ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ОЛАМИ АБРЕШИМ»  БА КОР ШУРУЪ КАРД

«ОЛАМИ АБРЕШИМ»  БА КОР ШУРУЪ КАРД

02 феврал 2024, Ҷумъа
20
0


Дар хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсолии «Олами абрешим» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар ифтитоҳи он муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ширкат намуданд. 
Корхона бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти неруи содиротии мамлакат, то коркарди ниҳоӣ расондани ашёи хоми ватанӣ ва дар доираи панҷсолаи рушди саноат бунёд шудааст.
Дар корхона се дастгоҳи бофандагии Олмон ва Белгия насб гардида, иқтидори истеҳсолӣ то 1500 метри мураббаъ матои кӯрпача ва болишт дар як шабонарӯз мебошад. Айни замон 20 нафар, ки аксари онҳо занону бонувон мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд. Маҳсулоти хом аз корхонаҳои истеҳсолии мамлакат, аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”, ворид шуда, риштаи ранга то марҳалаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа, кӯрпача ва болиштҳои зебову хуштарҳи босифат истеҳсол мешаванд. Ҳоло маҳсулоти корхона ба бозору марказҳои савдои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, харидорони худро дорад. 
Бинои корхона дар масоҳати бештар аз 1500 метри мураббаъ бунёд шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар коргоҳи ресандагиву бофандагӣ 8 мутахассиси ҷавон, ки дар Ҷумҳурии Туркия ба таҷрибаомӯзӣ машғул буданд, бо ҷойи кори доимӣ дар ду баст таъмин гардиданд.
Минбаъд бо васеъ намудани хатти истеҳсолӣ боз сето таҷҳизоти ресандагиву бофандагӣ ворид гардида, шумораи кормандон то 100 нафар расонда хоҳад шуд. Дар ошёнаи аввали бино мағозаи фурӯши кӯрпачаву болишт ва қолинҳо ташкил шудааст. Масъулони коргоҳ нақша доранд, ки дар баробари таъмини талаботи сокинони пойтахт ва ҷумҳурӣ, содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ роҳандозӣ намоянд.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.02.2024 №: 23
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив