ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНГВОР.  ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ПАЁМ САРҶАМЪЕМ

САНГВОР.  ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ПАЁМ САРҶАМЪЕМ

23 январ 2024, Сешанбе
20
0


Имрӯзҳо шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар саросари кишвар идома дорад. Бо ин мақсад, гурӯҳҳои алоҳида ташкил шуда, байни мардум вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир менамоянд.
Ҳар сол дар ироаи Паём Пешвои миллат ҷиҳати корҳои анҷомгардида, масъалаҳои нави дарпешистода ва мушкилоти мавҷудаи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт маълумот медиҳанд. Ба хотири беҳбуди зиндагӣ ва бетарафӣ зоҳир накардани тамоми қишри ҷомеа, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҳамроҳ бо муассисаҳои дахлдор байни сокинони деҳоти дурдаст вобаста ба масъалаҳои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. 
Раиси ноҳия Маҳмадшо Давлатзода ва гурӯҳи тарғиботӣ, аз ҷумла дар деҳоти Чилдара, вобаста ба самтҳои асосии Паём, эълон гардидани соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ, инчунин, ба хотири беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ, монеа нашудан дар идомаи таҳсили духтарон, бахусус соҳибкасб гаштани онҳо, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, тозаву озода ва обод намудани маҳалҳо, изҳори андеша намуданд. Таъкид гардид, ки дар пешбурди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, саҳм гузоштан дар ободии диёр, ҷалби бештари занону бонувон дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳар шахси бедордилу ватандӯст бояд содиқонаву софдилона саҳм гузорад.
Дар идома зикр гардид, ки ҳар яки мо вазифадорем, ба хотири ободии диёр камари ҳиммат бандем, ҷавононро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ҳидоят намоем, онҳоро аз дӯст доштани Ватану ҳифзи марзу буми он огоҳ созем. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 23.01.2024 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив