ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИТОБҲОИ ДАРСӢ.  МУШКИЛОТЕ, КИ БОЯД ҲАЛ ШАВАД

КИТОБҲОИ ДАРСӢ.  МУШКИЛОТЕ, КИ БОЯД ҲАЛ ШАВАД

16 сентябр 2024, Душанбе
6
0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш таъкид доштанд: “Норасоии китобҳои дарсӣ дигар мушкили ташвишовари соҳа ва яке аз сабабҳои дар сатҳи зарурӣ аз худ накардани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва паст гардидани сифати таҳсилот мебошад”. Воқеан, ин мушкил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эҳсос мешавад. Замон собит сохт, ки баъзе аз тадбирҳои андешида дар ин соҳа самараи нек наовард. Ба ҷуз ин, ки китобҳо ҷавобгӯи талаботи давр нестанд ва онҳоро устодоне таълиф мекунанд, ки ба кори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ошноӣ надоранд, ҳамчунин, аз рӯи сифату ороиш хонандагонро ҷалб намудаву қонеъ карда наметавонанд.
Албатта, нобахшиданист, ки дар баъзе аз китобҳои дарсӣ далелҳоро ошкор сохтанд, ки “ба меъёру арзишҳои Конститутсия ва ҷаҳонбинии илмӣ мутобиқат надоранд”. Ин ҳама таъсири манфии худро ба хонандагон ва донишомӯзон мегузорад. Волидон бо эътимоди зиёд фарзандонро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои таҳсил мефиристанд, ки фардо бо андешаи солим ба Ватан, ҷомеа хизмати софдилона намоянд.
Ин нуктаро низ ёдовар бояд шуд, ки забони баъзе аз китобҳои дарсӣ мураккабу нофаҳмо мебошанд ва дарки мақсади муаллифу байтҳои овардашуда, масъалаҳои пешниҳодгардидаи фанни риёзиёт мушкил аст. Дар хотир дорам, ки солҳои 70-уми асри рафта мо – хонандагон, ҳатто, мавзуъҳои омӯзгорон нагузаштаро мустақилона мехондем ва онҳоро ба осонӣ мефаҳмидему дарк мекардем. Чанд моҳ пештар омӯзгорони як мактаби ноҳияи дурдаст ба ман занг зада, тафсири байтеро хостор шуданд. Гуфтанд, ки аттестатсия дорему шарҳи ҳамон байтро аз мо талаб доранд. Ба ростӣ, тафсир кардани он осон набуд ва ба воситаи телефон ба фаҳми тафсир низ ноил шуда наметавонистанд. Шарҳу тавзеҳи он барои хонандагон дар он синну сол ҳеҷ зарурате надошт.
Китобҳои дарсӣ ба донишу завқи баланд ва донистани психологияи (руҳияи) хонандагон бояд таълиф шаванд. Инчунин, бо ороиши зебову диққатҷалбкунанда нашр гардид.
Ҳолиё як китоби дарсиро чанд сол бо гирифтани пули хонандагон истифода мебаранд. Бешак, сифати китобҳо дар солҳои баъдӣ коҳиш меёбад, ки ин писанди хонандагон нест. Онҳо ба китоби нав таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Яъне, хонандагон, ҳамасола бояд китобҳои навро харидорӣ намоянд. Барои беҳтар донишандӯзии онҳо зарур аст, ки ҳамаи мушкилоти мавҷударо дар ин маврид рафъ намоем. Шояд бигӯянд, ки баъзе аз хонандагон камбизоатанду имкони харидани китобҳои нави дарсиро надоранд. Дуруст аст, аммо дар ин ҳол бояд саховатмандон, аҳли сарват ба онҳо дасти ёрӣ дароз намоянд. Ин амал аҷру подоши зиёд дорад, зеро дар босаводшавии миллат, ояндаи дурахшони инсонҳо саҳми фаромӯшношуданӣ мегиранд.
Фикр мекунам, ки бо боло рафтани иқтисоди кишвар китобҳои дарсӣ ба хонандагон ройгон тақсим карда мешаванд. Дар ин маврид таҷрибаи кишвари Гурҷистон омӯзанда аст.
 
А. РАҲИМ, шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 13.09.2024 №: 177
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив