ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОВАЛИНГ БА ҚАҲРАМОНПИСАРИ ХУД АРҶ ГУЗОШТ

ХОВАЛИНГ БА ҚАҲРАМОНПИСАРИ ХУД АРҶ ГУЗОШТ

11 сентябр 2024, Чоршанбе
29
0
Дар деҳаи Дараи Мухтори деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба номи Шуҳрат Наҷмиддинзода гузошта шуд. Бо даъвати падару модари сарбози шаҳид Шуҳрат Наҷмиддинзода як гурӯҳ кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таълимӣ иборат аз 8 синфхона иштирок карданд.
 
Ёдовар бояд шавем, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин марди низомӣ дар саҳифаҳои худ ду мақола, як шеър, дар ютубканали ҳамноми рӯзнома барномаи алоҳида таҳия ва пешниҳоди тамошогарон кардааст. Мақолаҳо “Шуҳрат духтаракашро бори охир оғӯш карду...”, “Модари Шуҳрат: «Писарам бачаи Ҳукумат буд…» унвон дошта, дар бораи корномаи ин қаҳрамонписар нақл мекунанд. (Барномаро зери ин суроға аз Ютуб-канал пайгирӣ кунед: https://www.youtube.com/watch?v=4S1ejw75Jac&t=8s). 
Шуҳрат 16-уми сентябри соли 2022 дар муноқишаҳои марзӣ дар Чоркӯҳи Исфара мардона ҷон фидо кард. Аз ӯ як духтар ва як ҷаҳон ибрату ҷавонмардӣ ёдгор монд, ки мардуми тоҷик фаромӯш нахоҳад кард.
Дар ифтитоҳи Муассиса раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, дигар шахсони расмӣ ва падару модари Шуҳрат – Ҷамшед Наҷмиддинзода ва Момогул Мирзоева иштирок доштанд.
Момогул Мирзоева бо иродаи қавӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки барои амнияти кишвар ва осудагии мардуми ин қаламрав фидо шудани писараш ҳикмат дорад ва ҳаргиз пушаймон нест, ки чунин ҷавонмарди меҳандӯстро парвардааст.
Бино ба иттилои масъулони МТМУ №15, бо васеъ гардидани ҳудуди маҳаллаи аҳолинишин ва сол аз сол зиёд гардидани шумораи хонандагон зарурати сохтани синфхонаҳои иловагӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, бо ҷалби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов дар назди муассисаи таълимӣ бинои нави хуштарҳу замонавии дуошёна барои таҳсили 240 хонанда ба маблағи 1 миллиону 352 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Мардуми маҳалла ва фаъолони соҳаи маориф барои ибтикори наҷиби соҳибкор Абдулло Ҳасанов сипосгузории худро арз доштанд. 
Роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои осонтар шудани кори чопии муассисаи мазкур як принтери бисёрвазифа, 100 шумораи махсуси рӯзнома ва 10-то китоби интишордодаи худ-ро супурд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.09.2024 №: 174-175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив