ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲО АЗ СУҒД

НАВИДҲО АЗ СУҒД

12 феврал 2024, Душанбе
37
0


Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023 ба 480 миллиону 655 ҳазор сомонӣ расид. Ин нишондод дар замони соҳибистиқлолӣ баландтарин ба ҳисоб рафта, дар қиёс ба соли 2022-юм 306 миллиону 729 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
- Мо тасмим дорем ҷиҳати афзоиши маҳсулоти саноатӣ ва ноил шудан ба рушди воқеӣ дар ноҳия 10 корхонаи истеҳсолии хурду миёнаро оид ба истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва кишоварзӣ роҳандозӣ кунем, ки шароит фароҳам меояд, наздики 1000 ҷойи нави кор муҳайё шавад, - иброз намуд раиси ноҳия Аъзам Ализода. 
Айни ҳол корхонаи бузурги ресандагии “Арвиз зелал текстайлз” (собиқ “Олим текстайлз”) бо фарогирии зиёда аз 400 нафар фаъолият дошта, маҳсулоти он асосан ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

* * *
Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар маҷмуъ, ба 53-то расида, соли сипаришуда бо маблағи 431 миллиону 943 ҳазор сомонӣ  маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022-юм 154 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва аксари номгӯйи маҳсулот воридотивазкунанда маҳсуб меёбанд.
Бино ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Олимбек Юлдошзода,  ҷиҳати амалишавии  дастури Сарвари давлат оид ба афзоиши маҳсулоти содиротии бахши кишоварзӣ то 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 4 корхонаи маҳсулоти мевагӣ - афшураву консервҳои гуногун бо таъсиси наздик 100 ҷойи корӣ бунёд хоҳад шуд.
* * *  
Ҷиҳати рушди соҳаи варзиш дар ноҳияи Ашт, бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мусобиқаҳои гуногун баргузор карда мешаванд. 
Имсол Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим дорад бо ҷалби соҳибкорон дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 5 майдончаи варзишӣ бунёд кунад.  
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив