ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИНОДРАМАТУРГИЯИ КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

КИНОДРАМАТУРГИЯИ КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

16 феврал 2024, Ҷумъа
9
0


Дар замони муосир анъанаҳои кинодраматургияи миллиро адибон идома медиҳанд.  Асарҳои синамоии Кароматуллоҳи Мирзо таҳти унвони “Дарди ишқ”, «Марги бегуноҳ», «Нишони зиндагӣ», «Меҳри модар» ва “Дар орзуи падар” рӯйи пардаи кино омада, дар қалби ҳазорон-ҳазор мухлиси осораш ба таври абадӣ ҷой гирифтаанд. Агар дар оғози фаъолияти эҷодияш адиб ба воситаи асарҳои дар рӯзномаву маҷалла ва тариқи китобҳои алоҳида нашршудааш миёни хонандагон муаррифӣ шуда, дар адабиёт мақому манзалати хосе пайдо карда бошад, санъати кино ба он кас маҳбубияти бештарро насиб гардонд. 
Дар кинодраматургия тадқиқи табиати мураккаби хислати инсон ва ҳолати руҳии қаҳрамон дар мадди аввал меистад. Зимни ин ҳама гирудорҳо дар филмҳо ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳим ва тарғиби қаҳрамони мусбат дар сохтори он ҳам муҳим мебошад. То ба навор гирифтани филми пуровозаи синамои миллӣ – “Дарди ишқ”, ки аз рӯйи асари ҳамноми Кароматуллоҳи Мирзо рӯйи пардаи кино омадааст (муаллифи сенария Юрий Харламов, коргардон Анвар Тӯраев, соли 1989), дар кинематографияи миллӣ асарҳои ба мавзуи ҷанг бахшидашуда якранг ба назар расида, дар онҳо руҳияи миллатамон камтар ба назар мерасид. Нависанда бо қиссаи мазкур ин холигиро пур кард.  
Асар қиссаи дувуми адиб буда, дар эҷодиёташ қадами ҷиддие ба пеш ҳисобида мешавад. “Дарди ишқ” асарест, натиҷаи зиддиятҳои маънавии инсон, низоъҳои тезутунди ақидаҳо. Хати сужеташ пурнизоъ, динамикӣ ва пуртаъсир аст. Ҷанбаи таҳлиливу тасвирии психологӣ ва тарзи тафаккури реалистӣ низ сарманшаи нависанда мебошад. 
Охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри ХХ дар кинои тоҷик таҳаввулоти миқдориву сифатӣ ба вуҷуд омад. Ҳам дар филмҳои мустанад ва ҳам дар филмҳои ҳунарӣ ҷустуҷӯйи сабку усул ва мавзуъҳои ҷолибу воқеӣ мушоҳида мешаванд. Ин руҳияи нави воқеъбинию ҳақиқатнигориро насли нави коргардонҳо дар филмҳояшон татбиқ карда бошанд ҳам, он аз дигаргуниҳои мавзуии дар адабиёт баамаломада маншаъ мегирад. Дар онҳо назари амиқ ба зиндагӣ ва олами ботинии қаҳрамонҳо авлавият дорад. 
Адабиётшинос Аълохон Афсаҳзод ин нуктаи муҳимро дар мавриди асари дигари муаллиф зикр намудааст: “Тамоми симоҳои “Дар орзуи падар” ба арзиши бузурги тарбиявӣ моликанд. Асарро хонда, кас ба хулосае меояд, ки дар зиндагӣ саҳлгирӣ, дар ишқ булҳавасӣ, дар оиладорӣ бозӣ ва дар муомила истеза раво нест. Ғуруру якравии сари ҷаҳл боиси пушаймонӣ хоҳад шуд, раҳму шафқат ва хайру эҳсон талабҳои заминӣ буда, рашк ба беобрӯйӣ ва хонавайронӣ мебарад. Падарону модарон ба хотири фарзандон аз бисёр хоҳишҳои дили худ гузаранд. Чарбзабонӣ ҷосуси дилҳост, илмро амал лозим асту донишро кӯшиш”. Ин суханони олим ба аввали солҳои навадум рост меояд. 
Бо беҳ гардидани вазъи сиёсӣ ва ба мароми муқаррарӣ ворид шудани зиндагӣ фарҳангу ҳунар низ рӯ ба беҳбудӣ овард. Кино, ки навъи ҳунари серхароҷот аст,  аз тангии иқтисодӣ ва имконоти молиявии буҷет қариб буд рӯ ба нестӣ оварад. Хушбахтона, гурӯҳи калони сарсупурдагони кори санъату ҳунар пайдо шуданд, ки ба зарурати эҳёи ин навъи ҳунари воломақом талош варзиданд. Аввалин тасмими дар ин самт суратгирифта, ба рӯйи экрани калон баровардани қаҳрамонҳои асари Кароматуллоҳи Мирзо “Дар орзуи падар” гардид. То ин дам худи асар низ хеле кор хӯрда, аз қисса ба романи калони сеқисма табдил ёфт. Бо дастгирии худи муаллиф филмномаи он тайёр шуда, наворбардорӣ оғоз ёфт. Раванди таҳияи асар тул накашид. Соли 2005 қисмати нахустини филм тариқи телевизион нишон дода шуд. Он солҳо, ки мардум ташнаи «ғизои маънавӣ» ҳам буданд, ин хушхабарро ба ҷон пазируфтанд. 
Баъдан, фаъолияти адабии  Кароматуллоҳи Мирзо бо рушди кинематографияи тоҷик дар нимаи дувуми асри ХХ ва оғози садаи ХXI гиреҳ мехӯрад. Ширкати фаъолонаи адиб дар эҷоди сенарияҳои дар ҳаммуаллифӣ бо дигар нависандагону сенаристон ба ӯ имкон медиҳад, ки бо санъати кино аз наздик ошно гардида, дар кинодраматургия батадриҷ таҷрибаи бой ҳам ба даст орад. Бинобар ин, ба вуҷуд омадани сенарияи филми “Марги бегуноҳ” дар кинодраматургияи миллӣ ҳодисаи тасодуфӣ нест. Ин асари адабии нависанда диққати синамогаронро бо мазмуни баланд ва шадидияти воқеаҳову равшан баромадани табиати хислати қаҳрамононаш ҷалб намуд. Филми мазкурро на танҳо дар эҷодиёти худи муаллиф, балки синамои миллӣ низ метавон асари марҳилавӣ номид. Он заминаи хубе барои ҷавонони мо гузошт, то наслҳои баъдии адабиёт ва ҳунари синамо дар оянда симоҳои барҷастатар офаранд ва воқеияти ин фоҷиаи миллиро беҳтару бештар бозгӯ намоянд. Бо ин кораш муаллиф пули муътамадеро миёни наслҳо бунёд гузошт. 
Дар филмномаи дигари Кароматуллоҳи Мирзо – “Нишони зиндагӣ” низ дарки воқеии ҳаёт бо андешаҳои публитсистии муаллиф дар бораи замон, воқеият ва одамон, ки хоси эҷодиёти нависанда мебошад, омезиш ёфта, дар ҳамкорӣ бо дастаи ҳирфавии синамогарон ва тавассути воситаҳои назаррабои экран ба худ рангу тобиши наверо касб намуданд. Филми мазкур бори дигар собит месозад, ки забони кинематограф бо забони насри бадеӣ қаробати хос ва нагусастание дорад. Худи сужети асар печдарпеч нест, вале рафтори қаҳрамонҳо чунин тасвир шудааст, ки дар ҳар амали онҳо “косае зери нимкоса ниҳон буданаш” ошкор мегардад. Соҳиба ном духтари муаллим Рабиев бар хилофи раъйи директори мактаб омӯзгори таълимгоҳи деҳаашон таъин мешавад. Баъди бархӯрдҳои чандинкарата бо сарвару гурӯҳи думравонаш дарк менамояд, ки дасти онҳо қалб буда, сабабгори марги падари ҳақгӯву ростқавлаш низ ҳаминҳо мебошанд, аммо пушти ин ҳама мо зиндагии басе печида ва пурмоҷароеро мебинем, ки ҳар лаҳза ва дар ҳама ҷо ба чашм мерасад. 
Муаллиф воқеаҳои зиёд ва тулонии «Баҳори хазонрез»-ро, ки аз нимаи асри гузашта оғоз гардида, то ба замони мо мерасанду тақдири чандин насли як деҳаи кӯҳистонро дар бар мегиранд, батафсил ва гоҳе шадиду пурталотуму гоҳи дигар бо оромии ба худ хос ривоят мекунад. Мавзуъҳои асосии асарро ишқ ва зиндагӣ ташкил медиҳанд. Чандин насли қаҳрамонони асар бахти худро дар ишқ мебинанд, вале дар гирудори зиндагӣ онро аз ҳавас ва рашкро аз бадбинӣ фарқ карда наметавонанд. Аз ин ҷост, ки ҳаваси яклаҳзаинаро ишқ пиндошта, як умр аз рашк азоб мекашанд. Рашки ноҷо онҳоро ба ниқор гирифтан водор месозад. Дар натиҷа, чандин оила вайрон гашта, бахти чандин кас сияҳ мегардад. Дар ҷанҷолҳои байниҳамдигарӣ, ки аз як насл то ба насли дигар идома меёбанд,  чанд тан аз ҷавонпаҳлавонони нозанини деҳ қурбон ҳам, мешаванд. Бо ин моҷарои печдарпечу дурударози хеш муаллифи сенария таъкид менамояд, ки ишқ пайванди хунӣ нест, он пайванди ҷонӣ ва равониро мехоҳад. 
Филмҳои «Марги бегуноҳ», «Нишони зиндагӣ», «Меҳри модар», “Дар орзуи падар” ва «Баҳори хазонрез» аз беҳтарин муваффақиятҳои киностудияи “Тоҷикфилм” дар мавзуи рӯз буда, комёбии онҳо аз бисёр ҷиҳат ба филмномаҳояшон вобаста мебошад. 

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.02.2024 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив