БОКС

29 декабр 2023, Ҷумъа
13
0


Ду тилло, нуқра ва биринҷии муштзанҳои навраси тоҷик дар Боку
18-22-юми декабр дар шаҳри Боку (Озарбойҷон) мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни наврасон ба хотираи Аббос Агаларов баргузор шуд.
Дар он 97 варзишгари соли таваллуди 2006-2007 аз 7 давлат дар 13 вазн сабқат кард. 
Варзишгарони тоҷик дар ин Мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани ду медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ даст ёфтанд. Анӯшервон Фозилов дар вазни -54кг ва Руслан Ғафуров дар вазни 63,5кг ғолиби мусобиқа гардиданд. Мансурхӯҷа Муъминов дар вазни -48кг медали нуқра, Муҳсин Раҳмонов дар вазни -51 кг медали биринҷӣ гирифтанд.


ФУТБОЛ
Марҳалаи аввали омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2023 анҷом ёфт
Тими миллии футболи Тоҷикистон бори нахуст дар Ҷоми Осиё-2023 ширкат мекунад. Ин мусобиқаи қоравӣ бо иштироки 24 тими миллӣ аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Давлати Қатар баргузор мешавад.
Футболбозони мо дар гурӯҳи “А” аввалин бозиро 13-уми январ бо мунтахаби Чин доир мекунанд, 17-уми январ дар даври дуюм бо мизбони мусобиқа – тими миллии Қатар ва рӯзи 22-юми январ бо Лубнон рақобат хоҳанд кард.
Дар доираи омодагӣ ба ин мусобиқа Федератсияи футболи Тоҷикистон барои тими миллии кишвар дар ду марҳала ҷамъомади машқӣ-таълимӣ ташкил кард. Марҳалаи аввали омодагиҳо аз 17 то 27-уми декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб доир гашт. 28-уми декабр даста ба Абу-Даби сафар карда, марҳалаи дуюми омодагиро ба Ҷоми Осиё-2023 мегузаронад.



ФУТЗАЛ
Ҷоми Осиё-2024: Ҷопон, Корея ва Қирғизистон – ҳарифони Тоҷикистон
Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 17 то 28-уми апрели соли оянда дар Таиланд баргузор мешавад, муайян шуданд.
Бар асоси қуръакашии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» якҷо бо дастаҳои Ҷопон, Корея ва Қирғизистон қарор гирифт.
Дар қуръакашӣ шонздаҳ даста ба чор гурӯҳ тақсим шуд. Пас аз натиҷагирии даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд. 
Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими миллии Ӯзбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар се шаҳри Ӯзбекистон – Тошкент, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳ меёбанд.



ҶУДО
Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абу-Заби баргузор мешавад
Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, ки Чемпионати ҷаҳонии ҷудо дар соли 2024 аз 19 то 24-уми май дар Абу-Заби (АМА) баргузор мешавад.
Чемпионати ҷаҳон мусобиқаи асосӣ барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Париж хоҳад буд. Варзишгарони беҳтарин аз саросари ҷаҳон барои пирӯзӣ ва мустаҳкам кардани ҷойи худ дар радабандии олимпӣ дар он ширкат мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳонии ҷудо як медали биринҷӣ дорад. Онро соли 2007 паҳлавони шинохта ва маҳбуб Расул Боқиев дар Рио-де-Жанейро сазовор гаштааст.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив