ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ДАСТИ ДУОИ МОДАР». АЗ МАРОСИМИ ИДОНАИ ТАҶЛИЛИ  РӮЗИ МОДАР ДАР ПОЙТАХТ

«ДАСТИ ДУОИ МОДАР». АЗ МАРОСИМИ ИДОНАИ ТАҶЛИЛИ  РӮЗИ МОДАР ДАР ПОЙТАХТ

12 март 2024, Сешанбе
30
0

 
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар дар тарабхонаи «Дидор»-и пойтахт зери унвони «Дасти дуои Модар» маросими идона баргузор намуд. Дар он занону бонувони ҷумҳурӣ аз тамоми ташкилоту идораҳои давлатию ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Нахуст, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ занону модаронро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфта, беҳтарин таманниётро изҳор намуданд:
– Шумо – занону модарон, гули сари сабади ҷомеа, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат фаъолу созанда ҳастед. Ҳар яки шумо – бонувони гиромӣ, барои мо шогирдон мактаби бузурги омӯзиш ҳастед ва мо дар пайравӣ аз мактаби одамияти шумо таҳти роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватани азизамон хидмати содиқона менамоем. Имрӯз шумо – занону модарон, бо донишу заковати воло масъулияти баланди ватандорӣ, ҳисси худшиносии миллӣ дар ободии ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳо заҳмати зиёд мекашед. Агар гӯем, ки оғози соли барору комёбиҳо ба ҳамин ҷашн – ҷашни рисолату садоқат, шуҷоату ҷасорати занон вобаста мебошад, хато намекунем. Аз ин рӯ, арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар яки мост.
Таърихи башар исбот менамояд, ки ҷомеа ба нақши созандаи зан ҳамеша ниёз дорад. 
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар навбати худ, изҳор дошт, ки бузургдошти Рӯзи Модар, ки 15 сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида буд, ба кулли модарону занони тоҷик руҳу илҳоми тоза бахшида, фаъолияти онҳоро дар ҳама соҳаҳои афзалиятноки кишвар устувор намуд. Имрӯз бонуи тоҷик аниқ медонад, дар ҳар куҷое, ки набошад, дар ҳифзи манфиатҳои қонунии хеш аз пуштибонии давлат ва Ҳукумат бархӯрдор аст. Занону бонувони тоҷик аз азал  ақлу заковат, дониши фасеҳ ва маърифати баланд доштанд. Маҳз ҳамин хиради воло ва тарбияи дурусти оилавӣ мебошад, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бонувон чун неруи пешбаранда сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва рушди хоҷагии халқи кишвар саҳми калон мегузоранд. Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстию масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо на фақат дар Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша нисбат ба модарону занон ва духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Дар рафти маросими идона, ҳамчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева ва дигарон баромад намуда, аз бузургии зан – модар гуфтанд.
Маросими идона бо намоиши зебои фарҳангӣ анҷом ёфт ва занону бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив