ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАСТУРИ РАҲНАМО. ДАР ФАЙЗОБОД НУКТАҲОИ ПАЁМРО БА МАРДУМ ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДАНД

ДАСТУРИ РАҲНАМО. ДАР ФАЙЗОБОД НУКТАҲОИ ПАЁМРО БА МАРДУМ ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДАНД

10 январ 2024, Чоршанбе
48
0


Бо ташаббуси прокуратураи ноҳияи Файзобод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз ҳисоби омӯзгорону имомхатибон ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳи тарғиботӣ таъсис дода шуд. 
Ҳайати гурӯҳ дар нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бо аҳолӣ вохӯриҳои судманд доир намуда, оид ба  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат карданд.
Мавриди зикр аст, ки мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан  баҳри  рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад. 
Зимни ҳар дидору мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун аз аҳолӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар иҷрои дастуру нишондодҳои Паём канори ҳам қарор гирифта, дар ободии Ватани маҳбуб ва расидан ба зиндагии боз ҳам шоиста саҳми худро гузоранд.
Ҳокими САФАР, собиқадори матбуот


ГӮШАИ ХАБАРҲО ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ВАҲДАТ
Зиёда аз 600 бех ниҳоли гуногун шинонда шуд
Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ва деҳаи Мингичари Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гашта, дар рӯзи аввал  зиёда аз 600 бех ниҳоли мевадиҳандаю ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шуд. Дар ин хусус  аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Мувофиқи нақша, бояд дар масоҳати 16 гектар заминҳои талу теппаи шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда парвариш шаванд. Дар ин маъракаи муҳим мутахассисони Институти боғдории Академияи илмҳои кишоварзӣ иштирок намуда, оид ба технологияи шинондани дарахтон маслиҳатҳои муфид доданд.
Нигоҳубину парвариши ниҳол аз суннатҳои неки инсонӣ буда, кори савоб мебошад ва дар баробари ин, амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинондани дарахтон амри зарурӣ арзёбӣ мегардад.


ДМТ 
Ифтитоҳи озмоишгоҳи таълимию табобатӣ
Дар доираи чорабиниҳо вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтисосҳои дандонпизишкӣ ду синфхонаи таълимӣ, озмоишгоҳи таълимию табобатӣ ва ҳуҷраи безараргардонии кафедраи стоматологияи ортопедия ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз ДМТ ба мо хабар доданд.
Дар хабар омадааст, ки озмоишгоҳ дорои шаш дастгоҳи стоматологӣ бо курсии корпоратсияи маъруфи амрикоии «Apple», визиографи стоматологӣ барои ташхиси рентгении дандонҳо, скалер барои тоза ва сафед кардани дандонҳо, эндомотор ва микромотор барои пармакунии дандонҳо, апекслокатор барои чен намудани дарозии дандон ва ғайра мебошад. Ҳамзамон, дар ҳуҷраи безараргардонӣ автоклав барои безараргардонии асбоби стоматологӣ, дистилятор ва дастгоҳ барои тоза намудан ва молидани равған ба пайканакҳои дастгоҳи стоматологиву  амсоли инҳо мавҷуданд.
Ҳангоми ифтитоҳ, ректори Донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода масъулонро вазифадор намуд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардондани фаъолияти синфхонаву озмоишгоҳ ва иҷрои корҳои илмиву таълимӣ тамоми тадбирҳоро биандешанд.


ХАТЛОН
Мавсими сабзкориву ниҳолшинонӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Кӯшониён ва Майдони 70-солагии водии Вахш мавсими нави сабзкорӣ шуруъ гардид. Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, раиси вилояти Халон Давлаталӣ Саид бо шинондани аввалин ниҳол ба маъракаи хуррамгардонӣ оғози расмӣ бахшида, масъулонро ба вусъат додани корҳои ободонӣ дар ҳудуди вилоят даъват намуд.
Зимнан пешниҳод гардид, ки ҳар оилаи сокини вилоят дар назди манзили зисташ, ақаллан, як дарахти ҳамешасабз парвариш намояд. Ин иқдом саҳмгузорӣ дар ободонии вилоят арзёбӣ шуда, барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ мегардад.
Парвариши дарахт ва бунёди боғу гулгашт ба ҳолати экологӣ таъсири нек гузошта, муҳити зистро аз ғализиҳо пок мегардонанд. Аз ин рӯ, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои бунёдиву созандагӣ ва ниҳолшинонӣ вусъат гирифта, масъулон барои ободу зебо гардондани деҳа, маҳалла ва ҷамоати шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш меандешанд. 

Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив