ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ

23 январ 2024, Сешанбе
19
0


Таҳти унвони «Тавассути густариши муколамаи фарҳангҳо дӯстӣ ва ҳамкориро дар “оилаи СҲШ” таҳким мебахшем» дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гашт. 
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар чорабинӣ Дабири кулли СҲШ Чжан Мин (тариқи видеоӣ) ва вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода суханронӣ намуда, дар таблиғи мероси ғании таърихию фарҳангии давлатҳои аъзои СҲШ саҳми муҳими Марказро таъкид доштанд. Барномаи фарҳангии “Даҳ нотаи муъҷизавӣ” аз бахшҳои муҳими чорабинӣ гардид.


БАРГАРДОНДАНИ ШАҲРВАНДОН АЗ МЯНМАР
20-уми январ бо эҳтимоми Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти Шоҳигарии Таиланд, Сафорати Мянмар дар Малайзия, ҳамчунин, Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) ва Миссияи байналмилалии адлия (IJM), се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Мянмар ғуломи қочоқи инсонӣ буданд, ба Ватан баргардонда шуданд.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба мақомоти Таиланд ва Мянмар, инчунин, ба Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Миссияи байналмилалии адлия барои ёрӣ дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва мусоидат ҷиҳати баргардондани онҳо ба Ватан изҳори сипос намуд. Мақомоти дахлдор корҳои реабилитатсионӣ-психологиро бо шаҳрвандони мазкур мегузаронанд ва чораҳои зарурии профилактикиро барои пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда ба иҷро мерасонанд. 


ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОНУ ГУРҶИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
15-уми январ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо намояндаи Сафорати Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Тошкент Гиорги Чхеидзе мулоқот намуд. 
Аз Маҷлиси намояндагон ба мо иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни ду давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо Гурҷистон мебошад.


ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ТАҶҲИЗОТИ МУОСИРИ ТИББӢ ТАҚДИМ КАРД
17-уми январ дар шаҳри Душанбе маросими тақдими се таҷҳизоти муосири тиббии BARK VibroLUNG ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гашт. 
Тибқи иттилои пахшнамудаи Вазорат, дастгоҳи виброакустикии BARK VibroLUNG барои табобати бемориҳои шуш ва мушкилоти шуш дар муассисаҳои табобатӣ пешбинӣ шудааст. Раванди кори дастгоҳ ба таъсири сигнали пурқуввати виброакустикӣ асос ёфта, он метавонад ба муддати 10 сол хизмат расонад.


БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ МЕТОДОЛОГИЯИ МУШОҲИДАҲОИ ОБУҲАВОСАНҶӢ
Роҳбарият ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо ҳайати гурӯҳи техникии Бонки ҷаҳонӣ вохӯрданд. 
Тарве аз  Агентӣ ба мо иттилоъ доданд, зимни мулоқот меҳмонон бо фаъолият дар самти тағйирёбии иқлим, обуҳавосанҷӣ, яхшиносӣ ва мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ шинос шуда, тасмим гирифтанд, ки дар оянда ҳамкориро бо Агентӣ дар ин самтҳо тақвият диҳанд. 


ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ИХТИРОЪКОРОНИ ҶАВОН ДАР ДУШАНБЕ
Дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ояндаи наздик барои ҷавонони лаёқатманди ихтироъкор ва навовар Маркази ихтироъкорони ҷавон ба истифода дода мешавад.
Аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр ба мо хабар доданд, ки чунин дастур зимни баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, дода шуд. Ҳадаф аз ташкили Марказ муттаҳид намудани ҷавонони болаёқат ва дастгирии онҳо барои ихтироъкориашон дар самтҳои гуногун мебошад. 


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ГУРӮҲИ СОҲИБКОРОНИ  РОССИЯ
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гурӯҳи соҳибкорони Федератсияи Россияро, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор доштанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот, ки бо иштироки Бобоҷон Шарифов – намояндаи Палатаи савдо ва саноати Россия дар Тоҷикистон ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии Россия ҷараён гирифт, масъалаи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор ёфт. Таъкид шуд, ки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо шарикони худ ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта, як қатор лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намудаанд.

Санаи нашр: 22.01.2024 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив