ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ КОРИИ САРВАЗИР БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИР БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

10 январ 2024, Чоршанбе
17
0


4-5-уми январ Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншооти сохташаванда бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рафт.
Дар доираи сафар манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳои осебдидаи садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шуд. Хонаҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (1 хона), шаҳри Кӯлоб (1 хона), масҷидҳои ҷомеъ (1 хона) ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (1 хона) сохта шуданд, ки аз 3 ҳуҷра ва иншооти ёрирасон иборат мебошанд. 
Сокинони зарардида аз ин амали Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расондани кумакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири мамлакат, ҳамчунин, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 480 хонанда дар ду баст, маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Қоҳир Расулзода аз ҷараёни татбиқи лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” дар мавзеи Тебалай боздид намуд. Муҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2021-2025 буда, маблағи лоиҳа 16 млн 250 евро мебошад, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷудо мегардад. Дар доираи лоиҳа хобондани шоҳлӯла аз обанбор то ҳавзҳои оби тоза, шоҳлӯлаи худҷорӣ, барқарорсозӣ ва васеъ намудани шабакаҳои обтақсимкунӣ, сохтмон ва барқарорсозии шабакаи корезӣ, сохтмон ва навсозии истгоҳҳо, харид ва насби ҳисобкунакҳо, гузарондани тадқиқоти гидрогеологӣ, барқарорсозии обанборҳо, ҳавзҳо ва хариди техникаҳои махсуси коммуналӣ ба анҷом расонда мешаванд.
Дар ноҳияи Темурмалик бошад, Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои ҳафтошёнаи осоишгоҳ шинос гардид. Иншооти мазкур барои табобату фароғати меҳмонони дохилию хориҷӣ пешбинӣ гардида, имкон дорад дар як вақт 350 нафарро қабул намояд. Бо ба истифода додани он, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Мувофиқи нақша, иншооти мазкур соли равон ба истифода дода мешавад.
Дар деҳоти Танобчии ноҳия, инчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 барои 480 хонанда дар ду баст ва бунгоҳи тиббӣ ифтитоҳ гардид.
Қоҳир Расулзода дар идомаи сафар ба ноҳияи Восеъ ташриф оварда, дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев майдони варзишро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз ҷараёни корҳои сохтмони обанбори Селбур дидан кард. Обанбор баҳри амалӣ намудани ҳадафи стратегии кишвар ҷиҳати таъмин намудани хоҷагиҳо бо оби полизӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар иншоот беш аз 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ  таъмин мегардад.
Дар шаҳраки Ҳулбук бошад, коргоҳи хурди истеҳсоли мебел ба истифода дода шуд. Он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо усули муосири меъморӣ, бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шаҳбоз Орифов  ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Коргоҳ мебелҳои гуногун, аз қабили мизу курсӣ, ҷевонҳои гуногун, дару тирезаҳои пластикӣ, мебелҳои кандакоришуда, истеҳсол менамояд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар идома бо ҷараёни корҳои сохтмони варзишгоҳи ноҳияи Восеъ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта мешавад.
Сарвазири мамлакат зимни суҳбат ба роҳбарият ва дигар масъулон ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расондани сохтмони иншооти ҷашнӣ, истифодаи самаровару оқилонаи замин дастуру супоришҳо дод.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив