ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

10 январ 2024, Чоршанбе
34
0


НАМОИШИ «ЗОЛ ВА  РУДОБА»  ДАР ЭРОН
«Зол ва Рудоба» барои иштирок дар Фестивали бонуфузи байналмилалии 42-юми «Фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳхат гирифт. Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Зол ва Рудоба» аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ва басаҳнагузории Ҷумъа Қуддус нахустин маротиба дар Фестивали байналмилалии «Фаҷр» Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири лирикии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайян дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати эҷодии театр бо ин намоиш соли гузашта дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ «Парасту» иштирок карда, соҳиби ҷойи дуюм гардида буд.


АЪЛОХОН БОБОЗОДА – БАРАНДАИ ҶОИЗАИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Аълохон Бобозода бо пешниҳоди мақолаи илмӣ миёни муассисаҳои олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷоизаи «Беҳтарин муҳаққиқ – 2023»  гардид.
Ба Аълохон Бобозода медали “Беҳтарин муҳаққиқ”, дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супурда шуд.
Номбурда аъзои “Лигаи зиёиён” (International Committee on Intellectual cooperation-ICIC)-и Академияи илмҳои табиии Русия буда, дорандаи медал ва сертификати бузургдошти Леонардо да Винчи мебошад.


“ОШПАЗ-ҚАННОДИ БЕҲТАРИН” ДАР ХУҶАНД
Дар Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни касбӣ таҳти унвони «Ошпаз-қанноди беҳтарин» баргузор шуд. 
Ҳадаф аз гузарондани озмун баланд бардоштани дараҷаи дониши тахассусии донишҷӯён, дарёфт ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод буда, дар он 40 довталаб аз Литсей иштирок намуданд.
Тарғиби интихоби дурусти касб, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, нишон додани таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ асоси чунин сабқатҳост.

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив