ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Раиси Маҷлиси намояндагон бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардид

Раиси Маҷлиси намояндагон бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардид

30 январ 2024, Сешанбе
21
0


29-уми январ Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Семён Григорев  мулоқот намуд.
Тавре ба мо аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар суҳбат Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид дошт: «Муносибатҳои байнипарлумонҳои ҳар ду мамлакат дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Думаи давлатӣ ва Маҷлиси намояндагон ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ хеле вусъат ёфта, ҷиҳати тақвияти ҳарчи бештари кори мақомоти олии қонунгузории мамлакатҳоямон кумак менамоянд». Дар интиҳои мулоқот Семён Григорев  ба Маҳмадтоир Зокирзода ордени  Дӯстиро тақдим намуд.


Мулоқоти дипломати тоҷик бо мудири Дафтари минтақавии СҶТ 
Дар шаҳри Женева намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ Шараф Шерализода дар ҳошияи ҷаласаи Шурои иҷроияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) бо мудири Дафтари минтақавии он Ҳанс Ҳенри Клюге мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ оид ба рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ табодули андеша сурат гирифт.


Густариши ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Фаронса 
Мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, атташе оид ба масъалаҳои фарҳангӣ Жули Оффре-Карю баргузор гашт. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни  вохӯрӣ ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бо муассисаҳои илмии Фаронса муҳим арзёбӣ гардид. Изҳори умед шуд, ки минбаъд низ робитаҳои илмию техникӣ байни ду давлати  дӯст густариш ва таҳким меёбанд.


Расмҳои кӯдакони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Ҷопон 
Дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио Намоишгоҳи 21-уми байналмилалии «Санъат бидуни марз» оғоз гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки Намоишгоҳ ҳамасола бо ташаббуси Ҷамъияти Ҷопон – Авруосиё баргузор мегардад. Дар радифи расмҳои кӯдакони даҳ давлати ҷаҳон тасвирҳои мактаббачагони Тоҷикистон низ ба маъраз гузошта шудаанд.

Санаи нашр: 30.01.2024 №: 21
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив