ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

04 май 2024, Шанбе
23
0

 
БА МУНОСИБАТИ ИДИ ЗАФАР
ЛАЪНАТ БА ҶАНГ
Баъди набарди навбатӣ ҷанговарони шуравӣ дар майдони ҳарб ҷисми беҷони афсари немисеро пайдо карданд, ки дар даст мактубе бо чунин мазмун дошт:
«Ин ҷанг чи қадар тулонӣ шуд. Мардуми советӣ барои ҳар як ваҷаби Ватанашон ҷонсупорӣ мекунанд, то охирин қатраи хун, то вопасин нафасашон меҷанганд.  Агар тирашон тамом шавад, табару тешаву болғаву панҷшохаро ба даст мегиранд. Дасташон тир хӯрад, бо пояшон меҷанганд. Пояшон тир хӯраду афтанд ҳам, ақиб намегарданд. Ва фақат мардҳо не, занҳову пирону кӯдакон ҳам. Шуҷоату мардонагиро аз ҳаминҳо мебояд омӯхт.  Магар метавон бар чунин халқ ғолиб омад?!! 
Аз ҷанг сер шудам, сер!!! Мехоҳам зинда монаму ба хона баргардам. Лаънат ба ин ҷанг! Лаънат ба онҳое, ки онро барангехтанд!»… 

Таҳияи Гулсара АВАЗОВА, адиб


БУЛБУЛИ ҲИНДУСТОН
Бонуи саропо ҳунар Лата Мангешкар (1929-2022) аз маъруфтарин ва маҳбубтарин сарояндаи пасипардагии филмҳои Ҳиндустон ба шумор меравад, ки бо овози ширину дилрабояш дили миллионҳо мухлисонро дар ватанаш ва берун аз он тасхир кардааст.  
Тайи фаъолияти беш аз ҳафтодсолаи пурбаракати хеш бо зиёда аз 20 забони Ҳиндустон, асосан ба забонҳои маратҳи, банғолӣ ва ҳиндӣ, ки теъдодашон наздики 6,5 ҳазорро ташкил медиҳад, суруд хондааст. Мардуми кишвар ӯро бо муҳаббат ва ифтихор «Булбули Ҳиндустон» ва «Маликаи мусиқӣ» ном мебурданд.
Тавре гуфта мешавад, Лата Мангешкар барои хидматҳои арзандааш дар рушду нумӯи фарҳанги ҳиндӣ бо мукофотҳои зиёд, аз ҷумла Padma Bhushan, Padma Vibhushan, Dada Saheb Phalke Award ва олитарин мукофоти ғайриҳарбии мамлакат Bharat Ratna, сарфароз гардидааст. 
6-уми феврали соли 2022, вақте ки дили сарояндаи мумтоз аз тапиш бозмонд, Ҳукумати Ҳиндустон, ба хотири талафоти бузурги миллӣ, дар кишвар мотами  дурӯза эълом дошт.
 
Таҳияи Ш. ШОКИР


ПАНДҲОИ  ШОҲОНИ СПАРТА
Ҷавобаш дод:- Ҳарфат дорад оҳанг:
«Касе сар зад ҳазори гӯсфандон 
Ба панҷо гург ҷангидан нашояд,
Яке гург аз ҳазори ӯ қавиҷон?..»
                 АЗ ТАРҶУМОН
Ба сангинҷонии мардони Испарт,
Намедонам дили таърих чун бохт.
Вале ҳастӣ зи гургон гоҳ барра
Гаҳ аз барра ба майдон гургҳо сохт.

Ба дунё бингарӣ, баъди Сипарта,
Ба рӯи каффааш таърих бисёр,
Чи гумномони сангиндил баровард,
Бароварду бизад бозаш сари дор.

Пароканду фурӯпошиду бишкаст,
Ки ҷаҳли одамиро бишканад хурд.
Валекин, ҷаҳл ҳам пайдову пинҳон,
Ба куштан буду хӯрдан буду озурд.

Бишуд бо зиндагӣ дандон ба дандон,
Кушод афтод дасти зиндагонӣ;
Ба ҷоме ширу ҷоме хун гирифта
Бағалво буду рӯ бар ҷовидонӣ.

Гаҳе з-ин ҷову гоҳе ҳам аз он ҷо,
Ба боридан бишуд борони ҳикмат.
Валекин ҷаҳл сӯфимашрабонро, 
Ба сустӣ ном бурду хонд нафрат

Дар ин фикр аст агарчи низ имрӯз.
Пушаймонӣ набинӣ хӯи ӯро,
Ба сӯи поки ҳастӣ каш-кашон аст
Ниҳоди зиндагӣ ҳам чун Аҳуро…
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарх,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО



ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ...
* Ҳар як чашм зиёда аз 107 миллион ҳуҷайра дошта, ҳамаи онҳо равшаниро эҳсос менамоянд.
* Ҳангоми ба шахси дӯстдоштаатон нигаристан, гавҳараки чашмонатон 45 дарсад калон мешавад.
*  То дуҳафтаина шудан, аз чашмони кӯдак заррае ашк намебарояд.
* Кӯдаки навзод танҳо ашёҳои дар масофаи 38 сантиметр воқеъбударо дида метавонад. 


Таҳияи Кароматулло АТО



* Мутахассисон муайян кардаанд, ки наҳангҳо ва бегемотҳо “хеш”-анд, ки тақрибан 35 миллион сол пеш якҷоя зиндагӣ мекарданд. Бо мурури замон ин махлуқот роҳи ҷудогонаро пеш гирифтанд ва наҳангҳо ҳаёти худро дар уқёнус давом доданд.
* Аз ҳама садои баландро наҳанги кабуд дорост. Садои баланди ӯ 188 детсибелро ташкил медиҳад. Агар наҳангҳо дар рӯйи Замин зиндагӣ мекарданд, садои онҳоро метавонистем аз масофаи 1600 километр шунавем.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА



* То 50 000 бӯй дар хотираи инсон нақш мебандад.
* Кӯдакон ҳангоми таваллуд 300 ва  калонсолон 206 устухон доранд.
* Хуни ҳашарот зард ва аз харчангҳои баҳрӣ кабуд мебошад.
* Ҳайвонҳои хонагӣ 4000 сол қабл ром шудаанд.
* Вазни 3 дандони фил 10 килограммро ташкил медиҳад.
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ


60 СОАТ
Рекорди нави бозии шоҳмот
Чемпионҳои шоҳмоти Нигерия ва ИМА Тунде Онакоя ва Шон Мартинес 60 соат беист бозӣ карда, ҳамчун тулонитарин бозӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштанд. 
Ташкилотчии лоиҳа Онакоя буд. Якҷо бо ҳамтои амрикоии худ дар миёнаи майдони Таймс Сквери Ню-Йорк миз бо тахта ва таймер гузоштанд, ки издиҳоми одамонро ҷалб кард ва зиёда аз ду рӯз варзишгаронро дастгирӣ карданд.
Онакоя ин бозиро дар доираи маъракаи хайриявии “Chess in Slums Africa” баргузор кард ва мақсади ӯ ҷамъоварии 1 миллион доллари ИМА барои таълими кӯдакони фақири Африқо буд.

Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ТАРАКА 
  Яҳудӣ дар дами марг ҳамсарашро таъкид мекунад:
– Костюми хокистаррангамро ба Иза деҳ.
– Не, беҳтараш ба Яъқуб медиҳам.
– Дили ман ба Иза мекашад охир, чӣ хел намефаҳмӣ.
– Дили ман бошад, ба Яъқуб.
– Гӯш кун кампир, ман мурда истодаам ё ту? 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ



НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ПЕШНИҲОД
Дар толори суд:
– Бовар кунед, коррупсия мисли аждаҳои ҳафтсар аст. Агар ҳамаи сарҳояшро аз тан ҷудо кунем ҳам, филфавр сари дигар мебарорад. Барои ҳамин, ин ҷонвари носерро аз ҳар вақти дигар зиёдтар хӯрондан лозим, то фурӯ бурдагияшро ҳал накарда, кафида мурад.
– Раҳмат, рафиқ адвокат. Ҳамкасбони муҳтарам барои мубориза бо коррупсия боз кӣ чӣ пешниҳод дорад? 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ҚОБИЛИЯТИ ҒАЙРИОДИИ КРИДЛАНД 
Ҳунарманди амрикоӣ Тим Кридланд бо тахаллуси  Замора – шоҳи шиканҷа маъруф аст. Ӯ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ бо қобилияти эҳсос накардани дард рафиқонашро ба ҳайрат меовард. Ҳамон давра Тими хурдсол метавонист ба осонӣ сӯзанро зери пӯсташ кашад. Чунин истеъдодро, бешубҳа, бояд ба одамон нишон медод. 
Пас аз чанде, ӯ дар назди тамошобинон бо намоишҳои фавқулода баромад мекард. Ҳангоми онҳо оташу шамшерро фурӯ мебурд, болои мехҳо мехобид ва лахча ба дасти урён мегирифт. Ҳамин тавр, чизе ки дигаронро мубталои дарди ҷонкоҳ мегардонад, ба ӯ асаре намекунад. 
                           
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР



БОВАР НОКАРДАНИСТ АММО...
НИКОЛАС КЕЙҶ ДӮСТДОРИ ДИНОЗАВР?
Чун рӯз рӯшан аст, ки актёру коргардони маъруфи Амрико Николас Кейҷро бисёре аз ҳаводорони Ҳолливуд мешиносанд ва медонанд, ки ӯ ҷоизадори ҳам «Оскар» ва ҳам «Глобуси тиллоӣ»-ст. Вале ба гумони ғолиб кам касоне огоҳанд, ки Николас ҳамчун дӯстдори динозаврҳо низ маъруфият дорад. Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки ин ҳунарманди саршиноси олами синамо соли 2007 дар ауксиони "Галереяҳои Беверли Ҳиллз" косахонаи сари динозаврро бо арзиши 276 000 доллари ИМА харид. Аҷибаш ин аст, ки Николас, ба қавле, савдои ҳунарманди маъруфи дигар Леонардо ДиКаприоро «зада» ауксионро буридааст. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


АЗ «ГАВАС»  ТО «ФРАНС - ПРЕСС»
Нахустин оҷонсии иттилоотро соли 1835 шаҳрванди Фаронса Шарл Луи Гавас таъсис додааст.
Гавас дар замони Наполеон сарварии яке аз бонкҳои бонуфузи шаҳри Руинро ба уҳда дошт. Вале баъди сарнагун шудани Наполеон бонки ӯ низ рӯ ба таназзул ниҳод. Гавас маҷбур гардид, ки ба дигар соҳа рӯ орад. Ӯ, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ буд, корро аз тарҷумаи маводи матбуоти Аврупо оғоз намуд. Ҳамин тавр, Оҷонсии иттилоотии «Гавас» пайдо гардид. Дар аввал аз хизматрасонии ин оҷонсӣ рӯзномаҳои бонуфузи вақти Париж ба монанди «Пресс», «Секл», «Конститюсонел» ва «Журнал де Деба» истифода менамуданд.
Соли 1853 қариб дар ҳамаи рӯзномаҳои Аврупо гӯшаи махсуси оҷонсии телеграфӣ ҷой дода мешуданд, ки аз ҷониби Оҷонсии иттилоотии «Гавас» омода мегардид.
Соли 1944 дар асоси Агентии иттилоотии «Гавас» агентии «Франс - пресс» таъсис ёфт.
 Таҳияи Гулнисо САЪДОНШО


«ОППЕНҲЕЙМЕР»
Писандидатарин филми 2023

Филми коргардони маъруфи бритонӣ Кристофер Нолан «Оппенҳеймер» (Oppenheimer, Ҳолливуд, ИМА, Британияи Кабир) тибқи фарзияи машҳуртарин пойгоҳи интернетии олам – IMDb дар ҷаҳон писандидатарин филми соли 2023 дониста шуд. 
Дар мавқеи дувуму сеюм, мутаносибан, филмҳои «Барби» (Barbie, Ҳолливуд, ИМА, Британияи Кабир) ва «Муҳофизони Каҳкашон. Қисми 3» (Guardians of the Galaxy Vol. 3, Ҳолливуд, ИМА, Зеландияи Нав, Фаронса, Канада) қарор гирифтанд. 
Тавре ёдрас мегардад, филми «Оппенҳеймер», ки дар он оид ба аввалин офарандаи бомбаи атомӣ, физики амрикоӣ Роберт Оппенҳеймер ҳикоят мешавад, соли равон бо мукофоти зиёд, аз ҷумла ҳафт ҷоизаи «Оскар»  ва панҷ «Глобуси тиллоӣ», сарфароз гардид.

Таҳияи Ш. АБДУЛЛО


2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
ДОСТОНҲОИ НАВИ ОЛИМПӢ

Бо мурури вақт, дар Бозиҳои олимпии муосир достонҳои қаҳрамонӣ пайдо шудан гирифт. Баъд аз Бозиҳои олимпии Париж номи Алвина Кренслейни амрикоӣ дар таърихи Олимпиада ҷовидонӣ сабт гардид. Ӯ дар давидан бо монеаҳо дар масофаҳои 60, 110 ва 200 метр, ҳамчунин, ҷаҳиш ба дарозӣ ғолиб омад.
Варзишгарони шведӣ Оскар ва Алфред Сванҳо (падар ва писар) дар се Бозиҳои олимпӣ барои кишварашон дар намуди тирандозӣ 15 медал: 6 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ оварданд.
Шиновари машҳур Майкл Фелпс (ИМА) ягона дар таърихи варзиши ҷаҳон чемпиони 23-каратаи олимпӣ мебошад (13 маротиба дар сабқатҳои инфиродӣ, 10 маротиба дар эстафета). 
Усэйн Болд аз Ямайка бошад, 8-карата чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи дав ба масофаҳои кӯтоҳ аст.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ



ҲАФТ МУЪҶИЗАИ  ОЛАМ
МАЪБАДИ АРТЕМИДА
Маъбади Артемида дар Эфес (Туркия) яке аз бузургтарин муъҷизаҳои ҷаҳони қадим аст. Ин маъбади боҳашамат ба олиҳаи шикор ва ҳайвоноти ваҳшӣ – Артемида бахшида шуда, аз боҳашаматтарин биноҳои замони худ ба ҳисоб мерафт. Сутунҳои азими маъбад, ки бо нигораҳои зебо пӯшонда шудаанд, таассуроти бебаҳо мебахшанд. Маъбад аз мармар сохта шуда, бо муҷассамаҳо ва ороишоти гуногун зинат ёфтааст, ки сарват ва ҳашамати маданияти Юнони қадимро инъикос мекунад. 
Маъбади Артемида дар замонҳои қадим макони ибодат ва маркази ҳаёти фарҳангиву тиҷорат буд. Имрӯз маъбади Артемида дар Эфес яке аз ҷойҳои ҷолибтарини бостоншиносии Туркия боқӣ мемонад, ки бо фазои беназир ва аҳамияти таърихиаш таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ба худ ҷалб менамояд. 
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА



ЗЕБОТАРИН ВОЖАИ АНГЛИСӢ ЧИСТ?

Соли 2004  рӯзномаи Британияи Кабир The Independent («Мустақил») натиҷаи пурсишро оид ба зеботарин вожаи англисӣ, ки дар он 40 ҳазор нафар аз 102 давлати ҷаҳон ширкат доштанд, эълом намуд.  
Тавре рӯзнома иттилоъ додааст, бо аксари овозҳо зеботарин калимаи англисӣ  mother («модар») эътироф гардид. Ҳамчунин, зикр мешавад, ки вожаҳои passion («иштиёқ»), love («муҳаббат»), smile («табассум»), eternity («абадият») ба панҷгонаи беҳтарин дохил шуданд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


МУВАФФАҚИЯТ
ПОСУХИ ЧИНИҲО БА МУҲОФИЗОНИ ЭКОЛОГИЯ
Гретта Тумберг, фаъолдухтари шведӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, боре аз чиниҳо даъват кард, ки аз чӯбҳои анъанавии худ, ки бо онҳо хӯрок мехӯранд, даст кашанд ва, ба ин восита, дарахтонро аз буридан эмин доранд. Дар ҷавоб ба ин, чиниҳо ба Гретта гуфтанд, ки ӯ хатои маҳз мекунад, зеро чӯбҳои чинӣ аз бамбук сохта мешаванд, на аз дарахт. Бамбук бошад, алафест, ки дар Чин фаровон мерӯяд. Ҳамзамон, чиниҳо ба Гретта ва дӯстонаш тавсия доданд, ки онҳо аз истифодаи коғази ташноб даст кашанд, зеро коғази ташноб аз дарахт истеҳсол шуда, теъдоди онҳоро кам мегардонад. Ба фикри шумо, оё чиниҳо ба Гретта посухи сазовор доданд?

Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК



АСАРИ “БАРОИ АРӮСӢ БО ПИСАРИ АММААТ ОМОДА ШАВ”-РО БИХОН
Духтаре бо падараш китоб мефурӯхт. Ҳамин дам духтар дид, ки маъшуқаш ба сӯяш меояд. Чун ҷавонмард наздашон расид, гуфт:
– Ман барои харидани китоби “Куҷо бояд бубинамат”-и Томас Мюнис омадам.
– Он китобро надорам, аммо метавонам китоби “Зери дарахти себ”-и Патрис Алферро пешниҳод кунам.
– Хуб аст, аммо оё метавонӣ фардо китоби “Баъд аз панҷ дақиқа тамос мегирам”-и Жуан Бернарро биёрӣ?
– Бо камоли майл. Зимнан, китоби “Ҳаргиз танҳо намегузорамат”-и Мишел Данилро тавсия медиҳам.
Баъди рафтани ҷавонмард падари духтар, ки то ба ҳол хомӯш буд, гуфт: 
– Ин миқдор китоб зиёд аст, оё ҳамаашро мутолаа хоҳад кард?
– Бале падар, ӯ ҷавони боҳуш аст! – посух дод духтараш.
Падар гуфт: 
– Хуб аст, духтари дӯстдорам! Дар ин сурат беҳтар аст, китоби “Ман аҳмақ нестам”-и Франк Мартинезро ҳам бихонад. Ту бошӣ,  асари “Барои арӯсӣ бо писари аммаат омода шав”-и Морис Станкевичро бихон.

Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ



ОЁ МЕДОНЕД?
* Дарозии умумии рагҳои хунгарди бадани инсон 600 км аст.
* Пулро аз пахта тайёр менамоянд, на аз коғаз.
* Макадамия чормағзи қиматтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
* Дар таркиби бодинҷон қариб тамоми элементҳои ҷадвали Менделеев мавҷуд аст.
* Қаҳва пас аз сӯзишворӣ (бензин) фурӯхташавандатарин маҳсулот дар ҷаҳон аст. 
* Бӯи дорчин хотираро қавӣ месозад. 

Таҳияи Наргис АТОЕВА



БУЗУРГТАРИН ЗАМИНДОРИ ОЛАМ
Елизаветаи II, маликаи Британияи Кабир, ки соли 2022 дар 96-солагӣ оламро падруд гуфт, ҳангоми зинда буданаш, ҳокими 32 давлат ва сарвари иттиҳоди 54 давлати олам шинохта мешуд.
Бояд, гуфт, ки ба Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир  ва Ирландияи Шимолӣ беш аз 27 миллион километр замин тааллуқ дошта, аз шаш як ҳиссаи хушкии оламро ташкил медиҳад. Ин буд, ки Елизаветаи II бузургтарин заминдори олам эътироф мегардид. 
Воқеан, айни замон тамоми ин сарват ба писари ӯ Карл III, ки шоҳи  ин мамлакати азим мебошад, тааллуқ дорад. 
Таҳияи Гулнисо САЪДОНШО



«ЛАЪЛИИ ПАРОН» ДАР БАЛАНДКӮҲҲО
Фурудгоҳи минтақавии Ядин дар наздикии шаҳри Даочен (Ҷумҳурии Мардумии Чин) бо унвони «фурудгоҳи баландтарин»-и олам машҳур аст. Ин гуфтаҳо асоси воқеӣ доранд, зеро он дар баландии 4411 метр аз сатҳи баҳр доман густурдааст.
Фурудгоҳ соли 2013 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар як сол ба 280 ҳазор мусофир, ки қисми зиёдашон зоирон ва сайёҳон мебошанд, хизмат мерасонад.
Иншооти асосӣ ва диққатҷалбкунандаи он терминал мебошад, ки  масоҳаташ 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, шакли «лаълии парон»-ро дорад. 
Таҳияи Ш. ШОКИР



ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ИНДОНЕЗИЯ
Кӯли Кавах-Иджен
Дар шарқи ҷазираи Яваи Индонезия боз як обанбори шӯр – кӯли вулқони Кавах-Иджен мавҷуд мебошад, ки аз кислотаи хлорид пур шудааст. Он аз чуқурии қариб 200 метр фаввора зада мебарояд. Ҳарорати об дар кӯл 60 дараҷаро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, ҷаҳонгардон огоҳ мешаванд, ки ба он даст нарасонанд. 
Кавах-Иджен байни сайёҳон шуҳрати зиёд дорад. Махсусан, барои сайёҳоне, ки ба шарора нигоҳ карданро дӯст медоранд, ин макон хело ҷолиб аст. Аммо дар ин ҷо муддати дароз ва бе ниқоби зидди газ сайр намудан, ба саломатӣ зарар дорад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ

Санаи нашр: 03.05.2024 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив