ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БЕҲТАРИНҲОИ СОҲАҲОИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2023

БЕҲТАРИНҲОИ СОҲАҲОИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2023

03 феврал 2024, Шанбе
23
0

 
Дар "Кохи Суруш"-и пойтахт, бо иштироки муовинони раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғоз муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода сухан ронда, фаъолияти соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо дар заминаи дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи ҳамешагии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ арзишманд арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи ватандӯстиву худогоҳии онҳо, рушди фаъолияти волонтёрӣ, фарҳангдӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим 1674 чорабинӣ бо фарогирии 448 ҳазору 325 нафар, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 1310 чорабинӣ бо фарогирии 602 ҳазору 231 нафар, дар маҷмуъ 2984 чорабинӣ бо фарогирии беш аз 1 миллиону 50 ҳазор нафар гузаронда шуданд.
Дар идома, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои доимӣ ва фаъолияти пурсамар дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш як қатор сохтору мақомот барои саҳм гузоштан, бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Инчунин, бо иштироки сарояндагони шинохта барномаи фарҳангӣ, бо иштироки дастпарварони муассисаҳои варзишии пойтахт барномаи варзишӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонда шуд.

Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.02.2024 №: 24
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив