ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҳамоҳангсози СММ нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳим арзёбӣ намуд

Ҳамоҳангсози СММ нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳим арзёбӣ намуд

16 феврал 2024, Ҷумъа
12
0


«Нақши Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим мебошад», – чунин арзёбӣ намуд ҳамоҳангсози СММ дар ҷумҳурӣ Кавилмадам Рамасвами Парвати дар мулоқот бо директори Агентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад.
Тавре ба «Ҷумҳурият» дар Агентӣ иттилоъ доданд, зимни суҳбат оид ба вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии он ва пешгирии нашъамандӣ маълумот пешниҳод гардид.

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Ӯзбекистон 
13-уми феврал дар шаҳри Тошкент даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуданд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Ӯзбекистон Раҳматулло Нуримбетов роҳбарӣ намуданд. Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати муколамаи сиёсӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҳошияи сафар вохӯрии Содиқ Имомӣ бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов ва машваратҳо дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ оид ба ташхиси заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо доир гардиданд.

Вохӯрӣ бо роҳбари ТИКА дар Тоҷикистон
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) ҷаноби Унал доир шуд. 
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахши рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар кишвари Туркия ва бо ин васила ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар тибби мамлакат гуфтугӯ намуданд.  Ба «Ҷумҳурият» дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд. 

Имзои Созишномаи сармоягузорӣ вобаста ба сохтмон ва истифодабарии Маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Разес Фарма» оид ба лоиҳаи сохтмон ва истифодабарии Маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ баргузор гардид.
Тибқи Созишномаи сармоягузорӣ, ки барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини маҳсулоти босифат ва рақобатпазир равона шудааст, сохтмон ва истифодабарии Маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии беш аз 70 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Баъди пурра ба кор даровардани корхонаи мазкур зиёда аз 200 нафар соҳиби ҷойи  кори доимӣ мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соҳиби таҷҳизоти махсус гардид
Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ шаш воҳиди таҷҳизоти махсус барои корҳои наҷотдиҳии фаврӣ дастрас гашт.  
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки таҷҳизоти махсус  дар доираи лоиҳаи муштараки Кумита ва Бонки осиёии рушд оид ба идоракунии офатҳои табиӣ харид шудааст. Ҳамчунин, аз ҷониби барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо   ба ихтиёри Кумита мошинҳои обӣ барои воҳидҳои наҷотдиҳӣ дода шуданд.


Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо намояндагони вилояти Мински Беларус
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Денис Курленко ва гурӯҳи соҳибкорони ин кишвар, ки ба вилоят ташриф оварданд, мулоқот намуд.
Дар мулоқот сафири фавқулода ва мухтори Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко, роҳбарони идораҳои давлатии ду вилоят низ иштирок доштанд. Таъкид  шуд, ки дар доираи созишномаҳои дуҷониба миёни вилоятҳои Суғд ва Минск равобити хуби иқтисодӣ вуҷуд дошта, доираҳои тиҷоратии ду тараф мунтазам барои зиёд намудани гардиши молу маҳсулот кӯшиш менамоянд. Мулоқот бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд. 

Дар Китобхонаи ба номи Анатолий Димарови Киев гӯшаи Садриддин Айнӣ таъсис ёфт
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар  Китобхонаи ба номи Анатолий Димарови шаҳри Киев бо гӯшаи махсус бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ шинос шуд. 
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки зимни шиносоӣ вохӯрии сафир бо директори китобхона Светлана Батюк доир гашт. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкории гуманитарии Тоҷикистон ва Украина ибрози андеша намуда, ба ҳаёту эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ диққати махсус доданд.
Дар гӯшаи Айнӣ аксари асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун ҷамъоварӣ гардидаанд. Нимпайкараи устод ва гилеми дастбофте бо аксаш гӯшаро зеб медиҳанд.

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ,
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 15.02.2024 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив