ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САҲШ-И ФАЙЗОБОД ДАР 10 МОҲ 1060 ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУД ДОДААСТ

САҲШ-И ФАЙЗОБОД ДАР 10 МОҲ 1060 ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУД ДОДААСТ

19 декабр 2023, Сешанбе
43
0


Бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Файзобод дар даҳ моҳи соли равон ба 1060 тифли то семоҳаи навзод шаҳодатномаи таваллуд додааст. Ин рақам дар соли 2022-юм 1180 ададро ташкил медод.
Ба иттилои мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Файзобод Соҷидаи Нуриддин, аз ҳисоби бланкаҳо 49888 сомонӣ ва ба суратҳисоби махсуси буҷет 109248 сомонӣ ворид карда, ҷиҳати амалишавии қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, инчунин, дигар санадҳои ҳуқуқии дахлдор ба 180 муроҷиаткунанда машварати ҳуқуқӣ дод. 
Бо мақсади рафъи камбудиҳо ва баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои содиршуда, аз қабили никоҳ кардани шаҳрвандон пас аз ҳалномаи суд, паст кардани синни никоҳ, ба таври ҳатмӣ гузаштани никоҳшавандагон аз ташхиси тиббӣ, риояи забони давлатӣ ва ғайра беш аз 10 машварати корӣ доир гашт.   
Бахш дар пайравӣ ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимон дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ, идҳои Рамазон ва Қурбон ба ятимон кумаки молиявӣ мерасонад.

Ҳокими САФАР,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Санаи нашр: 18.12.2023 №: 244
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив