ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ҶАШНИ ХУДШИНОСИСТ

ХАТЛОН. ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ҶАШНИ ХУДШИНОСИСТ

10 сентябр 2024, Сешанбе
13
0
8-уми сентябр дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор шуд.
 
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Сарвазир ва раиси вилоят зимни суханронӣ сокинони вилоят ва мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки дар ин 33 сол бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро дорад. Ҳар соли истиқлоли давлатии мо аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯйи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.
Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем ва қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
Маҳз сиёсати бобарор ва натиҷаҳои устувори мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистон  ва барномаҳои мукаммалу натиҷабахши соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти мардум муваффақона таъмин карда шуданд. 
– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардондани дастархони мардум бо маводи босифати ғизоӣ, рушди босуботи соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ ва таҳкими фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захира ва имкониятҳои мавҷударо босамар истифода менамояд, – иброз намуд Д. Саид. 
Зикр шуд, ки бо мақсади таъмин намудани рушди ҷомеа вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ҳифзи суботу оромии комили ҷомеа, манфиатҳои миллӣ ва марзу буми кишвар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинон мебошад. 
Сипас, чорабинии фарҳангӣ иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардид.
 
У. САФАРАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”
 
 
 
 
СУҒД. ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ!
Таҷлили 33-юм солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ барои сокинони вилояти Суғд хотирмону фараҳбахш буд, зеро онҳо ин Ҷашни муқаддаси миллиро бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намуданд.
Тантанаҳои Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”  сурат гирифт. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти бостонии Суғдро ба ифтихори Ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки шаҳрвандони кишвар ҳар як ҷашни милливу давлатӣ, хусусан ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбуби хешро, бо заҳмати созанда ва дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд тибқи нақша то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмиру азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1-уми августи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду таҷдиди 6700 иншоот ба анҷом расонда шудааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни паёми табрикӣ иброз намуд: "Истиқлоли давлатӣ неъмат ва дастоварди бузургтарин мебошад, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлатдории навини миллӣ асос гузошт, мардуми шарифи кишварро муттаҳиду сарҷамъ сохта, ба барқарор шудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи қавӣ гардид.
Сокинони сарбаланди вилояти Суғд дар қатори тамоми мардуми шарафманди кишвар сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти боз ҳам бештар тақвият бахшидани иқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, гиромидошт ва ҳифзу ҳимояи арзишҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва барои рушду шукуфоии Ватани маҳбубамон талош меварзанд.
Итминони комил дорам, ки мардуми вилоят бо эҳсоси баланд ва дарки моҳияти истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат, ватану ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои волои истиқлоли Ватан саҳми арзишманд гузошта, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани санаҳои фархундаи таърихи миллат – 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош менамоянд".
 
С. УМАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив