ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШКОШИМ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

ИШКОШИМ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

20 декабр 2023, Чоршанбе
49
0

 
Дар ин марҳалаи таърихӣ – солҳои истиқлоли давлатӣ таҳти ҳидояти  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободонии ҳамаи минтақаҳо  ба таври доимӣ маблағҳои муайян ҷудо мегарданд. Дар ин замина, сол ба сол  шаҳру деҳоти кишвари маҳбубамон ободу зебо гардида,  шароити зисту зиндагонии мардум  торафт беҳбуд меёбад. Дар ин росто, ноҳияи  дурдасти кишвар – Ишкошим, бахусус дар самти созандагиву  бунёдкорӣ,  ба кадом дастовардҳо ноил гардидааст?  Дар ин бора  раиси  ноҳияи  Ишкошим Мирзозода  Мусо Одинамуҳаммад  дар суҳбат бо хабарнигори  рӯзномаи  “Ҷумҳурият” чунин ибрози назар кард:
–  Мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз қабили иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон назир надорад. Сокинони ноҳияи Ишкошим  дар баробари дигар минтақаҳои кишвар  корҳои ободонию бунёдкориро вусъати тоза бахшида, то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳия бунёду таъмир ва азнавсозии 76 иншооти ҷамъиятию маишӣ, маъмурӣ ба маблағи  қариб 105 миллион  сомонӣ  рӯи даст гирифта шудааст.
Махсус бояд қайд намоям, ки бо ҳидояти  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  марҳалаи нави рушд ворид гардидани  ВМКБ ба пешрафти ҳамаҷонибаи ноҳияи Ишкошим, махсусан дар самти  созандагиву ободонӣ, такони ҷиддӣ бахшид. Масалан, соли 2022 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳои назаррас рӯи кор омада, давоми сол дар ҳаҷми 16,9 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд. Корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 46,9 миллион сомонӣ иҷро гардиданд, ки  ин нисбат ба нишондиҳандаҳои солҳои қаблӣ хеле зиёд аст. Соли 2023  дар ноҳияи Ишкошим 9 иншооти муҳими таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифт.  Аз ҷумла, имсол ҳавзҳои истироҳатгоҳи табобатии “Авҷ”, ки солҳои тулонӣ рӯи таъмирро надида буданд, таъмиру азнавсозӣ шуданд. Бо ин мақсад, аз ҳисоби  Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молия бештар аз 566, 4 ҳазор сомонӣ масраф гардид.
Ҳамчунин, имсол дар ноҳия  бо харҷи   қариб 5  миллион сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд  ду майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт. Корҳои сохтмониро дар ин  иншоот ҶДММ “Таъминоти деҳот”  бо  ҷалби  сохтмончиёни маҳаллӣ анҷом дод. Зимни шиносоӣ  аз иншооти мазкур  раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худойбердӣ ба  кори  бинокорон баҳои баланд дод.  
Раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш,  ҳамчунин,  аз корҳои анҷомдодаи  ҶДММ “Элит иморат”  дар таъмири  асосии бинои  МТМУ №25-и ноҳия  изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ин иншоот  аз ҳисоби  лоиҳаи таҳкими  устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ 1 миллиону  90 ҳазор сомонӣ  масраф гардид. 
Имсол   боз  ба ду деҳаи дурдасти ноҳия – Внукут ва Ямги  деҳоти  Вранг, ки аз  таъминот бо оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, хатти оби нӯшокӣ кашида шуд. Бо ин мақсад,  аз ҳисоби  ташкилоти  ғайридавлатии  Агроаксияи Олмон қариб 700 ҳазор сомонӣ  сарф гардид.
Солҳои охир дар самти  ҳифзи саломатии сокинони деҳоти  ноҳия низ дигаргуниҳои калон ба амал омаданд. Махсусан, ба беҳтар намудани шароити  табобат дар муассисаҳои тиббӣ таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Ҳар сол дар ноҳия  2-3 муассисаи нави табобатӣ бунёд ва ё аз таъмири асосӣ бароварда мешавад. Соли равон дар деҳаҳои Даршай ва Баршор  бунгоҳҳои нави тиббӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Барои амалигардонии ин иқдоми нек  барои ҳар кадом иншоот бештар аз 820 ҳазор сомонӣ масраф шуд. 
Солҳои охир қомат афрохтани  биноҳои замонавӣ намои маркази ноҳияро боз ҳам дилработар намуд. Яке аз ин биноҳо, ки имсол ба истифода дода шуд, бинои нозироти андози ноҳия мебошад. Ин иншоот аз ҷониби ҶДММ «Орзу-1» дар давоми як сол бунёд гардида, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ин лоиҳа 5 миллион сомонӣ равона кардааст.  
Ноҳияи Ишкошим  чунин  вусъати корҳои созандагиву  ободониро, ки тайи солҳои охир рӯи кор омадаанд, дар ёд надорад. Инро ҳар як сокини ноҳия бармало  мушоҳида  мекунад, арҷ мегузорад ва барои ин  дастгириҳо сипоси амиқи худро ба Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён медорад.
       
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив