ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОМИЛИ КАЛИДИИ ХУШБАХТИҲО. СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ

ОМИЛИ КАЛИДИИ ХУШБАХТИҲО. СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ

28 феврал 2024, Чоршанбе
15
0


9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон аз соҳибихтиёрии худ ба аҳли сайёра мужда расонд. Дар ҳамин ҳол, барои давлати навтаъсис санаде зарур буд, ки ташкилёбии худро дар сатҳи ҷаҳонӣ қонунан эълон намояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳамин масъалаи муҳим таҳияи қонуни асосии мамлакатро ба миён гузошта, комиссияи махсусро созмон доданд ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд.
Инак, моҳи ноябри соли ҷорӣ аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ 30 сол пур мешавад. Ба муносибати сиюмин солгарди қабули Конститутсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28-уми декабри соли 2023, чунин иброз доштанд:
«Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад».  
Воқеан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир ва авҷ гирифтани муборизаи тамаддунҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пеш аз ҳама ҷавонон, амри зарурист. Зеро тарбияи ҳуқуқӣ ва камолоти ҷавонон онҳоро аз доми ҳаргуна бозиҳои хатарнок ва гурӯҳҳои тахрибкор эмин нигоҳ медорад. Ин аст, ки ба омӯзишу парвариш фаро гирифтани насли оянда ва дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти маҳбуби кишвар қарор дорад. Вобаста ба ин масъала, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд: «Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд». Воқеан, имрӯз низоми маорифи кишвар қариб 3 миллион нафарро фаро гирифтааст. Мо, омӯзгорон, вазифадорем ба ҷавонон бигӯем, ки «ба гуфтори донандагон роҳ ҷӯй» ва дар асоси маънии ҳамин гуфтор онҳоро дар руҳияи садоқат ба Ватан, модар, Конститутсия, Президент, арзишу муқаддасоти  миллӣ тарбия намоем, дар ниҳоди ҷавонон ҳисси хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату халқ, ободии диёр, босабру таҳаммул, муттаҳидиву сарҷамъ буданро парварем. Ба онҳо мазмуну моҳияти муқаррароти Конститутсияро омӯзем. 
Ҷавонон бояд донанд ва ҳар лаҳза дарк созанд, ки муваффақиятҳои мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд ва комёбиҳои мо дар ҳама соҳаҳо, махсусан дар самти иҷтимоиёт, некуаҳволии халқ хеле зиёданд. Аввалин хизмати мондагори Сарвари давлат овардани сулҳ ба кишвари азияткашида аст, ки тавассути ин хизмати таърихӣ давлати миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфт. Ягонагии Тоҷикистон таъмин шуд. Дар сатҳи муосир шабакаи мукаммали давлатдории миллӣ барқарор гардид. Аз ин рӯ, номи Пешвои миллат дар таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гашт. Барои мардуми Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши мамлакат, барқарорсозандаи давлат, кафили сулҳу субот, эҳёгари фарҳангу маданияти миллӣ мебошанд, ки ин ҳама хизматҳои Сардори давлат аз тарафи кулли сарварони давлатҳо эътироф шудааст. Имрӯз Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо қадамҳои устувор ба пеш меравад ва мо Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ва 30-солагии қабули Конститутсияро бо туҳфаҳои арзанда истиқбол хоҳем гирифт. 

Раъногул ИМОМАЛИЕВА, 
омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи 
Мирзо Турсунзода,  
номзади илмҳои фалсафа

Санаи нашр: 27.02.2024 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив