ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

16 феврал 2024, Ҷумъа
35
0


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
Анҷелина Ҷоли аз маъруфтарин ҳунармандони синамои Амрикоро аксарият медонанд. Ва низ огоҳанд, ки ин ситораи кино на танҳо барандаи «Оскар», се маротиба ҷоизадори «Глобуси тиллоӣ», балки коргардону продюсер, фотомодел, ҳатто сафири иродаи неки СММ низ ҳаст. Вале кам касоне огоҳанд, ки ӯ дар ҷавонӣ мушкили равонӣ дошт. Маҳз ба ҳамин беморӣ тоб наоварда, хост худкушӣ кунад. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки Ҷоли тахмин дар 20-солагӣ қасди бо зиндагӣ падруд гуфтанро мекунад. Вале аз тарси он ки наздиконаш дар марги ӯ худро гунаҳгор хоҳанд шумурд, ӯ барои куштани худ қотилеро киро мекунад. Бале, маҳз киро мекунад, то касе аз пайвандон дар кушта шудани ӯ худро гунаҳгор наҳисобанд. Хушбахтона, қотили зархарид шахси дурандеш мебарояд. Маҳз ӯ аз Ҷоли хоҳиш мекунад, ки саросема нашуда, то ду моҳи дигар андеша намояд. Ба бахти ҳаводорони филмҳои Голливуд, дар ин ду моҳ зиндагии Ҷоли тамоман ранги дигар мегирад ва дилаш аз нав ба зиндагӣ гарм мешавад. Ва табиист, ки ба қотил тамос гирифта, фармоишро бекор мекунад. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


ПАНДҲОИ  ШОҲОНИ СПАРТА
З-он ҳама Фирдавсдили Осиё,
Соҳати бешӣ чу ба каф оварид.
Нияти ӯ боз фаротар кашид;
Ҷанги сари Форс ба саф оварид.

З-он ба олам буд, ки на бо ҷанги нар,
Форс юнонӣ сари чангаш гирифт.
Балки фурӯшида пайи зар ба Форс
Сафсатахонони юнонӣ ба муфт.
                         * * *
Буд рӯи тангаи Эрониён,
Нақши зебои камонгири бузург.
Тирро медод парвози баланд,
Дурзан буд чун нишонгири бузург.

Чун бурун мешуд зи хоки Осиё,
Огиселай гуфт бо ёрони худ:
- Сӣ ҳазор ин ҷо камондори ба нақш,
Ронадам аз Осиё то хони худ.

Тангаи зарин гирифта сӣ ҳазор,
Ҳарзахонони Юнон фитна заданд.
Ҳамзабон бинмуда Фивро бо Афин,
Бо Сипарта ҷангии онӣ шуданд.
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарх,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО



АЛЕКСАНДР СУВОРОВ
Лашкаркаши мағлубнопазир
Сарлашкари маъруфи рус, генералиссимус Александр Суворов (1730-1800) яке аз бузургтарин лашкаркашони дунё шинохта мешавад. Тавре таърихнигорон менависанд, ӯ дар олам ягона сипаҳсолоре мебошад, ки дар майдони ҳарб мағлуб нашудааст.  Ҳамин буд, ки Суворов бо тамоми орденҳои мавҷудаи империяи Россия мушарраф гардид.
Таърихнигорон дар баробари далериву шуҷоат, инчунин, хоксорӣ, раҳмдилӣ ва саховатмандии Суворовро тавсиф менамоянд. Чуноне зикр мешавад, ӯ аз ҳисоби худ аскарони маъюбро, ки дар ҷанг ҷароҳатҳои вазнин бардошта буданд, парасториву нигоҳубин мекард.
Таҳияи Ш. ШОКИР


НОБИНОӢ БА ХОТИРИ ЗАН
Ҷавоне бо духтаре, ки дер боз мафтуни зебоии ӯ шуда буд, издивоҷ мекунад. Зиндагии ширин доштанд, вале бо гузашти солҳо завҷааш бемории пӯст мешаваду оҳиста-оҳиста ҳуснаш иллат пайдо менамояд. Аз қазо шавҳар ҳам рӯзе ба садама дучор омада, «нобино» мешавад. Зиндагии оилавии онҳо ба таври маъмулӣ идома меёбад. Ниҳоят бар асари ҳамин бемории ахс зан дунёро падруд мегӯяд. Пас аз анҷоми маросими дафн, мард аз алам тарки шаҳр мекунад.   
Дар роҳ ногаҳон марде, ӯро садо карда, мегӯяд:  – "Танҳо чӣ гуна сафар мекунед? Завҷаатон буд, ки бо ин нобиноӣ шуморо як лаҳза танҳо намегузошт?".
Мард гирён ҷавоб медиҳад: – "Аслан, ман нобино нестам. Баъди садама танҳо вонамуд мекардам, ки кӯрам, зеро агар завҷаам медонист, ки ман зиштии рӯи  ӯро мебинам, ин ба ӯ бештар аз бемориаш асар мекард. Азбаски дӯсташ медоштам, танҳо мехостам, ки вай, ҳамчунон, хушбахт бимонад".
 Таҳияи Лола РИЗОӢ



ИРМА БЮЛ ВА ФОҶИАИ Ӯ
Бо Ирма Бюл, овозхон ва бозигари сирк аз Индонезия, ҳангоми яке аз шоу-барномаҳои телевизионӣ ҳодисаи фоҷиаборе рух дод. Аниқтараш ӯро мори афъии ромкардааш газид. 
Тавсифи воқеа чунин аст, ки ҳангоми иҷрои барнома Ирма нохост думи морро зер мекунад ва ҷонвари бахашмомада аз дард ба ӯ дармеафтад. Ҳамкоронаш ба Ирма пешниҳод намуданд, ки барномаро қатъ кунаду зуд позаҳр  нӯшад. Аммо ӯ аз қабули ҳар ду пешниҳод даст мекашад. Ирма Бюл то охир бовар дошт, ки ғадуди заҳрдори мор гирифта шудаасту ба ӯ осебе намерасад.  
Пас аз 45 дақиқаи намоиш ӯ дарди ҷонкоҳеро ҳис намуда, аз ҳуш рафт.  Ирмаро ба беморхона оварданд, лекин дер шуда буд.  

Таҳияи Кароматулло АТО

15 000 000 $ АРЗИШИ ЯК ПОЙАФЗОЛ
Тарроҳи бритониёӣ Дебби Уингэм яке аз пойафзоли қиматтаринро бо арзиши 15 000 000 доллари ИМА ба намоиш гузошт. Пойафзол бо супориши яке аз мизоҷон дар Дубай дӯхта шудааст. Он ба сифати туҳфа дар ҷашни 30-солагии яке аз хешовандони фармоишгар тақдим гардид.
Тарроҳ зиёда аз ҳазор санги қиматбаҳо, аз ҷумла алмосҳои сафед, нодири гулобӣ ва кабудро, дар ороиши он истифода бурдааст. Ҳамаи сангҳо бо платина насб шудаанд. Бандгузарон ва дигар ҷузъиёти пойафзол аз тилло омода гаштаанд. 
Таҳияи Кароматулло АТО


АЗ КАНАДАИ СЕРКӮЛ  ТО МАМЛАКАТИ ХУШКТАРИНИ ҶАҲОН

Канада мамлакатест, ки аз ҳисоби миқдори кӯлҳо дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол менамояд. 60 дарсади  ҳамаи кӯлҳои дунё дар ҳудуди Канада ҷойгир шуда, шумораи онҳо зиёда аз 3000000 мебошад.  Масоҳати кӯлҳо, дар маҷмуъ, 900000 километри  мураббаъ буда, ба 9 дарсади  масоҳати умумии Канада баробар аст. 

Аз ҳама мамлакати хушктарин дар ҷаҳон Либия мебошад. Қариб 99 дарсади масоҳати онро биёбон ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳои  Либия даҳсолаҳо борон намеборад. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО


16, 5 ҲАЗОР ДОЛЛАР 
ҷарима барои нашустани дандон
Пош хӯрдани яке аз оилаҳо дар пойтахти Туркия – шаҳри Анкара, сокинони онро ба ҳайрат овард, зеро сабабаш ғайриодӣ буд.
Тибқи иттилои портали иттилоотии «Haber», зане ба суд шикоят бурдааст, ки ҳамсараш дар як ҳафта на зиёда аз ду маротиба дандонҳояшро мисвок мезанаду сару рӯ мешӯяд. 
Ба ин тартиб, суди Анкара шавҳари ӯро ҷиҳати риоя накардани гигиенаи шахсӣ маҳкум намуд. Аз ӯ барои расондани зарари маънавӣ ба фоидаи ҳамсари собиқаш ба маблағи 500 ҳазор лир (16,5 ҳазор доллари ИМА) ҷубронпулӣ ситонда мешавад. 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ФИРОР АЗ ҶОЙИ ҲОДИСА
Мансабдоре, ки бо мошини гаронарзишаш ду нафарро дар гузаргоҳи пиёдагард зада, аз пой афтонда буд, бо қошу қавоқи хамида аз судя мепурсад:
–  Хайр тақдири инҳо чӣ мешавад?
– Ташвиш накашед, гунаҳгорон, албатта, ҷазои сазовор мегиранд.
– Чӣ хел ҷазо?
–  Онеро, ки бо сараш барқасдона зада, шишаи мошини навро шикастааст ва ба шумо зарари калони молиявӣ расондааст, панҷ сол ҳабс мекунем. Дуюмиро  ҳашт сол.
–  Барои чӣ ҳашт сол?
– Барои он ки ӯро чанд қадам дуртар аз мошин, миёни алафзор ёфтаанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷинояткор дидаву дониста аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ЧАНД ДАЛЕЛ 
ДАР БОРАИ ТАҲСИЛ ДАР  ҶОПОН
1. Мавҷудияти боғчаи бачагона дар Ҷопон ҳатмист ва ба он кӯдакон аз синни 3-солагӣ ҷалб мегарданд. Дар кӯдакистон ба атфол асосҳои арифметика ва хираганаву катаканаро меомӯзонанд.
2. Барои ба мактаб дохил шудан ҳамаи бачагон имтиҳон месупоранд. Онҳое, ки аз имтиҳон ноком мегарданд, метавонанд дар курсҳои тайёрӣ таҳсилро идома диҳанд ва соли оянда дубора барои шомил гаштан худро санҷанд.
3. Таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ  ройгон буда, дар синфҳои болоӣ  ва олӣ пулакист.
4. Дар синфҳои ибтидоӣ хонанда вазифаи  хонагӣ надорад. Лекин дар синфҳои болоӣ вазифаи хонагии зиёд дода мешавад, бинобар ин, хонандагони синфҳои болоии Ҷопонро одамони сермашғулияттарин дар кишвар меҳисобанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ШУКР БОЯД КАРД!
Барои он ки зиндагиро беҳтар фаҳмид, бояд аз се макон ёд кард: бемористон, зиндон ва қабристон. Дар бемористон мефаҳмем, ки ҳеҷ чизе муҳимтар аз тандурустӣ нест. Дар зиндон мебинем, ки озодӣ гаронбаҳотарин  дороии мост. Дар қабристон дарк менамоем, ки оқибати зиндагӣ чист. Замине, ки имрӯз рӯи он қадам мезанем, фардо сақфи мо хоҳад шуд. Пас, биёед шукри тани сиҳату озодӣ ва зинда буданамонро кунему бо ҳам меҳрубон  бошем! 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР



ЛАБХАНДИ АҲЛИ ФАЗЛ
Дузде ҷомаеро дуздида ба бозор бурд ва ба дасти даллол дод, ки бифурӯшад. Ҷомаро аз даллол дуздиданд ва дузд дасти тиҳӣ назди ёрон омад. 
–  Гуфтанд: 
Ҷомаро ба чӣ нарх фурӯхтӣ? 
Гуфт: 
– Ба он нархе,  ки харида будам.  

Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН



“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ  ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
ДАНДОНҲОИ ҚАДИМТАРИН  ОДАМИ ЮАНМОУ
Дандонҳои қадимтарин одами Юанмоу бозёфти беназири ҳафриётҳои бостоншиносӣ мебошад. Он дар Осорхонаи миллии Чин, воқеъ дар шаҳри Пекин, нигоҳ дошта мешавад. Соли 1965 археологҳои чинӣ дар минтақаи Юанмоу ду дандони болоии Синантропро кашф карданд, ки синну соли бозёфтҳо на дертар аз 780 ҳазор сол буда,  таърихшиносон онро ба 1 миллион сол қабл мутааллиқ медонанд. Ин дандонҳо хеле боқувват буда, дарозиашон 227 миллиметр мебошад.  
Таҳияи Судоба ФАЙЗАЛӢ


ТАВРЕ ЗИНДАГӢ БИКУН…
Рӯзе пирмарде аз назди дарё мегузашт, ногаҳон садои кӯдакеро шунид, ки дар ҳоли ғарқ шудан буд. Мард саросема худро ба дарё партофта, кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот дод. То соҳил кӯдаки беҳушро берун оварда, бо талошҳои зиёд ба ӯ умри дубора бахшид. Кӯдак пас аз ба ҳуш омадан, ба мӯйсафед рӯ оварда гуфт: «Аз ин ки дар ин синну сол барои ман шуда, ҷони худро ба хатар гузоштед, муташаккирам». 
Мард дар ҷавоб гуфт: «Ҳоҷат ба ташаккур гуфтан нест. Танҳо саъй намо тавре зиндагӣ бикунӣ, ки зиндагиат арзиши наҷот ёфтанатро  дошта бошад…!». 

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ОЛИҲАИ ХУБӢ

Донишҷӯ ва модари ҷавони амрикоӣ Кейси Фишер барои наҳорӣ ба қаҳвахонаи Dunkin’ Donuts даромад.  Назди он марди бенавое ба хотири пайдо кардани чанд танга нишаста буд. Аз ин рӯ, Кейси ба мард пешниҳод кард, ки ҳамроҳаш наҳорӣ кунад. 
Ҳангоми  суҳбат маълум шуд, ки Крис (марди фақир чунин ном дошт) падарашро ба ёд надорад. Модараш бошад, аз  бемории саратон фавтидаасту худаш бар асари нашъаманд шудан,  аз тамоми дороияш маҳрум мондааст. 
Ҳангоми хайрухуш, Крис дар варақе чизе навишт. Кейси варақро гирифту онро дар мошин бихонд ва дар ҳайрат монд, зеро  Крис нигошта буд: “Имрӯз мехостам худкушӣ кунам. Аммо ту маро бо лутфу меҳрубоният аз ин роҳи хато баргардондӣ. Ташаккур ба ту, эй олиҳаи хубӣ!”.

Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА 



НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АДОЛАТ
Ёрдамчии судя бошитоб дарро мекушояд:
– Раис, як тараф 150 000 доллар овард, ҷониби дигар 100 000. Чӣ кор кунам?
– 50 ҳазори зиёдатиро ба соҳибаш баргардонед, Сидиров.
– О, ин маблағи кам нест-ку раис,- чӣ хел мешавад?
– Нағз мешавад. Агар мо аз ҳар ду ҷониб баробар пора нагирем, адолатро чӣ гуна таъмин мекунем? 
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА



ШОҲМОТ.   ФАКТҲОИ ҶОЛИБ

1. Дар мактабҳои миёнаи Арманистон шоҳмот фанни дарсист.
2. Соли 1947-ум гроссмейстери байналмилалӣ Мигел Найдорф (Аргентина) бо чашмони баста бо чилу панҷ нафар бозӣ карда, дар 39-тои он ғолиб гардиду дутои дигарро мусовӣ намуда, дар чортояш мағлуб шуд. 
3. Соли 1999-ум чемпиони ҷаҳон Гарри Каспаров муқобили дастаи беш аз 50 000-нафараи 75 кишвари олам қувва озмуд. Бозӣ расо чор моҳ идома ёфта, дар гашти 62-юм бо ғалабаи чемпиони ҷаҳон ба анҷом расид.  
Таҳияи Ш. ШОКИР


ЧАРМ АЗ КАКТУС – ЭКОМАВОДИ ЗАМОНАВӢ
Бозори мӯд муддати тулонӣ кӯшиш менамояд, ки барои истеҳсоли чарм, пӯсти ҳайвонотро ба аналогҳои сунъӣ иваз кунад ва аксари тарроҳони мӯд маводи пластикиро низ истифода мебаранд, ки ин як камбудии назаррас аст. 
Бренди нави Мексика “Desserto” ба мардум чарми табиии аз баргҳои кактус омодашударо пешниҳод кард ва бо  ин кашфиёти худ саноати чармро ба ҳайрат овард. Адриан Лопес Веларде ва Марте Казарес бренди нави худ “Desserto”-ро дар Милан, дар Намоишгоҳи байналмилалии молҳои чармӣ Lineapelle-2019, муаррифӣ намуданд.
Чарми аз кактус тайёркардаи онҳо нарм, табиӣ ва дорои сифати баланд буда, онро барои либос, мебел ва дохили мошин истифода бурдан мумкин аст. Истеҳсолкунандагон чармро аз кактуси нопал, ки дар ҳама гӯшаи Мексика мерӯяд, омода месозанд. Ҳоло ширкат истеҳсоли оммавиро ба роҳ монда, ният дорад то соли 2025 маҳсулоти худро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намояд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


2024 – ИМПЕРАТОР – “ЧЕМПИОН”

Миёнаҳои асри II то милод кишвари овозадори Юнон – макони баргузории Бозиҳои олимпии қадим аз ҷониби империяи Рим забт шуд.
Дар Бозиҳои олимпии 211-ум императори Рим Нерон низ иштирок намуд. Ӯ ба барномаи бозиҳо тағйироте ворид кард, ки дар гузашта, ҳатто, фикрашро ҳам намекарданд. Нерон худро ҳунарманди театр ва сарояндаи беназир мехонд. Дигаргунии аҷоиб дар барномаи бозиҳо ҳамин буд. Натиҷаи бозиҳо низ ҳайратовар гашт. Ғолиби ҳамаи мусобиқаҳо як нафар эълон шуд – Нерон! Дар мавриди бо кадом роҳҳо император ғолиби бозиҳо гардид, агар шоҳидон намебуданд, пас аз шахсияти фавқулодаи Нерон ба ҳайрат омадан мумкин буд.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ


ЭЛБРУС
Дар Элбрус ҳамагӣ 23 пирях мавҷуд буда, дар байни онҳо пиряхҳои Ирик, Кокуртли ва Азауи Калон аз пастиву водиҳои васеи шудгоршуда мегузаранд. Ин ҷо пиряхҳои овезон низ ҳастанд, ки забонаашон аз байни сангҳо убур мекунанд ва баъзан тармаҳои яхро ба вуҷуд меоранд  Масоҳати умумии пиряхҳои Элбрус 134 метри мураббаъро ташкил дода, кариб 10 фоизи тамоми пиряхҳои Қафқози Шимолӣ мебошанд. 
Таҳияи  Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ОЁ МЕДОНЕД? 
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИНСОН
1. Одам дар як рӯз он қадар гармӣ ихроҷ мекунад, ки метавонад 33 литр оби сардро ба ҷӯш орад.
2. Ҷигари инсон дар як соат зиёда аз 100 литр хунро мегузаронад.
3. Дар мағзи сари инсон тайи як сония 100 000 реаксияи химиявӣ ба амал меояд.
4. Андозаи чашмҳои мо тули ҳаёт яксон мемонад, вале гӯшу биниямон инкишоф меёбанд.
5. Лейкоситҳо (ҳуҷайраҳои хун) дар бадани инсон 2-4 рӯз ва эротритситҳо (ҳуҷайраҳои махсуси бадан) 3-4 моҳ зиндагӣ мекунанд.
Таҳияи Лутфияи Абутолиб

Санаи нашр: 16.02.2024 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив