ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАСТИИ МИЛЛАТ. АЗ БОБИ БУЗУРГДОШТИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ҲАСТИИ МИЛЛАТ. АЗ БОБИ БУЗУРГДОШТИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

22 феврал 2024, Панҷшанбе
7
0


Чоряк аср аст, ки дар саросари олам 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдом бо қарори Конференсияи генералии ЮНЕСКО аз моҳи ноябри соли 1999 ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ роҳандозӣ гардид. Чунин иқдоми ЮНЕСКО-ро ҳамчун рӯзи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ ва мусоидат ба огаҳӣ аз гуногунфарҳангию бисёрзабонии забонҳои рӯи олам арзёбӣ кардан мумкин аст.  

Бешубҳа, забони модарӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ муҳимтарин воситаи муоширату муомилоти инсонӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувият маҳсуб ёфта, нахустунсури нишона ва ҳастии миллату давлат, баёнгар ва ифодагари таъриху тамаддун, ганҷина ва хазинаи осору андеша аст. 
Аз таърихи инсоният маълум аст, ки бар асари истилову истисмор, қавму халқият ва миллатҳои зиёд забони модарии худро гум карданд ва ё бар асари бардагӣ аз забони миллии худ маҳрум монданд. Аз ин лиҳоз,  ин ибтикори ЮНЕСКО, инчунин, баҳри ҳимояи ҳамаи забонҳо, бахусус забонҳои ақаллиятҳои миллие мебошад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба онҳо хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад. Мутахассисон бар он андешаанд, ки агар ҳоло ҷиҳати устуворӣ ва пойдории зиёда 7000 забони дар муоширатбудаи рӯи олам чораҳо андешида нашавад, пас то охири садсолаи равон қисме аз онҳо, махсусан забонҳои ақаллиятҳои миллӣ, маҳв мегарданд. Мувофиқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид алҳол ба зиёда аз 2,5 ҳазор   забони рӯи олам (аксар ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ) хатари нестшавӣ таҳдид дорад. 
Дар иртибот ба ин ва бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарии аҳолии кишварамон ва пойдору устувории онҳо, махсусан забонҳои ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Аз ҷумла, вобаста ба ин дар сархати дуюми моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Ҳамзамон, Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, № 647) дар баробари риояи меъёрҳои забони адабии давлатӣ, истифодаи озодонаи забонҳои ақаллиятҳои миллиро кафолат дода, нашри барномаҳо, дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ барои омӯзиши забонҳо, махсусан забонҳои хориҷиро дар заминаи забони давлатӣ муайян намудааст. Барнома таҳия ва нашри муҳовараҳо ба забони миллатҳо ва халқиятҳои сокини Тоҷикистон, аз ҷумла луғату муҳовараҳои дузабонаю сезабонаи тоҷикӣ-русӣ, тоҷикӣ-ӯзбекӣ, тоҷикӣ-қирғизӣ, тоҷикӣ-туркманӣ, тоҷикӣ-русӣ-англисӣ ва ба ин монандро ба нақша гирифтааст, ки пайваста амалӣ мешаванд. Ҳамчунин, баргузор намудани озмуну олимпиадаҳо бо мақсади муайян намудани беҳтарин донандаи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дар байни таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ аз тадбирҳои дигари муассири барнома мебошанд. 
Ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди соҳибзабон дар истифодаи озоди забони модарӣ дар соҳаи маорифи кишвар бармало эҳсос мешавад. Имрӯз дар  муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои сокини кишвар – тоҷикону ӯзбекҳо, русу қирғизҳо, қазоқу туркманҳо ва намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ба таълиму таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 3991 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ агар дар 3348  муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони давлатӣ (83,8%) ба роҳ монда шуда бошад, пас дар 514 (12,8%) муассиса таълим ба забонҳои омехтаи тоҷикӣ-ӯзбекӣ (268 муассисаи таҳсилоти миёнами умумӣ), тоҷикӣ-русӣ (185), тоҷикӣ-қирғизӣ (47), тоҷикӣ-туркманӣ (5) ва тоҷикӣ-англисӣ (14) сурат мегирад. Ба ҷуз ин, дар 150 муассисаи таълимӣ таҳсил танҳо ба забони ақаллиятҳои миллии маскуни кишвар: ба забони русӣ дар 59, ба забони ӯзбекӣ дар 79, ба забони қирғизӣ дар 2, ба забони туркманӣ дар 5 ва ба забони англисӣ дар 5 муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. 
Бисёрзабонӣ раванди мақсадноки ошноӣ ба забонҳои дигар миллату халқиятҳо, махсусан ба таъриху фарҳанг, урфу одат, расму ойин ва таъриху адабиёти онҳо мебошад, ки, хушбахтона, дар кишварамон ба ин масъала диққати махсус дода мешавад. Аз соли 2004 дар се давра мавриди амал қарор доштани Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014; 2015-2020 ва аз соли 2020 то соли 2030 нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба азхудкунии забонҳои байналмилалӣ мебошад.   
Таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ барои ҳар як фарди соҳибзабон аз бузургтарин ҷашну ифтихори миллии шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Забони модарии мо ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон, тули беш аз ҳазор сол нақши муттаҳидкунандаи миллат ва рамзи ҳувияти миллиро бозида, соҳибзабононро ба гузаштаи пурасрори таърих ва осори бою гаронбаҳои ниёгон пайванд менамояд. 
Муждаи фараҳбахше, ки чанде пеш расонаӣ шуд, ин дар асоси як таҳқиқоти илмии пойгоҳи иттилоотии Study international забони тоҷикии форсӣ бо таърихи беш аз ҳазорсолаи худ ба даҳгонаи забонҳои қадимтарини дунё ворид шудааст. 

Раҷабалӣ САНГОВ, 
Аълочии маорифи Тоҷикистон

Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив