ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ДУРДОНАИ ШАРҚ” – ДУРДОНАИ ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

“ДУРДОНАИ ШАРҚ” – ДУРДОНАИ ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

16 январ 2024, Сешанбе
67
0


Баҳори соли 2022 дар фазои фарҳангии Ӯзбекистон навиди гулафшони баҳорӣ паҳн шуд. Бо ташаббуси шахси фарҳангпарвар шоир Асадуллоҳ Исмоилзода бо номи “Дурдонаи Шарқ” 
маҷаллаи адабиву илмӣ таъсис ёфт. Он дорои якчанд бахшҳои хонданӣ, аз ҷумла адабиёти муосири тоҷики Ӯзбекистон, назм, наср, пажӯҳиш, адабиёти мумтози порсии тоҷикӣ, адабиёти ирфонӣ, адабиёти давраи ҷадидӣ, адабиёти навини Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, адабиёти тоҷикӣ-форсӣ дар Ҳиндустон, тарҷума, эҷоди ҷавонон, ғунчаҳои адаб ва туҳфаи нашриёт, мебошад. 
Имрӯзҳо маҷалларо омӯзгорону муҳас-силини мактабҳо бо шавқ мутолаа мекунанд. Хусусан, хонандагони  мактаби рақами 11-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона на танҳо пайваста шумораҳои онро мехонанд, балки шеърҳои шогирдонаашон дар он ба табъ мерасанд. Боиси тазаккур аст, ки чанде пеш бо ташаббуси омӯзгор Мелибой Ҷӯраев хонандагони синфи 8-уми дабистони мазкур маҳфили қироати шеъру ҳикоётҳои дар маҷалла нашршударо ташкил намуданд. Донишомӯзон дар суханрониҳои дилошӯбашон доир ба ҳусну қубҳи маҷалла ва шеъру ҳикоятҳои хондаашон андешаи хешро баён доштанд. Дар барномаи онҳо ашъор ва гуфтори пурмазмуну гулчиншудаи эҷодкорони адабиёти Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон садо дода,  аҳли ҳамоиш ғизои маънавӣ гирифтанд.
Ёдовар бояд шавем, ки сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Асадуллоҳ Исмоилзода (Асадулло Шукуров) 29-уми декабри соли гузашта узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид. Ин паёми фараҳбахш моро дилгарм мекунад, ки кӯчактарин ибтикори фарҳангии мо – тоҷикони Ӯзбекистонро дар Тоҷикистон қадр мекунанд. 

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, омӯзгори мактаби рақами 11, ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона

Санаи нашр: 15.01.2024 №: 11
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив