ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАДАХШОН. НАХУСТИН ОМӮЗГОРЗАН КӢ БУД?

БАДАХШОН. НАХУСТИН ОМӮЗГОРЗАН КӢ БУД?

12 март 2024, Сешанбе
12
0


Ташкили мактабҳои нав  дар Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон ҳам чун дигар минтақаҳои  Тоҷикистон асосан  ба ғалабаи  Инқилоби  Октябр ва ташкили Ҳукумати Шуравӣ рабт дорад. Одамони босавод дар ин диёри дурдасти кишвар кам дучор меомаданд. Тавре  Павел Лукнитский дар китобаш “Тоҷикистон” (Нашриёти давлатии Тоҷикистон, соли 1957) менависад, “дар соли 1923 дар Помир ҳамагӣ сӣ нафар нимкора саводнок буд”. 
Бо вуҷуди ин, кушода шудани мактабҳои нав, савод омӯхтани фарзандони мардум тадриҷан ин таассубу хурофотро аз зеҳни мардум дур меандохт. Дар аввалин мактабҳои типи нави вилоят,  асосан, мардон, мисли Охон Сулаймон Қурбонмуҳаммадзода, Охон Шоҳфутур Муҳаббатшозода ва Охон Абдулалишо ба тадрис машғул буданд.  Аз байни занону духтарон он солҳо касе набуд, ки ба пешаи омӯзгорӣ машғул гардад. Дар он давраҳо ин корро барои занону духтарон айб медонистанд.  
Соли 1926 дар Хоруғ нахустин мактаби духтарона таъсис  ёфта бошад ҳам, дар ин мактаб ҳам муаллимон, асосан, мардони куҳансол  дарс медоданд. Бо вуҷуди ин,   дар ин таълимгоҳ 38 нафар духтар ба омӯзиш фаро гирифта шуд. Нахустомӯзгорзани Бадахшони  Тоҷикистон - Мараҳматнисо ва хоҳараш  Оимсултон аз ҷумлаи ин пешоҳангон  буданд.  Барои онҳо, ки дар пеши  падарашон - Маҳмадамир савод омӯхта буданд, хондан дар мактаби духтарона  ягон душворӣ  надошт. Пас аз чанде саводнокии  Мараҳматнисоро санҷида, ӯро дар ҳамин мактаб аввал омӯзгори қаторӣ ва баъдан мудири мактаб таъин мекунанд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 19 сол дошт. Вале бо вуҷуди ин,  барои ҷалби духтарон ба хондан саъю талоши бисёр мекард, на аз мулло меҳаросиду на аз ашхоси ҷоҳил. Бо тарғибу ҳидояти нахустин омӯзгорзан на танҳо духтарон, балки занон низ дар ин мактаб  савод мебароварданд. Бисёр шогирдони  мактаби нахустини занонаи вилоят баъди хатми он ба ноҳияҳо рафта, чун омӯзгор дар маҳви бесаводии ҳамдиёронашон саҳми босазо мегузоштанд. Масалан, хоҳараш Оимсултон, ки аз апааш ҳамагӣ 4 сол хурдтар буд, баъди хатми мактаби духтарона  ва Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ  тамоми умрашро ба касби омӯзгорӣ бахшид.
Аз соли 1931 Мараҳматнисо ба корҳои ҳизбӣ-давлатӣ гузашт. Қобилияту лаёқату кордониашро ба назар гирифта,  ӯро  мудири сектори занони кумитаи ҳизбии вилоят таъин мекунанд. Ӯ дар ҳамин вазифа ҳам мардонавор кор кард. Вале бар асари ҳодисаҳои соли 1937 падараш Маҳмадамир ва амакаш Сайфулло Абдуллоев - аввалин раиси вилоят, шавҳараш Маҳрамбек Хушқадамов ба ҳабс гирифта мешаванд. Бисёре аз хешовандонаш, аз ҷумла хоҳараш Оимсултонро низ  чун наздикони “душманони халқ”  ба шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бадарға мекунанд. Мараҳматнисоро дар ин гирдбоди ваҳими таърихӣ  аз вазифа барканору аз сафи ҳизб хориҷ мекунанд. Аммо Мараҳматнисо руҳафтода нашуда, барои таълиму тарбияи фарзандони  мардум минбаъд ҳам талошу кӯшиши зиёде менамояд. Ӯ аз соли 1937 дар  Хонаи кӯдакони шаҳри Хоруғ дар вазифаи мудири қисми илмӣ ва мураббия фаъолият доштааст ва соли 1957 аз ҳамин ҷо ба нафақа мебарояд. 
Духтаронаш Аслинисо ва Савринисо ҳам касби модарашонро идома бахшиданд. Аслинисо маълумоти олӣ гирифта, дар мактабҳои шаҳри Хоруғ фаъолият намудааст. Ӯ  ба унвонҳои Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон ва Аълочии маорифи СССР сарфароз  мегардад. Савринисо бошад, баъди  хатми бомуваффақияти  Институти педагогии шаҳри  Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) чанд муддат дар мактабҳои шаҳри Хоруғ ва баъдан дар ноҳияи Мурғоб дарс гуфта, сонӣ бо оилаашон ба шаҳри Ваҳдат мекӯчанд ва аз мактаби рақами 3-и шаҳр ба нафақа мебарояд. Ӯ аз пушти касби дӯстдоштааш  ба унвони Муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон шарафёб мешавад. 

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив