ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ ВОСЕЪ.  БАРДОШТ АЗ ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ

НОҲИЯИ ВОСЕЪ.  БАРДОШТ АЗ ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ

02 феврал 2024, Ҷумъа
17
0


Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандонро доир намуд.

Раиси вилоят дар ибтидо зикр кард, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Таъкид гардид, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкаш, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба кашондани хатти оби ошомиданӣ ба деҳаи Шӯрчашма, расондани кумаки молиявӣ, гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ёрӣ барои таъмиру навсозии МТМУ № 53, ҷудо намудани замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳоти Абдӣ Авазов, трансформатор барои деҳаи Пушёни Поён, оид ба расондани кумак барои беморон, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дархости мусоидати раиси вилоятро карданд.
Давлаталӣ Саид ба масъулони идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон, Давлаталӣ Саид бо роҳбарони сохторҳои ноҳияи Восеъ мулоқот анҷом дод. Раиси вилоят оид ба таъмини иҷрои нақшаи андоз, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум ва дигар масъалаҳои мубрам дастуру супоришҳо дод.
Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳодисаҳои атроф, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзишу мусобиқаҳо, расидан ба арзи мардум вазифаи меҳварии ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН,  "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 01.02.2024 №: 23
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив