фаъолият менамуданд. Ифтитоҳи бинои нав ва таъминот бо техникаю лавозимоти зарурӣ аз дастгириҳои навбатии Ҳукумати мамлакат мебошад ва он дар сифатноку босамар амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур таъсири нек хоҳад гузошт.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, аз ҷониби масъулони соҳа воситаҳои махсуси техникӣ ва озмоишӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти ҳифзи техникии иттилоот харид гардидаанд, муаррифӣ шуд. Зикр гашт, ки амалигардонии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, барои таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа мусоидат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо ҳайати шахсии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, иброз доштанд, ки дар шароити рушди илму технологияи муосир ва  рақамикунонии иқтисодиёти кишвар масъалаҳои ҳифзи техникии иттилоот ва пешгирии ихроҷи иттилооти дастрасиаш маҳдуд муҳим буда, аз масъулони соҳа таваҷҷуҳи бештар ва сатҳи баланди касбиятро тақозо менамояд.
Дар навбати худ, кормандону масъулони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳам сохтани инфрасохтори кору фаъолият дар ин самт изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон фаъолияти худро минбаъд низ хуб ба роҳ монда, барои иҷрои вазифаҳо, таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва техникии иттилоот саъйи бештар хоҳанд кард.

Гармхонаи парвариши лимӯи кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” 
14-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон аз гармхонаи парвариши лимӯ дар кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар”-и ноҳияи Кӯшониён боздид карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи мазкур дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектарро пахта, 8 гектарро ғалладонагиҳо, 1,5 гектарро картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хӯроки чорво ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ, ки роҳбараш Маҳмадтолиб Ҷобирзода мебошад, 10 гармхона бунёд шуд. Сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз ёфта, соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Истеҳсоли лимӯ дар хоҷагӣ соли 2022 40 тоннаро ташкил дода, соли ҷорӣ ҷамъоварии он ба 50 тонна хоҳад расид. Маҳсулоти кооператив дар дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад ва ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Даромади хоҷагӣ аз ҳисоби гармхона аз 300 то 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Муассиси хоҷагӣ ба нақша гирифтааст, ки дар 3 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда бунёд намуда, дар 2 гектар лимӯ ва 1 гектар кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ монад.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар 48 гектар гармхонаҳои лимӯпарварӣ мавҷуданд, ки аз он 39,6 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Соли 2022 263,6 тонна лимӯ истеҳсол гашт, ки аз бахши ҷамъиятӣ 133 тонна ва аз аҳолӣ 130,6 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии лимӯ аз 1 гектар  66,5 сентнериро дар бар мегирад. Баъди шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори деҳқонон дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ баҳои баланд доданд.

Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”
14-уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро ба истифода доданд.
Зикр шуд, ки иншооти нав дорои ҳуҷраҳои кории кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, синфхонаҳо барои омӯзиш, маҷлисгоҳ, ҷойи хоб, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ мебошад. Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ аз инфрасохтори муосири соҳавӣ иборат буда, дар он барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоид муҳайёст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ шинос шуда, аз сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро барои хизмати софдилона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят карданд.

Санаи нашр: 14.12.2023 №: 243
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив