ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ. ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД 

ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ. ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МУШТАРАКИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД 

19 январ 2024, Ҷумъа
39
0

– Муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия, ки аз пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ неру мегирад, дар ростои рифоҳ ва манфиати тарафайни мардумонамон боз ҳам қавитар мегардад. Мо азми комил дорем, ки равобитро дар ҳамаи самтҳо равнақ диҳем, – изҳор дошт Умут Аҷар, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Номбурда, ки зимни як нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард, зикр кард, ки ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегиранд ва Тоҷикистону Туркия дорои мероси фарҳангии муштарак мебошанд. 
Бино ба иттилои Умут Аҷар, қарор аст, ҷаласаи Комиссияи муштараки иқтисодии Туркия ва Тоҷикистон моҳи феврал-марти соли ҷорӣ дар шаҳри Анкара баргузор шавад. Дар ин нишаст масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷоратӣ дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор хоҳанд гирифт, ки ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахши иқтисоду савдо ва тиҷорату сармоягузорӣ натиҷабахш хоҳанд буд.

Ш.АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.01.2024 №: 14
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив