ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАСТЧОҲ.  БЕМОРХОНАИ ЗАМОНАВӢ СОХТА МЕШАВАД

МАСТЧОҲ.  БЕМОРХОНАИ ЗАМОНАВӢ СОХТА МЕШАВАД

17 январ 2024, Чоршанбе
29
0


Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ сарфи назар аз душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дигар мушкиливу муаммоҳои ҷаҳон, рушди иқтисоди миллии кишварамон боло меравад. Зимни сафарҳои пурфайзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар тамоми соҳаҳои фаъолият пешравиҳо ба назар расида, даҳҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Дар соҳаи тандурустии ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон, таъмир ва азнавсозии иншооти соҳа бомаром идома дорад. Дар ноҳия ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ дар бахши тандурустӣ корҳои назаррас ба иҷро мерасанд.  Дар ин росто, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои нави беморхонаи марказии ноҳия сохта мешавад. Иншооти сохташаванда дар доираи корҳои ободониву созандагии ноҳия ба истиқболи Ҷашни фархунда – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ қомат афрохта, он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Дар иншооти мазкур барои қабули беморон 8 шуъба ва 250 кат пешбинӣ гардидааст.
Маблағгузори иншоот идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, маблағи умумии он ҳудуди 30 млн сомониро ташкил медиҳад ва пудратчии он ҶДММ “Сохтмон-З” мебошад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхонаи марказӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода таъкид кард, ки бунёду ба истифода додани беморхонаи замонавӣ тадбири муҳим ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад. Раиси ноҳия ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо, истифодаи меъёрҳои меъморӣ ва масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 17.01.2024 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив