ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА  ТАМАДДУНИ ШАРҚ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА  ТАМАДДУНИ ШАРҚ

17 январ 2024, Чоршанбе
31
0

 
Шахси ҳамаҷониба бомаърифат, бағоят маданӣ, равшанфикри комил ва инсони ниҳоят самимӣ – чунин як таассурот аз мулоқотҳоям бо Бобоҷон Ғафуров дар қалби ман абадӣ нақш бастаанд.   

Индира ГАНДИ, Сарвазири Ҳиндустон 

Миллате шарафёби комёбист ва ҳуқуқи зинда мондан дар гирудорҳои давру замонро дорад, ки фарзандони оқил ва хештаншиносаш бо нури хирад ҳофизаи таърихию фарҳангияшро ҳифз ва дар шароити мусоид ба наслҳо мерасонанд.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд: “Таърихи пурифтихори миллати тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад. Дар ташаккули ҳар халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад”.  Воқеан, шинохт ва қадршиносии чеҳраҳои мондагори сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ки дар ташаккул ва рушди давлатдорӣ, муборизаи истиқлолхоҳию озодиталабӣ, ривоҷу густариши адабиёт, санъат, ҳунар ва фарҳанги миллати тоҷик саҳмгузору ҷонфидо буданд, худ қаҳрамонист. Зина-зина ба сӯи қуллаи мурод раҳнамоии насли наврасу ҷавон ва ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии адабию фарҳангӣ, таърихию ҳунарӣ таконбахши худогоҳӣ, хештаншиносӣ гардид. Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ба муносибати 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат  Қаҳрамони Тоҷикистон,  аллома Бобоҷон Ғафуров ва иқдоми эҳёгаронаю миллатсози Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадия намудани китоби “Тоҷикон” ба ҳар оилаи кишвар беназиртарин иқдоме буд  дар шинохти асолати таърихӣ ва эҳёи ҳувияти ориёии миллат. 
Миллати шарифи тоҷикро, ки насли асил ва меросбардори ҳаққонии тамаддун ва фарҳанги ориёист, дар паҳлуи давлатмардонаш пас аз чаҳор даврони афтодану растохези тамаддунӣ фарзонафарзандоне чун ҳафт шаҳсутуни Тоқи Аҳуроӣ будаанд. Пирӯзӣ ва баланд афрохтани дирафши Коваёнӣ баъди ҳазор соли бедоди Заҳҳокӣ бо нури хирад буд, ки “Устувонаи Куруши Кабир”-ро чун нахуст Эъломияи  ҳуқуқи башар ба инсоният пешниҳод сохт. “Гунди Шопургон” – намоди олии хирадёрии ақвоми ориёӣ буд, ки баъди ба зону афтодани империяи Ҳахоманишиёни бузург пеши Искандари Мақдунӣ, тулуи хуршедӣ намуд.  Эҳёи сеюми ориёӣ “Ганҷинаи ҳикмат” (Савонеҳ-ул-ҳикматайн)-и сохтаи Сомониёни озода буд, ки фурӯғи хиради растагоронро ҷилва дод. Даврони эҳёи навин ё чаҳорумини ориёнӣ ин пайкори устод Садриддин Айнӣ бо “Намунаи адабиёти тоҷик” ва аллома Бобоҷон Ғафуров  бо “Тоҷикон” мебошад, ки заминаи маънавӣ барои истиқлоли сиёсии тоҷик гардид.
Пайроҳаи илмии устод Бобоҷон Ғафуров дар илми шарқшиносӣ, бахусус тоҷикшиносӣ,  ҳанӯз аз даврони фаъолияташ чун рӯзноманигор дар саҳифаҳои рӯзномаи “Бедории тоҷик” (1928) оғоз ёфта, сипас,  ҳангоми таҳсил дар аспирантураи Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба зинаҳои баланд мерасад.  Аввалин ҷасорати миллӣ ва посухи илмии устод Бобоҷон Ғафуров ба профессори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна Василий Яротский дар соли 1936 ҳангоми пешниҳоди навиштани китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик” ба миён омада буд, зеро пешниҳоди омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар маҳдудаи ҶШС Тоҷикистон камоли бехирадӣ буд. Устод ҷасурона ба исбот расонданд, ки таърихи халқи тоҷик ҳамбастаи паҳнои  Варорӯду Хуросон аст ва бояд аз рӯи ин консепсия таърихи халқи тоҷик омӯхта шавад. Ӯ дар баробари фаъолияти ҳизбию давлатӣ аз соли 1942 то соли 1948 вазифаи мудири бахши таърихи Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравиро бар дӯш дошт.  Таҳти роҳбарӣ ва таҳрираш соли 1945 маҷмуаи илмии “Мавод оид ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон” ба нашр мерасад. Рисолаи илмии  “Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърихи  тоҷикон ва Тоҷикистон” бо дебочаи “Гузаштаи пурғановати халқи тоҷик”  сароғози иқдомҳои наҷиб буд.  Соли 1947 бо пешниҳоди нахустин рисолаи мукаммали илмӣ дар илми ховаршиносӣ таҳти унвони “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” ба исбот расонд, ки тоҷикон қадимтарин  мардумони  Осиёи Миёна мебошанд ва соҳиби  таърих, фарҳанг, забон, адабиёт, санъату  ҳунари беназире ҳастанд. Соли 1949 “История таджикского народа  в кратком изложении: С древнейших времен до Великой Октябрьской социалистической революции 1917” (Таърихи халқи тоҷик дар баёни мухтасар: Аз замонҳои қадим то Инқилоби Кабири сотсиалистии Октябр дар соли 1917) чун рисолаи мукаммали илмӣ дар таърихи ховаршиносии шуравӣ буд. Ин асар солҳои 1952 ва 1955 бо такмил ва иловаҳо дар Москва ба табъ расид.  Фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва илмии Бобоҷон Ғафуров дар вазифаи Котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар солҳои 1946-1956 барои рушди илми шуравӣ, бахусус илми тоҷик, даврони пурсамар буд. Ин фаъолияти густурдаи олими тавоно барои қомат рост кардани илми ховаршиносии шуравӣ зарур маҳсуб мешуд, зеро дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми ҳизбӣ, фаъолияти Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ зери танқиди шадиди роҳбарият қарор гирифта буд. 
Таъин шудани Бобоҷон Ғафуров дар соли 1956 ба вазифаи  директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС такони ҷиддие дар рушди илм  гардид. Пас аз як муддати кӯтоҳи роҳбарии ӯ  илми ховаршиносии шуравӣ пешоҳанги илми ҷаҳонӣ гардид ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ чунин усули фаъолияти устодро эътирофу қадршиносӣ намуданд.

Аминҷон ЗАРИФӢ, устоди Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод

Санаи нашр: 17.01.2024 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив