ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БО НОМИ ВАТАН НОМИ ШУМО ВИРДИ ЗАБОН ШУД...

БО НОМИ ВАТАН НОМИ ШУМО ВИРДИ ЗАБОН ШУД...

26 декабр 2023, Сешанбе
29
0


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар Паёму суханрониҳояшон дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим ба соҳаи маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Ба шарофати дастгирии ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, мукаммалгардонии барномаҳои тозаи таълимӣ дар сатҳи мактабу донишгоҳҳо ва таъмини босифати донишомӯзӣ барои ҷавонон, сурат гирифтанд. Ин ҳама боиси он мегардад, ки кишвар рушд бикунад ва дар соҳаи илм ва технология рақобатпазир бошад. Дар ин росто, мабно ба  таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти мамлакат Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сол ба сол муҷаҳҳазтар шуда, шароити мусоид ва муҳити ором барои донишандӯзии шогирдон муҳайё мегардад. Миёни омӯзгорон истифода аз роҳу усулҳои нави таълим, воситаҳои таълимии техникӣ ба ҳукми анъана даромадааст. 
Бунёди бинои 9-ошёнаи муосири таълимии Донишгоҳ, ки масоҳати умумии он анқариб 16000 метри мураббаъ аст, ба беҳтар гардидани ҷараёни таълим ва сифати дарсомӯзии шогирдон мусоидат менамояд. Ба истифода додани Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и ин боргоҳ, ки орзуи чандинсолаи донишҷӯён ва муаллимони факултети фарматсевтӣ ва кулли фарматсевтони ҷумҳурӣ ба шумор меравад, боиси хурсандист ва ба мо ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарматсия дар самти дарёфти маводи доруии сифатан тоза ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ имконият медиҳад. Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: “Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад, зеро то ба ҳол маводи доруворӣ, асосан, аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад, яъне масъалаи воридоти доруворӣ боиси нигаронии ҷиддӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад. Дар баробари ин, назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ҳанӯз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст”.
Ин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора ба он дорад, ки мо – мутахассисону коршиносони соҳаи дорусозӣ, дар ин самт бо ба назар гирифтани имконот кору фаъолияти худро дучанд намуда, ба ихтирооте даст занем, ки барои мардуми кишвар доруҳои босифат пешниҳод гардад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки сиёсати хирадмандона, созандаву раиятпарваронаи Пешвои миллат барои фардои дурахшони кишвар, зиндагии боз ҳам беҳтар ва некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, равона гардидааст. Сокинони мамлакат ҳамаи инро дар суҳбату дидорҳо бо Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон мешунаванд ва ба эшон ҷиҳати иқдому талошҳояшон ибрози сипос менамоянду аз доштани ин гуна Сарвари давлат ифтихор мекунанд ва бо муҳаббати беандоза самимияти хешро изҳор медоранд.
Дар баробари хидматҳои мондагорашон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ба рифоҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум, табақаҳои ниёзманд, бепарасторону ятимон таваҷҷуҳи махсуси падарона зоҳир намуда, ҷиҳати тарбияи дурусти онҳо шароитҳои хубро муҳайё мекунанд, то кӯдакон битавонанд ба тарбия ва таълими босифат фаро гирифта шаванд.
Дар маҷмуъ, ободгари ин сарзамини биҳиштосоямон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.  Бингаред ба симои кишварамон, ки он чи гуна  дилрабову зебо ва обод аст. Ин ҳама маҳсули заҳмату талош ва худфидоиҳои пуршарафи Сарвари мост. Сарваре, ки ҷидду ҷаҳд дорад баҳри ободии мулкаш, баҳри ана ҳамин диёр, ана ҳамин сарзамин, ки онро Тоҷикистон ном аст. Бале, ин ҳамон фарзанди тоҷик,  қаҳрамони халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст, ки номи тоҷикро дар ҷаҳон шуҳратёр кард. Ончуноне  ки дар ин шеър ифода шудааст:

Бо номи Ватан, номи  Шумо вирди забон шуд.
Тоҷик ба ҷаҳон, соҳиби қадри ҳамагон шуд.
Бар куштану  бар сӯхтану яғмо, ки задем даст.
Бо ҷаҳди Шумо, ваҳдату сулҳ, нурфишон шуд.

Боланд зи Шумо, руҳи бузургони ба номус
Сад дарсаду як бор, зи имлои Шумо шуд.
Номуси ватандорӣ, ки бедор шуда имрӯз.
Аз сидқу вафою  ҳадафи поки Шумо шуд.

Исмоили Сомонӣ, ки акнун шуда ором,
Дар боғи биҳишт, ҳамду саногӯи Шумо шуд.
Зеро ки Ватан, баъди ҳазор соли ятимӣ,
Соҳиби падар, шоҳи пур аз сидқу вафо шуд.
     
Умаралӣ РАҶАБОВ, доктори илмҳои кимиё, профессори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, 
Ганҷина НАВРӮЗЗОДА, номзади илмҳои фарматсевтӣ

Санаи нашр: 25.12.2023 №: 247
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив