ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАМОИШ БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

НАМОИШ БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

19 декабр 2023, Сешанбе
62
0


Дар Осорхонаи  миллӣ ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Инъикоси осори аллома Бобоҷон Ғафуров  дар Осорхонаи миллӣ» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардида, то 5-уми январи соли 2024  идома меёбад. 

Дар ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – академик Юсуфшоҳ Яъқубов, номзади илми таърих Абдулло Ғафуров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сабзалӣ Асоев, инчунин, барандаи шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» Шоира Давлатзода иштирок намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 120 ашёи нодири таърихӣ, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофоти давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Бобоҷон Ғафуров ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд. Инчунин, аксҳо аз ҷараёни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо «Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров» ва суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ, ки 5-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, манзури бинандагон гардиданд.
Дар қисмати марказии намоиш китоби тозанашри Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа гардид, ба маъраз гузошта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои бузурги Бобоҷон Ғафуров бо мукофоти баланди  давлатӣ: шаш ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи  Меҳнат  ва чандин медалу нишонҳо  қадр ва чанде аз онҳо барои тамошо пешниҳод гаштаанд.

Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.12.2023 №: 244
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив